ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Дар Роғун СССРро бад мебинанд! Чаро?

  • Панҷшанбе, Май 10 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, табиби собиқадори атфол Шамсов Вайсиддин Котибович аз шаҳри Роғун дар меҳмонии газетаи мардумии СССР (тел: 93 196 45 30) гуфт, ки дар курорти Оби Гарм беш аз 20 сол боз дӯкони рӯзномафурӯшӣ вуҷуд надорад. Баъди он ки 1 матлаби ман оид ба «Раиси мардумӣ кист?» чанд моҳ пеш дар СССР чоп шуд, раиси ноҳия-Билол Иброҳим маро даъват намуда, бо сиёсату дӯғу пӯписа ва ангуштонашро рӯи мизаш зада гуфт: «Барои чӣ ба редаксияи СССР рафта арз кардӣ? Кӣ туро фармон дод?». Ба раис гуфтам, ки «ман шуморо танқид накардаам, ин ҳамту пешниҳод барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд». Хуллас, раис аз ман сахт ранҷид… Газетаи СССРро дар Роғун бисёр бад мебинанд. Ман 100% бовар дорам, баъде, ки ҳамин шумораи СССР чоп шавад маро аниқ боз раиси ноҳия даъват карда, сиёсат мекунад! Охир, ман ҳич намефаҳмам, ки чаро сухани ҳақ ва ҳамту пешниҳод ба ягон кас намефорад??? Дили ман месӯзад, ки барои чӣ камбудиҳоро мебинему дар фикри ҳаллу баррасиаш намешавем? Мушкилоти ҷамъиятро ману шумо бинему ба Ҳукумати марказӣ нарасонем, кӣ мерасонад? Чаро дар ин хусус руасои шаҳру навоҳӣ фикр намекунанд?

Китобҳо

Flag Counter