ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа ва таъсири ӯ ба адабиёти клоссикӣ

  • Чоршанбе, Июн 07 2023

Дар осори қадимии Аҷам “Авесто” адлу инсоф бо мафҳумҳои “росткорӣ» ифода шудаанд ва доду додгустарӣ ҳамчун бо сифати неки инсон ва подшоҳӣ тавсиф шудааст. Адлу инсоф ба ҷуз маънои иҷтимоӣ доштан инчунин ба рафтору кирдори ҳар фард пайваст аст. Абӯҳанифа ин мафҳумро дар мавридҳои гуногун истифода кардааст. Аз ҷумла дар фурӯши коло. Азбаски адолат ба маънии баробарвазнии 2 палаи тарозу ҳам ҳаст, дар сураи Ал-Мутаффифин ба онҳое, ки тарозуро барои фоидаи худашон мувофиқ карда, мефӯрӯшанд, нигаронида шудааст.

 

Ояти аввали ин сура таъкид мекунад, ки “табоҳ аст ҳоли он мардуме, ки аз тарозуву паймона кам мекунанд”.

Риояи инсоф ин ҷо дар нисбати фӯрӯшандагон таъкид шуда бошад ҳам, он ба ҳамаи онҳое, ки даст ба ҳаннотӣ ва фиреб мезананд, тааллуқ дорад. Онҳое, ки имрӯз дар бозорҳо ба фиребу найранг машғуланд, гаронфурӯшӣ мекунанд, бояд донанд, ки Абӯҳанифа онҳоро бим кардааст.

   

Абуҳанифа зидди қиматфурӯшони бозор

 Имоми Аъзам бар зидди гаронфурӯшӣ на танҳо аз нигоҳи таълимоти фиқҳии худ мубориза бурдааст, балки дар фатвоҳояш низ онро маҳкум кардааст, балки бо рафтори шахсиаш нишон додааст, ки гаронфурӯшӣ рафтори бад буда, хоси шахси соҳибахлоқ нест.

Аз ҷумла Абӯҳанифа, ки худ тоҷир буд, ҳар колоро мувофиқи арзишаш нархгузорӣ мекард. Боре маводи ба фурӯш гузоштаи ӯ айбе дошт ва ба ходимаш таъкид кард, ки ҳангоми фурӯш ин айбро ба харидор гӯяд. Аммо ҳангоми фурӯхтан ходимаш ин таъкиди Абӯҳанифаро фаромӯш кард ва бидуни зикри ин айб қиматтар онро фурӯхт. Имоми Аъзам, вақте аз ин ҳодиса хабардор шуд, дастур дод, ки харидорро ёфта, бақияи пулашро ба ӯ баргардонанд. Аммо он вақт харидор аз Кӯфа ба сӯи Мадина сафар карда буд, Абӯҳанифа аз қафои ӯ аз Кӯфа ба Мадина рафт, то маблағи зиёдатиашро баргардонид.

 

3 пояи 1 ахлоқ

Абӯҳанифа дар таълимоти ахлоқии худ ба ҷуз адлу инсоф ба 3 рукни дигари илми ахлоқ, ки минбаъд дар китобҳои илми ахлоқ тафсири худро пайдо кардаанд, эътибор додааст.

    Таъсири таълимоти ахлоқии Абӯҳанифа на танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафӣ зиёд аст, балки таъсири онро ба дигар мазҳабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби Имом Шофеӣ мушоҳида мекунем. Абӯҳанифа аз фарҳангу осори гузаштагони аҷамии худ огоҳ буда, онҳоро дар таълимоти ахлоқии худ истифода бурдааст. Ба ҷуз осори ахлоқии Аҷам Абӯҳанифа шояд бо ахлоқи Афлотун ва Арасту, ҳар чанд дар ҷое аз ин ном набурдааст, ошноӣ доштааст, зеро дар хилофат ин осор хеле паҳн шуда буд.

 Ибни Надим дар “Феҳрист” -и худ бештар аз чиҳил асари ахлоқиро ном бурдааст, ки дар онҳо таъсири таълимоти ахлоқии Афлотуну Арасту мушоҳида шудааст.

 Аллакай то асри XI дар зери таъсири фиқҳи исломӣ ва тарҷумаи осори ахлоқии аҳди бостон мавзӯъҳои ахлоқ тақсимбандӣ шудаанд. Аз ҷумла дар “Ахлоқи Носирӣ” -и Насриддин Тӯсӣ илми ахлоқ ба 3 қисм тақсим мешавад.

 -Масъалаи аввал, ахлоқи пок доштан ва тарбияи ахлоқ аст.

           -Масъаалаи дуввум – одоби оиладорӣ, покии муносибатҳои оилавӣ дар партави таълимоти ахлоқии Абӯханифа, ки дар исботи ахлоқӣ ба унвони илми тадбири манозил ном бурда мешавад.

            -Масъалаи сеюми илми ахлоқ, ахлоқу одоби ҳокимон ва мулкдорон, сарварҳои давлат, яъне одоби давлатдорӣ ва сарварӣ аст.

                         Ахлоқ дар зиндагии шахсии инсон, оила ва ҷомеаю давлат мавзӯъҳои таълимотии Абӯҳанифаро ташкил додааст, ки ба нафси инсон, ихтиёрдории ӯ алоқаманд буда, дараҷаи баланди хислатҳои инсон нафси нотиқаро баён доштааст, ки ба фазилати инсон, бартариҳои ӯ аз дигар мавҷудоти олам бармехезад, гарчи ба қазову қадар банд бошад ҳам.  Абӯҳанифа имкони тарбияти ахлоқӣ, камоли ахлоқии инсониро таъкид сохтааст. Ҳусну қубҳи одоби инсонӣ ба кӯшишу фаъолияти ӯ пайвастагӣ дорад.

 

Беҳтарин одоби давлатдорӣ-раъиятпайравӣ

Расидан ба саодат мақсаду мароми фаъолияти ахлоқӣ аст. Дарёфти саодат минбаъд дар осори бузургони илму адаби халқи тоҷик яке аз масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ба шумор мерафт.

           Чандин китобҳо дар ин мавзӯъ ба вуҷуд омаданд, ки  “Китоб-ут-танбеҳ ало сабили-с-саодат” -и Форобӣ ва «Танбеҳот ва ишорат»-и Ибни Синоро метавон ном бурд. Адабиёти классикии тоҷику форс аз асри IX шурӯъ карда, то имрӯз ба баёни масоили ахлоқӣ пардохтааст. Ҳоҷат ба баён нест, ки асарҳои бузурги ахлоқӣ мисли қасидаҳои устод Рӯдакӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон” -и Саъдӣ,  «Хирадномаи Искандарӣ»-и Низомии Ганҷавӣ, қасидаҳои Ҷомӣ, “Наводир-ул-вақоеъ” -и Аҳмади Дониш дар ин мавзӯъ эҷод шудаанд ва саромади ин равишро Абӯҳанифа дар таълимоти ахлоқии худ баён доштааст.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter