ХАБАРИ ДОҒ

Дахолати Рамазон бар зиндагонии шумо табаррук бод!

  • Сешанбе, Май 30 2017


Ҳикмати Рамазон
Аз ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегӯям. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад.

Ботини рӯза инсонро ба дидори Ҳақ мекашонад, ки Худои субҳон фармудааст: Ассавмули ва ана аҷзубиҳи. «Рӯза барои ман гирифта мешавад ва савобашро худам медиҳам». Ин ибора фақат барои рӯза ворид шуда, дар бораи дигар ибодатҳо ворид нашудааст. Ҳишом ибни Ҳаким аз Имом Ҷаъфари Содиқ раҳматуллоҳи алайҳ пурсид:
-Чаро рӯза гирифтан ба мардум фарз гардид?
Имоми мусулмонон фармуданд:
-Барои он ки бойю камбағал дар рӯза гирифтан яксонанд. Ва ҳар 2 аз хӯрдану ошомидан худдорӣ меварзанд. Зеро ашхоси сарватманд дар ғайри рӯза ҳамеша серанд ва ҳич гоҳ ранҷи гуруснагиро таҳаммул намекашанд. Онҳо маҳз ба воситаи рӯза гирифтан гуруснагӣ мекашанд ва аз ранҷи мардуми нодор огоҳ мешаванд. Худои муттаъол ба воситаи рӯза доштан, мехоҳад, ки байни ҳамаи мардум мусовот, баробариро барқарор кунад, ки ҳама аз дарди гуруснагию ташнагӣ бохабар бишаванд.
Рӯза барои ин нест, ки инсон гуруснаю ташна бишавад, вагарна дар рӯи замин гуруснагону ташнагон зиёданд. Гурусна аз сабаби надоштани ғизо чизе намехӯрад, аммо рӯзадор ғизо дорад, вале ба хотири тарс аз Худои муттаъол Рӯза медорад. Пас Рӯза инсонро ба тақводорӣ водор месозад. Инсон ба воситаи Рӯза гирифтан ташнагию гуруснагии рӯзи қиёматро ба ёд меорад. Ин нишон медиҳад, ки Рӯза гирифтан ҳам манфиати дунявӣ дорад ва ҳам ухравӣ.

Рӯза сипари дӯзах аст!
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуданд:
- Ассавму ҷуннатун минан норӣ. Рӯза сипарест дар муқобили оташи дӯзах.
Яъне рӯза аз оташи шаҳвати дунё ва оташи ҷаҳаннам дар охират чун сипар мешавад. Рӯза барои он саҳнаи қиёмат аст, ки дар ин моҳ ба масокин ва фақирон садақа медиҳанд. Яъне дар моҳи шарифи Рамазон раҳму шафқат ва ҳисси бахшоиш боло меравад. Садақаи рӯза бояд ба дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ ҳамроҳ бошад. Аммо таҳқир ва миннат кардан савоби садақаро ботил месозад.
Дар моҳи Рамазон бузургонро эҳтиром ва ба хӯрдан тараҳҳум бояд кард. Хосатан, устод ва муаллимро икром намудан лозим аст, зеро бузургӣ танҳо марбути синну сол нест, балки касе аз мо аз нигоҳи мақоми маънавӣ бузургтар бошад, ӯро бояд гиромӣ бидорем.
Рӯзе аз Аббос, амаки пайғамбар пурсиданд:
-Шумо бузургтаред ё Расулаллоҳ?
Ҳазрати Аббос разияллоҳу анҳу гуфт:
-Ӯ бузургтар, вале синни ман бештар аст.
Ана инро адаби гуфтор мегӯянд, ки барои ҳар кадоми мо бояд дарси ибрат бошад.

Аз тири шайтон эман бош!
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани забон аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: -Барои ин ки инсон нигоҳдорандаи даҳон бошаду ҳар хел ҳарфро назанад, маърифати Худо лозим аст. Касе, ки Худоро бишносад ва Ӯро бузург бишморад, дар пеши Худои азим ҳар хел суханро намегӯяд ва шикамашро ҳам ба ғизои ҳаром пур намекунад.
Ҳикмати дигари рӯза нигоҳ доштани чашм аст. Гоҳо инсон мубталост, ки номаҳрамеро бингарад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд:
-Нигоҳ ба номаҳрам тире аз тирҳои шайтон аст. Аз ин рӯ, дар моҳи мубораки Рамазон ба чизе, ки аз он бӯйи ҳалол нест, худро канор бояд гирифт.
Дар рӯза гирифтан инсон бояд одоби муомиларо риоя кунад. Ислом мефармояд, ки ҳар яки мо нисбат ба дигар ашхос боадаб бошем, хоҳ мусулмон аст, хоҳ на. Зеро нигоҳ доштани адаб 1 ҷузъи исломии мост. Ва дар тарзи нишастану бархостан, гуфтан, муомила кардан ва амсоли инҳо мусалмон бояд адабро риоя намояд, бовиқору вазнин бошад, зеро ҳусни адаб аз имон аст. Худовандо, моро аз моҳи ҳикматҳои Рӯза ва фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон баҳравар гардонида, аз бадии шайтон нигоҳ бидор! Омин, ё Раббалмоламин…

Тартибу қавоиди Рӯза
Тартиби рӯза гирифтан ва қоидаҳои онро ба хонандагони гиромӣ баён медорам. Рӯзаро аз субҳи содиқ, аз они саҳар то ғуруби офтоб, яъне шом ният карда, аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ кардан, кас бояд худро нигоҳ бидорад.
Дар рӯза 3 фарз аст:
1. Ният кардан фарз аст. Аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе нахӯрдан ва нанӯшидан, тарки ҷимоъ кардан аз субҳ то шом.
Худои бузург ҳар як аҳкоми шариати худро чунон танзим сохта, ки ба бандагони ӯ зиён намерасонад. Чунончи Худованди таъоло фармуданд: Ва ман кона маризан авфи сафарин ваидатун уха….. Ин ояи 185-уми сураи мубораки Бақара аст. Яъне, касе, ки бемор ё дар роҳи мусофират асту мариз аст, рӯза надорад, Худованд барои шумо хоҳони сувулат ва осонӣ буда, хоҳони душворӣ нест. Худованд барои бандагонаш хоҳони осонист ва душвориро намехоҳад. Аз ин рӯ иддаеро, ки дар ин моҳи муборак рӯза доштан барояшон душвор аст, Худованд онҳоро мувақатан озод кардааст.
Шогирдам Саидалии Саид ин ояи каримаро хеле хуб бо тарҷума ба назм даровардаанд:
Вале оне, ки бемор асту маҳҷур,
Мусофир аст ӯ андар раҳи дур.
Ва ё марди ҳақиру нотавон аст,
Зане дар сина шир, ё дуҷон аст.
Ҳуқуқ аз амри Ҳақ доранд эшон,
Дар ин моҳи шариф аз обу аз дон.
Бинӯшанду биошоманд, аммо
Ба ҳар рӯзе, ки рафт аз ин муаммо
Қазо доранд, ё бар марди носер,
Диҳанд аз нуқли худ нокарда бас дер.
Агар занони ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта, хавф баранд, ки рӯзадорӣ ба саломатии худу тифлашон зиён меоварад, метавонанд, Рӯзаро шикананд ва танҳо пас аз таваллуд ё хатми ширхорагии кӯдак рӯза бигиранд. Вале агар мусофир барои гирифтани рӯза ягон душворӣ ё вазниние набинад, рӯза доштанаш беҳтар аст. Ҳар гоҳ бемор сиҳҳат ёфт, ё мусофир муқим гардид, ба андозаи рӯзҳои беморияш аз мусофир ба қазо доштан лозим меояд. Ҳамчунин занҳои дар Рамазон ҳоиза (ҳайздида) ва нифосдида метавонанд ба адади рӯзҳои беморияшон рӯза нагиранд. Баъди сиҳҳатшавӣ рӯза гирифтан барояшон лозим меояд.



Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода,
махсус барои хонандагони СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter