ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 01 2017

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Сағиндиқ Абдуллоеви 70-сола (тел: 901 06 74 08), сокини деҳаи Дувана, аз ҷамоати деҳоти Алгаи ноҳияи Лахш (ҳоло Ҷиргатол) дар меҳмонии СССР гуфт, ки тавре дар газетаи СССР мехонам, бисёриҳо замони Давлати СССРро танқид мекунанд. Вале 100 бор номаъқул кардаанд. Ҳозир дар кисаат 4 сомонӣ надошта бошӣ табобатхона рафта наметавонӣ. Агар русҳо нисбати мо «мы их научили цивилизатсия» гуфта бошанд, 100% ҳақ аст. Ман ба ин боз илова мекунам: «Они вас воспитывали на каждом Институте дали нам образование, културами и языками». Ман ба Сайёфи Мизроб арзи сипос мекунам, ки газетаро СССР ном ниҳодааст. Агар номаш СССР набошад ман намехонам онро! Ман аз шаҳри Душанбе, 400 км дур, қариб дар сарҳади Қирғизистон зиндагӣ мекунам. Барои овардани газетаи СССР ба таксиҳои Лахш-Душанбе пул медиҳам, ба ман мерасонанд. Агар кадом рақамашро нахонда бошам, вақте ба Душанбе омадам, дар Китобхонаи миллӣ ворид шуда мехонам. Вақте ин газетаро мехонам бӯи СССР, бӯи Ленин, Сталин ва Андропов, бӯи Коммунизм ва КПСС ба машом мерасад.

Ҷумъа, Апр 28 2017


Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, сокини шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи курси саввуми факултаи физикаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (тел: 901 41 21 05) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, назди шумо бо 1 хоҳиши дӯстона омадам. Дар хонаи мо падарам СССРхони ашаддӣ аст. Ин аст, ки газетаи 1-солаи СССРро ба редаксияи СССР овардам, то ки подшивка кунаму ба китобхонаи Донишгоҳ супорам. Ман ҳам дар баробари падарам СССРро зиёд мехонам. Мо дар хона 9 нафарем. Падарам-Исматулло Гулмаҳмадови 62-сола муаллими фанни забону адабиёт дар мактаби №84-и ноҳия аст. Хуллас, тамоми мавзуъҳои СССР барои хонаводаи мо писанд аст. Ростӣ, медонам, ки аксарият газетаҳоро харидаву хонда, ба ҷои ифлос мепартоянд. Аммо аҳли байти мо газетаро харидаву хонда, мисли мағзи нон азиз медоранд. Бо ин чӣ гуфтаниям? Аз ҳамаи ҳаводорони СССР сидқан хоҳиш дорам, ки ҳар 1 саҳифаи газетаи мардумии СССРро эҳтиёт кунанд ва подшивка карда ба китобхонаи мактаби деҳаи худ супоранд, то ин ки насли ояндаи ҷамъият низ аз он баҳрае бубарад. Чунки қаламкашони СССР барои навиштани ҳар 1 сатр соатҳо заҳмати фикрӣ кашидаанд!!!

Сешанбе, Апр 25 2017

Ҷалолиддини Сафарзод, сокини н.Темурмалик дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар ноҳияи мо 2 мӯъҷизаи хеле олии табиат-лойқаи машҳури мавзеъи Шӯркӯл ва Оби шифобахш дар маркази ноҳия мавҷуд аст. Ин обу лойи табобатӣ аз чуқурии 2900 метр сарчашма дорад. Ин обу лойқа ба 1000 дард дармон мебахшад. Хусусиятҳои табобатии он аз лойқаи машҳури кӯли Сааки (дар нимҷазираи Қрим) кам набуда, дар баъзе ҳолатҳо аз он бартарӣ дорад. Инак, аз 6.06.2009 сар карда, муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо» расман ба фаъолият оғоз ва саҳифаи тозаеро дар таърихи ноҳия кушод. Дар он дар 1 вақт 50 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта мешавад ва 30 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин шуда, ба муолиҷагирандагон мунтазам хизмат мерасонанд. Дар «Оби шифо» 24 навъи амрози дилу шарён, пӯст, узвҳои ҳаракат, асаб ва сутунмӯҳра, амрози занона табобат меёбанд, ки асоси табобатро лойқаи Шӯркӯл ташкил медиҳад. Шахсоне, ки аз бемории газаки мушакҳои дил, тарбод, фишори хун, васеъшавии рагҳои хунгарди пой, артрит, иллати мушакҳо, буғум, ҷароҳати устухон, радикулит… азият мекашанд, метавонанд дар «Оби шифо» табобат гиранд.

Панҷшанбе, Апр 20 2017

Узви Ихвон-ал-СССР, Баҳром Одинаев, собиқ ҷонишини сармеъмори ш.Душанбе меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки чанд шумора пеш дар СССР 1 нафар навишт, ки «Ленинро гӯронем ҷангҳо қатъ мешаванд». Ман ба муаллиф 1 чизро гуфтаниям. Дар замони СССР профессор, муаррих, эҷодкор, рассом ва бостоншиноси номӣ раҳматӣ Максим Герасимов ҷасади шахсони бузургро аз қабру мақбараҳо бадар намуда, аз рӯи косаи сар-«череп»-и онҳо портрети аслии онҳоро месохт, аз ҷумла, Рӯдакию Фирдавсиро. Бо сарварии Герасимов соли 1941 гурӯҳи олимону бостоншиносон рӯи ҷасади Амир Темур тадқиқоти илмӣ гузарониданду тасодуфан ҷанги ҷаҳонии 2 бо кушодани ин ҷасад рост омад. Акнун савол ин аст, ки агар ҷасадро намекушоданд, ҷанг сар намезад?! Гитлер бе ин ҳам чандин сол тайёрии ҷанг бо СССРро дошт, аммо тадқиқоти Герасимов дар ҳамун шабу рӯз иттифоқ афтод. Охир, чаро худи русҳо дар андешаи гӯр кардани ҳамзабону ҳамдиёру доҳии худ нестанду мову шумо, муллою эшонҳои мо мақбараи доҳиро чашми дидан надорем? Барои он, ки Владимир Илич Ленин коммунист буду 16 миллион тарафдор дошт...

Чоршанбе, Апр 19 2017

Донишҷӯ Шодалӣ Равшанов, аз ноҳияи Хуросон (тел: 901 80 70 82) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ҳайронам, ки чаро ҳаводорони сеҳру ҷоду ва фол дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиёд шудаанд? Фикр мекунам, майл ба фолу ҷоду ин аз китоб дур мондани ҷомеа аст. Вагарна домуллоҳои маъруфи зиёд дорем ва ҳар яке дар амри маъруфи худ мегӯяд, ки сеҳру ҷоду куфр аст, вале бо ин вуҷуд мардум бо роҳи худ равонанд.

Душанбе, Апр 17 2017

Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадрозиқ Худойназаров, аз деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ меҳмони газетаи мардумӣ шуд ва гуфт, ки воқеан, ёддоштҳое аз замони ҷанги граждании Тоҷикистон, ки зиёд дар СССР ба нашр мерасанд, хело ҷолибу хонданианд. Ман ҳам аз онҳое будам, ки бетартибиҳоро дар қаламрави ноҳия бо чашми сар дидаам. Ҳатто қариб буд, ки маро ҳамроҳ бо 1 гурӯҳ бачаҳои болои мошини боркаш «моҳиқапӣ»-паронданӣ мебурданд. Ин ҳодиса дар наздикии автозаправка, дар гардиши ҷамоати Лоҳур рӯй дод. Моро 1 гурӯҳи силоҳбадастон иҳота карданд. Аз тарс намедонистем, ки онҳо мухолифин буданд, ё аз Фронти халқӣ. Баъд, вақте байни худ сӯҳбат доштанд, фаҳмидем, ки аз гурӯҳи Бобои Сангак будаанд. Бовар кунед, ки ҳамин номи Бобои Сангак моро аз марг наҷот дод. Зеро вақте дар торикӣ моро ба 1 самти номаълум мебурданд, 1 нафар гуфт, ки «бачаҳоро сар диҳед ва аз роҳ гардед, ки Бобои Сангак меояд». Ҳамон вақт Бобои Сангак намеомад, аниқ моро мепарониданд! Шукри Худованд, ки ягон нафар аз мо зиён надид. Шоҳидони ҳамон ҳодиса ҳоло ҳам дар қайди ҳаётанд.

саҳ 50 аз 62

Китобҳо

Flag Counter