ХАБАРИ ДОҒ

Чаро САҲШ доимо хато мекунад?

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018


Санаи 21.08.2017 соҳиби набераи нав (духтарча) шудам, ки онро волидайнаш Назифа (покиза, тоза, нозук) ном гузоштанд. Бо падараш (писарам Хуршед Ализода) ба идораи САҲШ рафта гуфтем, ки ному насабашро «Ализода Назифа Хуршед» мегузорем. Бобоева-корманди ин ниҳод рад карда, гуфт: «Хуршедзода Назифа Хуршед мегузорем, ҳоло ҳамин тавр шудааст». Бо эътироз гуфтам, ки ин нодуруст аст. Ӯ нусхаи аризаи тайёри чопиро дода, бо ному насаби боло аз мо ҳуҷҷатҳоро гирифта, таъкид кард, ки баъди 1 ҳафта зодномаашро омада мегиред! Рафтам, ки тайёр нест. Гуфт, ки худи падараш ояд… Хуллас, тавре мехостем, нашуд!
Баъди 10 рӯз (1.09.2017) тағобачаам Ҳомид Мирбобоев наберадор шуд. Писараш Темур зодномаи духтарчаашро бо чунин ному насаб: «Ҳомид Сафияи Темурҷонзода» гирифта овард. Ҳайрон шудам! Чаро ба ӯ чунин ному насаб бо номи (бобою кӯдаку падар) мумкин будаасту ба набераи ман (номи писарам 2 маротиба омадааст) мумкин нест? Магар чунин номгузорӣ дуруст аст? Яъне, чаро ному насаби набераам «Ализода Назифаи Хуршед» намешудааст?!
Ҳама ному насаби келинҳоямро ба номи худам (Ализода) гузаронидаам. Пештар келини хурдиам Ҳотамова (бобояш) Дурдона (худаш) Турсуновна (падараш) номгузорӣ шуда буд. Банда шиносномаи ӯро баъди ақди никоҳ «Ализода Дурдона (и) Турсун» гузоштанӣ будам. Аммо кормандони ЗАГС ҳуҷҷати ақди никоҳро «Ализода Дурдона Турсуновна» навиштанд. Ба ин ҳам эътироз кардам, ки «Турсуновна» боз русию номи миллӣ нест! (бандаки «овна» дорад). Суханамро напазируфтанд. Оё чунин ному насаб меъёри забони давлатист?

Алӣ Бароти Истаравшанӣ,
сокини кӯчаи М. Турсунзода, 75.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter