ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 11 2019

Хабарнигори мардумии СССР, Шокир Наимов аз н.Рашт дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, кулли ҳаводорони СССРро бо Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон сидқан таҳният мегӯям. Баъдан, солҳои донишҷӯӣ (1998-2003), вақти таътил ба ш.Душанбе-пойтахти Тоҷикистон рафтану вақти сар шудани дарсҳо маро азоби роҳ азият медод. Бовар мекунед, расо соати 7-8-и субҳ ба роҳ мебаромадему соатҳои 13-и пешин ба Душанбе мерасидем. Бояд шукронаи ин давлати тинҷу ором кунем. Шукри Истиқлолият, ки айни ҳол ҳама мушкилоти 20 соли пеш паси сар шудаанд. Дина саҳар, соати 8:30 аз н.Рашт (Ғарм) баромадаму ба н.Данғара соати 1:20 расидам ва соати 3:30 боз ба Душанбе баргаштам. Ва ҳамаи ин дар муддати 1 рӯз тай шуд. Қаблан санҷида будам, ки ҳамин қадар масофаро камаш дар 2-3 рӯз тай мекардед, яъне аз Рашт ба н.Данғара рафта, боз гашта Душанбе биоӣ ва ба Рашт бигардӣ. Дигар ин ки аз Рашт то Душанбе ва Данғара диққат додам, ҳама бинову роҳҳо бо тарзи замонавӣ бунёд шуда истодаанд. Дар роҳ сайёҳони зиёдро вохӯрдам. Итминони комил дорам, ки ин аз оромӣ ва фаровонии хони мост. Ҳар нафаре агар ин ҳамаро бо чашм дидаву худро ба кӯрӣ мезанад, мурданаш беҳтар!!! Воқеан ҷиянам аз Ғарм ба Донишгоҳи Данғара шомил шуд ва сабаби рафтанам ҳамин буд. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Сен 04 2019

Назари Наврӯз, муаллими собиқадор аз ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмони СССР гуфт, ки моҳе пештар имтиҳон аз тамоми фанҳо дар ҳама мактабҳои олӣ тариқи тестӣ хатм шуд. Гуфтаниям, ки ин усули имтиҳони довталабон мисли қимор-имтиҳон дар ГАИ аст, ки дар даврони шӯравӣ месупурдем ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ (права) мешудем. Қимор чист? Таваккал гуфтанӣ гап! «Таваккал-бахти кал» мегуфтанд бобоҳои мо. Яъне системаи тестӣ донишҷӯро тамбал ва бесавод мекунад. Тест ин 1 чизи тайёр аст, ки савол дораду ҷавоб не. Донишҷӯ дар 2-3 соат ҷавоби саволҳоро аз ҳар куҷо ба осонӣ меёбад. Дилхоҳ кори осон одамро тамбал мекунад. Донишҷӯ бояд заҳмат кашад, баъд ба қадри хондан мерасад. Студенте, ки дар бораи фанни дарсӣ тасаввурот надорад, дар имтиҳон ширкат карда, бо сари баланд баҳо мегирад. Ин аст натиҷаи системаи тестӣ. Лек ин усули имтиҳонгирӣ ба донишҷӯёни бесавод писанд аст. Ин навъи имтиҳонсупорӣ аз Ғарб ба мо омадааст. Гап дар ин ҷост, ки дар Ғарб ҳама мехонад, дар мо бошад баракс. Воқеан, дилхоҳ донишҷӯи тоҷики аз имтиҳони тестӣ гузаштаро дар бораи саволҳои дирӯзааш пурсед, қариб ягон чӣ намедонад!!! Ман дар ин бора, ба тафсил дар СССР менависам!

 

Чоршанбе, Авг 28 2019

Экспедитори собиқадор Амиршо Устодович Амиршоев, аз деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим дар меҳмонии СССР гуфт, аввалан, дуруду паёми кулли мардуми Ишкошимро ба шумо-қаламкашони гиромии СССР мерасонам. Баъдан, ман 1 чӣ пурсиданиям: Ба фикрам, моҳи апрели ҳамин соли равон буд, ки дар Федератсияи Россия қонун дар бораи афви муҳоҷирон-муздурони хориҷӣ баромад. Ин хабарро шунида будам, лек дақиқ намедонам, ки чунин қонун ба тасвиб расид, ё на? Ман 16 соли расо дар шаҳру вилоятҳои Россия муҳоҷир будам. Шояд 1 сол пас боз Россия биравам. Ана акнун, ҷавонмардоне, ки ҳамроҳи ман дар Россия буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд, аз ман дар суҳбати телефонӣ даҳҳо бор пурсида, хоҳиш карданд, ки ба ин суол ягон марди огоҳ дар газетаи СССР посух нависад ва мо гирифта бихонем. 1 чиро бояд хотиррасон намоям, ки газетаи СССР дар ҳама ҷо мухлиси зиёд дорад. Ҳатто баъзе аз шумораи нашрияро тариқи фармоиш Россия мебаранд. Ин худ исботи он аст, ки СССР бо мардум аст ва дарду пешниҳоду саволҳои мардумро нашр мекунад. Ман аминам, ки обрӯву эътибор ва бовариро СССР то охир ҳифз мекунад ва дар хизмати ҷамъият мемонад.

 

Чоршанбе, Авг 21 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Мирзо Ниёзов аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҷои афсӯс аст, имрӯз Тоҷики тоҷдори мо дар хона ҳама чиз дорад, ба ҷуз китобу журналу газета. Барои харҷи худоӣ ва тӯйи бемаънӣ ҳазорон сомонӣ маблағ меёбем, вале барои хариди асарҳои барҷастаи Рӯдакию Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода… 10-20  сомонӣ сарф намекунем, ки фарзанд аз кӯчагардию корҳои беҳуда дида, 2 саҳифа китоб хонад, ақлу тамиз ёд гирад, то дар зиндагии оянда ба кор ояд. Касе, ки «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Писари Ватан»-и М.Турсунзода, «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ, «Модар»-и М.Горкийро мутолиа карда бошад, баръало мушоҳида мекунад, ки саргузашти муаллиф барои ҳама омӯзанда аст. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа на он қадар назаррас аст. Муаллим дарсу мактабро партофа, тиҷорат мекунад, дар Русия муҳоҷир аст. Ин ҳама аз камии маош аст. Сару либосе, ки донишҷӯ ё хонанда дорад, муаллим онро дастрас карда наметавонад. Дипломдорони ҷавон вақте бо роҳхати Вазорати маориф аз донишгоҳҳо ба кор меоянд, ҳатто ариза, гувоҳнома ва хислатномаро навишта наметавонанд. Агар нависанд ҳам бо хатои зиёд…

 

Чоршанбе, Авг 14 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҳомид Расулов (бо тахаллуси Афғон, тел: 92 729 32 90) аз ноҳияи Мастчоҳ дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст салому паёми кулли ҳаводорони мастчоҳии СССР ба шумо-аҳли қалами СССР мерасонам. Баъдан, аз номи худ ва дӯстонам шаҳрвандони азизи кишварро бо Иди Қурбон сидқан таҳният мегӯям ва барои хони идонаи онҳо файзу бараккатро таманно дорам. Сониян, ман 1 чиро ҳич нафаҳмидам. Муқоиса кунед: Тавассути ТВҳо пайваста нишон медиҳанд ва ҳам мегӯянд, ки «мо дар давраи истиқлолият даҳҳо ГЭСи хурду бузург сохтем». Хуб, бигзор бошад, зеро ягона сарвату обрӯи мо ин об асту ГЭС!!! Аммо чаро киловати барқ қимат шуд? Ёдатон ҳаст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 2-3 ГЭС доштему барқи арзонтарин дар Тоҷикистони мо буд? Имрӯз аз ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ 3-4 нафар дар муҳоҷирати меҳнатист ва мардум бе пул асту камбағал, пас пули барқро чӣ хел бипардозем? Болои ин боз паспорти нав гирему симкортро аз нав иваз кунем? Хоҳиш мекунам, ки ба мардум зулм накунед! Чиновникҳо ақаллан 1 бор дари музофотиро бикубаду аз хонаш ақаллан намаке бичашаду бубинад, ки чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад???

 

Чоршанбе, Июл 31 2019

Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам:

1.Дар хонаводаи ман духтарам-Гавҳаршодбегим (соли тав.1981) маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Комилан роҳ гашта наметавонад. Мехоҳам, ки нафақаашро зиёд кунанд. 

2.Дар замони СССР вақте синну соли кас ба нафақа мерасид, ӯро зуд аз кор озод намекарданд. Баъди ба нафақа баромадан ҳам маъмурият ба дидорбинии нафақагир мерафт ва аз ҳаёту зиндагониаш огоҳ мешуд. Агар шахсе ҷавоб диҳад, ки баъди ба нафақа баромадан ҳам кор кардан мехоҳад, маъмурият бо ҷону дил ин хоҳиши ӯро қабул мекарданд. Боз дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки “таҷрибаи шумо барои мо боиси омӯзиш аст. Бе шумо корхонаи мо пеш намеравад”. Дар шароити ҳозира, ки синнат ба нафақа расид, аз кор ҷавоб дода мегӯянд: “Фармон аз болост!” Аён нест, ки ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ё не! Агар фармони боло дар ин бора бошад, пас чаро онро бо ВАО эълон намекунанд?

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 32

Китобҳо

Flag Counter