ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 16 2020

 

Мероси кишварҳо

   Пайдоиши эмблема (орм) –ҳо, тасвири шартии рамзӣ аз ҳар гуна мафҳумҳо ва ғояҳо ба замонҳои хеле қадим бармегардад. Бори аввал шаҳр-давлатҳои Юнони қадим барои тасвири худ аз ин орм ё намодҳо истифода намудаанд. Барои мисол намоди Афина Бум, намоди Коринф Аспи қанотдор (пегас) ба шумор мерафтанд. Дар асрҳои миёна, ин тасвир ба Аврупои ғарбӣ интиқол ёфта, маҳз дар Аврупои ғарбӣ бори аввал гербҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Сарбозони ашрофзодаи аврупоӣ, дар сипарҳояшон тасвире мекашиданд ва ба ин васила, кӣ ва аз кадом табор будани сипардор муайян мегардид. Ҳамин тасвирҳоро герб номиданд. Герб калимаи поляки-немисӣ буда, маънояш мерос мебошад. Оҳиста-оҳиста давлатҳо низ аз ин тасвирҳо истифода мекардагӣ шуданд ва имрӯз ҳар кишваре барои худаш герби хосе дорад. Барои мисол таърихи герби Русия ба қарни ХV, замони ҳукмронии Ивани III бармегардад. Маҳз Ивани III бори аввал дар муҳри худ тасвири уқоби дусараро мавриди истифода қарор дод ва ҳамин уқоб элементи асосии герби имрӯзаи Русия гардид.

Аз досу болға то шер

   Баъди таъсиси РАСС-Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистон зарурати қабули парчаму герби он низ ба миён омад. Герби Тоҷикистони мухтор соли 1924 қабул гардид. Ин герб аз тасвири досу болғаи тиллоӣ, ки салибшакл рӯи ҳам ниҳода шуда буданд, иборат меёфт. Аз поён хуршед ба ин досу болға нурафшонӣ мекард. Гербро гулчанбаре, ки аз рост бо хӯшаи гандум ва аз чап бо шохаи пахта оро дода шуда буд, иҳота мекард. Зери он бо забони русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” навишта шуда, аз боло бошад ҳамин шиор бо ҳуруфи форсӣ, аммо бо забони ӯзбекӣ сабт гардида буд. 23 феврали соли 1929 бо қарори Раёсати КИМ Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон герби нав расман тасдиқ гардид.                  Аммо моҳи апрели соли 1929 герб каме тағйир дода шуда, дар миёнаи он ситораи панҷкунҷа тасвир гардида, гулчанбари гандуму пахта ин ситораро иҳота мекард. Досу болғаву хуршед, ки кӯҳҳои барфпӯш ҳам ба он ҳамроҳ гардида буданд, дар миёни он ҷой дода шуданд. Забони навиштаҷот низ тағйир ва ин бор ба тоҷикӣ оварда шуда буд. 

   Баъди чанде Тоҷикистон мақоми Ҷумҳурии Шӯравиро гирифт ва дар солҳои аввал ҳамин герб бе тағйир монд. Аммо соли 1931 герби Тоҷикистон бори дигар тағйир дода шуд. Ин тағйирот дар Сарқонуни нави Тоҷикистон, ки 24 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон қабул гардид, расман сабт ёфтанд. Акнун герб аз тасвири ситораи панҷкунҷа иборат меёфт ва досу болға, хуршед ва кӯҳҳо ба қисмати болоии он кӯчонида шуданд. Дар қисмати поёнии герби нав бошад, расми корхона, пули роҳи оҳан, рамаи гӯсфандон, трактор ва қатора тасвир гардида буданд. Ситораро аз рост хӯшаҳои гандум, аз чап шохаи ниҳоли пахта ва аз поин ниҳоли ангур иҳота мекарданд. Ин гулчанбар бо тасмае печонида шуда, дар он шиори “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” дарҷ гардида буд. Дар қисмати поинии доира бошад, навиштаҷоти “Ҷумҳурии сотсиалистии шӯравии Тоҷикистон” бо ҳуруфи форсӣ, лотинӣ ва кириллӣ сабт меёфт. Баъди қабули Сарқонуни нав дар соли 1935, герб бе тағйир монд, танҳо номи кишварро кӯтоҳ “ТаджССР” карданд.                                                                                         

 Соли 1934 дар Тоҷикистон озмуни давлатӣ барои тартиб додани лоиҳаи герби нав баргузор гардид. Дар ин озмун лоиҳаи рассом Александр Яковлев ҷои аввалро ишғол намуд.

Чоршанбе, Дек 09 2020

5 декабри соли 1929  Иҷлосияи дуввуми КМИ СССР даъвати 5-ум, Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро ба ҳайати СССР ворид кард. Аммо ин вуруд, фарозу нишебиҳои зиёде дошту танҳо бо талошу ҷонфидоии фарзандони асили ин миллат муяссар гардид.

Табартақсим

   28 апрели соли 1924 Бюрои осиёимиёнагии ҲК (б) қарор “Бобати тақсимоти миллӣ-маҳаллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна”-ро қабул кард. 27 октябри соли 1924 Сессияи дуввуми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани ин тақсимот, комиссияи махсусе таъсис дода шуд. Роҳбари ин комиссия яке аз болшевикони собиқадор И.А. Зеленский таъин гардид. Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои Шӯравии Осиёи Миёна низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа, як муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба вуқӯ пайваст. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқи Шӯравии Бухоро ва Хоразм қариб, ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор доштанд ва мехостанд ба русҳо намоиш диҳанд, ки дар Осиёи Миёна як миллати бузурги турк сукунат дораду таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештарашон аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кумаки Артиши сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд аз вазъият истифода бурда, кишварҳои қудратмандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона як мамониати ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба кулли нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти як миллате бо номи тоҷик. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён монанди Файзуллоҳ Хоҷаев ва Абдурауфи Фитрат асолатан тоҷик буданд, аммо мавҷудияти тоҷикро дар ин сарзамин инкор мекарданд. Аммо нодида гирифтани тоҷикон имкон надошт ва 16 августи соли 1924 барои баррасии масъалаи тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ зеркомиссияи тоҷикӣ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин, 20 август дар нишасти Бюрои ӯзбекии тақсимоти миллӣ лоиҳаи таъсиси вилояти мухтори тоҷикон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 6 сентябр Комиссияи ҳудудӣ ва 7 сентябр Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП(б) низ лоиҳаи коммунистони ӯзбекро тасдиқ кард ва ҳамин тавр барои тоҷикон танҳо як вилояти мухторро ҷоиз донистанд. Аммо ҳамин лоиҳа ҳам таноқузоти зиёде дошт. Аз ҷумла дар он гуфта мешуд, ки “шумораи тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна 1.240.000 нафарро ташкил медиҳад”. Ҳол он, ки барои таъсиси “ҷумҳурии шӯравӣ” ҳар миллат бояд аз 1 млн. бештар ҷамъият ва сарҳадоти беруна медошт. Тоҷикон ҳардуи ин шартро доштанд, аммо табартақсими болшевикӣ, ҳеҷ як аз инҳоро ба инобат нагирифт. 

Мухторият

   Тақсимоти миллӣ-маҳалии болшевикон, дар Осиёи Миёна се ҷумҳурии шӯравӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистон тибқи ин тақсимот дар оғоз, мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон шомил мегашт. Ҳамин тариқ, моҳи августи соли 1924 дар ҳайати РСС Ӯзбекистон вилояти мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аммо баъди чанде инқилобиёни Бухорои Шарқӣ даст ба кор шуданд. Раиси КМИ Бухорои Шарқӣ Нусратуллои Махсум баъди омадан ба Тошканд, бо натиҷагириҳои комиссия ошно шуда, дарҳол ба  КМ РКП (б), ниҳоди олии ҳукуматии болшевикон бо мактуб муроҷиат кард.                                                             

Нусратулло Махсум дар мактуби худ аз КМ талаб намуд, қарори комиссияро аз нав дида бароянд ва ба Тоҷикистон низ бо ҳамон шарту усуле, ки ба Ӯзбекистон ва Туркманистон дода шуда буд, имкони таъсиси ҷумҳурии алоҳидаро фароҳам оваранд. Инчунин Нусратулло Махсум аз Маскав дархост кард, манотиқе мисли Ӯро-Теппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сох, Риштон, Ӯчқурғон ва як қатори дигар ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шаванд.

Чоршанбе, Дек 02 2020

28 ноябри соли 1943 дар Теҳрон сарони се кишвари иттифоқчӣ-Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт ва Уинстон Черчилл дар доираи 1 конфронс бо ҳам дидор карданд. Ин дидори таърихӣ аҳамияти зиёде дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум ва бештар аз он, дар сохтмони ҷаҳони пас аз ҷангӣ дошт. Маҳз дар конфронси Теҳрон се абарқудрати дунё тасмими таъсиси 1 созмони ҷаҳониро гирифтанд, ки мебоист масоили доғи байни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Ҳамин тариқ, дар конфронси Теҳрон нақшаи Созмони Миллали Муттаҳид кашида шуда, кишварҳои иттифоқчӣ дар ин созмон ҳаққи “вето”-ро соҳиб шуданд.

Амалиёти “Ҳамдардӣ”

    Барои баргузории конфронс пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон интихоб гардид. Интихоби Теҳрон тасодуфӣ набуд. Дар тамоми муддати ҳукмронии Ризошоҳ (1925-1941) Эрон бо Британия муқобила мекард. Дар солҳои 30-юми қарни ХХ-ум Ризошоҳ аз тарси Британия ва СССР бо Олмон, ба ҳайси як қувваи саввум наздик шуд. Эрон хусусан дар арафаи ҷанги ҷаҳонии дуввум бо Олмон муносибати танготанге барқарор намуд.                                                                                                                      Албатта ин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ СССР ва Британияро қонеъ намекард, хусусан баъди 22 июни соли 1941. Намояндагони СССР ва Британия 10 июли соли 1941 барои баррасии масъалаи Эрон бо ҳам гуфтушунид оғоз намуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунид нақшаи амалиёти “Ҳамдардӣ” тарҳрезӣ гардид. Тибқи ин амалиёт нерӯҳои Артиши Сурх аз шимол ва нерӯҳои англисӣ аз ҷануб вориди Эрон шуданд. Амалиёт 25 августи соли 1941 оғоз гардид ва Ризошоҳ баъди чанде, аз тоҷу тахт ба нафъи писараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ даст кашид. 29 августи соли 1942  гуфтушуниди се ҷонибаи англиси-шӯравӣ-эронӣ доир гардид. Дар ин гуфтушунид созишномаи нав бо ҳукумати нави эронӣ баста шуд, ки ба Эрон кафолати бехатарӣ аз ҳуҷуми Олмон ё ҳар кишвари дигареро медод. Инчунин тибқи созишнома, якпорчагӣ ва истиқлоли сиёсии Эрон низ ҳифз мегардид ва иттифоқчиён нерӯҳои худро на дертар аз 6 моҳ баъди анҷоми амалиётҳои ҷангӣ алайҳи Олмон, аз хоки Эрон берун меоварданд. Баъди имзои ин созишнома, 9 сентябри соли 1943 Эрон расман ба Олмон ҷанг эълон кард.                                                   

 Ҳамин тариқ, дар арафаи конфронси Теҳрон Эрон ба як кишвари боварибахш табдил ёфта буд ва маҳз ба ҳамин хотир Сталин ин кишварро барои дидори аввалинаш бо Черчилл ва Рузвелт интихоб кард. Ин кишвар ҳамсояи СССР буд ва аз Теҳрон алоқаи симии мустақим бо Маскав вуҷуд дошт. Ногуфта намонад, ки тарафҳо дар охири конфронс Эъломияе дар мавриди Эрон қабул карданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: “Роҳбарони СССР, ИМА ва Британия кумаки Эронро дар ҷанг алайҳи душмани умумӣ, хусусан интиқоли борҳоро ба СССР эътироф мекунанд”. Иттифоқчиён инчунин муваззаф шуданд баъди анҷоми ҷанг низ ба Эрон кумаки иқтисодӣ расонанд. Мардуми Эрон ҳам Эъломияро хуш пазируфтанд ва ҳатто се кӯчаи Теҳрон, кӯчаҳои Дай, Қоонӣ ва Рафаэл-авеню ба номи Рузвелт, Сталин ва Черчилл номгузорӣ гардиданд.

32 нома

    Дидори сарони кишварҳои иттифоқчӣ, барои ҳар кадом аз роҳбарони ин кишварҳо бисёр зарурӣ ба шумор мерафт. Хусусан Рузвелт мехост бо Сталин гуфтугӯи якка ба якка доир намояд. То дидори Теҳрон муносибати се кишвари иттифоқчӣ рӯ ба сардӣ ниҳода буданд. Сталин аз ҳамтоёни англисӣ ва амрикоии худ тақозои ифтитоҳи фронти дуввумро дошт ва Черчиллу Рузвелт бошанд ҳеҷ розигӣ намедоданд. Ҳар се роҳбар мехостанд дар як дидори мустақим масоили доғро ҳаллу фасл намоянд. Қабл аз дидор, тарафҳо бо ҳам 32 нома радду бадал карданд ва билохира ба тавофуқ расиданд, ки дар Теҳрон бо ҳам дидоре дошта бошанд.

Чоршанбе, Нояб 25 2020

Пиртарин президент

3 ноябри соли 2020 дар ИМА интихоботи президентӣ доир гардид. Рақибони асосии ин интихобот, президенти феълии кишвар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ва номзади Ҳизби демократ Ҷо Байден буданд. 7 ноябр ВАО-и мӯътабари амрикоӣ аз қабили ABC News, FOX News, CNN, AP ва NBC пирӯзии демократ Ҷо Байденро дар интихобот эълон карданд. Ҳамин тариқ, Ҷо Байдени 77 сола, пиртарин президенти кишвар дар лаҳзаи интихоб дар таърихи ИМА ба шумор меравад (Трамп ҳамагӣ 75 сол дорад).                                                                                                                             

 Бо ин вуҷуд, Ҷо Байден сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ буда, 48 сол боз ба сиёсат машғул аст. Соли 1974 маҷаллаи Taim ӯро ҳатто ба шор-листи “200 чеҳраи оянда, ки таърихро хоҳанд сохт” ворид намуд. Байден дар 30 солагӣ (синни соли камтарин) ба сенати ИМА ворид гардида, солҳои тӯлонӣ дар ин ниҳоди муҳим, кумитаи корҳои байналмиллалиро ба ӯҳда дошт. Байден дар соли 2009, 47-умин витсе-президенти ИМА интихоб гардид. Байден инчунин дар якҷоягӣ бо Барак Обама, дубора низ дар интихобот ширкат кард ва боз витсе-президент таъин шуд. Ҷо то моҳи январи соли 2017 дар ин маснад ифои вазифа кард, то вақте ки Трамп калушҳояшро пеши пояш нагузошт... 

Аз ОСВ-2 то ОСВ-3

Моҳи апрели соли 1979 Ҷо Байден бо як идда аз сенаторҳои амрикоӣ, бо таклифи роҳбарияти СССР ба Маскав ва Ленинград ташриф овард. Байден сенатори иёлоти Делавар буд ва дар ин сафар ба гурӯҳи сенаторҳои амрикоӣ роҳбарӣ мекард. Масъалаи асосии гуфтушунидҳоро, коҳиши силоҳи стратегӣ (ОСВ) ва ҷойгир накардани силоҳи амрикоӣ дар Аврупо ташкил мекард. Байден дар яке аз гуфтугӯҳояш бо хабарнигори рус, бобати ин сафари аввалинаш ба СССР мегӯяд: “Роҳбарони шумо тамоюл ба ҳамкорӣ доштанд, ба мо вақти зиёдеро тахассус доданд. Ман мутаассифам, ки мо зуд аз он ҷо рафтем. Ман мепиндорам, ки муносибати шӯрави-амрикоӣ заминаҳои хуб дошт. Аммо мо пеш аз ҳама мехостем созишномаи ОСВ-2 ро ба имзо расонем”.    

 

Байден ва Брежнев

Ҷо Байден инчунин ёдовар шуд, ки дар ин сафар натавонист бо роҳбари аввали СССР Леонид Брежнев гуфтугӯ кунад. Брежнев бемор буд ва зуд вохӯриро тарк кард. Дар Маскав бо Байден, Алексей Косигин гуфтугӯ кард. Бори дуввум Байден соли 1988 ба СССР омад. Ин бор низ масъалаи асосии гуфтушунидҳо коҳиши силоҳ буд. Он шабу рӯз нуқтаи доғи муносибати тарафҳо, манъи озмоиш ва истифодаи мушакҳои партоби миёна ва наздик ба шумор мерафт. Дар СССР бозсозӣ дар авҷ буду Байден ин бор бо Андрей Громико дидору гуфтугӯ дошт. Ба гуфти президенти собиқи СССР Михаил Горбачев, ӯ бо Ҷо Байден ҳангоми витсе-президентиаш ҳамкории зич дошта, маҳз бо талоши ӯ Русия ва ИМА созишномаи ОСВ-3 ро ба имзо расониданд.  

НАТО ва Паймони Париж

Яке аз аввалин касоне, ки Байденро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард, котиби генералии НАТО Йенса Столтенберг буд. Роҳбарияти НАТО ҳатто қабл аз эълони натиҷаҳои интихобот ва занги ниҳоии мағлуб ва ғолиб, Байденро бо маснади президентӣ табрик намуданд. 

 Аммо чаро НАТО аз Байден ҷонибдорӣ мекунад?  Доналд Трамп дар таърихи президентҳои ИМА воқеъан истисноъ буд.

Чоршанбе, Нояб 18 2020

 

19 октябри соли 1942 Артиши Сурх ҳуҷуми ҷавобии худро дар рафти набарди Сталинград оғоз намуд. Ин амалиёт "Уран" ном гирифта, то 23 ноябр идома дошт. Дар натиҷаи он, армияи 6-уми немисҳо, ки ба он фелдмаршал Паулюс фармондеҳӣ мекард ба муҳосира гирифта шуд. Набарди Сталинград-бузургтарин набард миёни нерӯҳои СССР аз як тараф ва артиши Рейхи саввум аз тарафи дигар дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Инчунин дар ин набард нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ аз ҷониби артиши немисӣ ширкат варзида буданд. Ба хотири амалиёти "Уран" 19 ноябр ҳамасола дар СССР ва Русия, чун Рӯзи нерӯҳои мушакӣ ва артилерӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

“Кори мастона”-и фюрер

Набарди бевосита барои Сталинград 17 июли соли 1942 оғоз гардид. Умуман ҳуҷуми тобистонаи Вермахт, ки "Фалл Блау"номгузорӣ гардида буд, дар оғоз танҳо тасарруфи Қафқозро дар назар дошт ва немисҳо бо ин амалиёт мехостанд СССР-ро аз манобеъи нафтиаш маҳрум гардонанд. Аммо дар рафти амалиёт, Гитлер нақшаро тағйир дод ва армияи 6-уми саҳроии Паулюс ҷониби Сталинград роҳ пеш гирифт.                                                                                                                 

Номгузории амалиёт низ хеле аҷиб ба назар мерасид. "Фалл Блау" (Fall Blau) дар забони немисӣ маъноӣ собити синтаксисӣ надорад ва забоншиносон онро ба маъноҳои гуногун тарҷума кардаанд. Яке аз маъноҳои ин вожа "кори мастона" мебошад ва амалкарди Фюрери олмониро дар рафти амалиёт, бисёриҳо маҳз амалкарди мастона меноманд. 23 агусти соли 1942 нерӯҳои ҳавоии олмонӣ бомбаборони шадиди шаҳрро оғоз карданд. Сталинград ба як майдони оташин мубаддал гашт. Дар паи ин бомбаборон зиёда аз 40 000 одам ҷони худро бохтанд. Задухӯрдҳои шадид на фақат дар рӯи замин, балки дар зери он низ ба вуқӯ мепайвастанд. Сталинград системаи зеризаминии бузурге дошт ва ҳар ду тараф дар рафти ин муҳориба аз ин система истифода мебурданд. Немисҳо бошанд ҳатто системаи зеризаминии худашонро бунёд карданд. Корҳои сохтмонӣ дар ин системаи зеризаминии нав қариб то охири муҳорибаи Сталинград идома доштанд ва танҳо моҳи январи соли 1943, вақте фармондеҳии олмонӣ дарк кард, ки муҳорибаро бохт, ин система аз миён бурда шуд. Як аскари немис дар бобати сохтани ин системаи зеризаминӣ дар ёддоштҳояш навишат буд: "Ман гумон мекардам фармондеҳии мо, бо сохтани ин система мехост ба дӯзах бирасад ва шаётинро ба кумак бихоҳад".  

Пошнаи Ахилессӣ

Бо вуҷуди вазъияти душвор дар Сталинград, фармондеҳии шӯравӣ низ бекор нанишаста буд ва ҳанӯз миёнаҳои моҳи сентябр Г. Жуков ва А. Василевский, аввалин тарҳи ҳуҷуми ҷавобиро барои муҳокима ба Сталин пешниҳод намуданд. Амалиёти оянда "Уран" номгузорӣ гардид ва онро нерӯҳои се фронт: Фронти Ҷанубу-Ғарбӣ бо сарварии Н. Ватутин, Фронтии Сталинград бо сарварии Н. Ерёменко ва Фронти Донӣ бо сарварии К. Рокасовский мебоист амалӣ менамуданд.

Чоршанбе, Нояб 11 2020

 

7 ноябри (25 октябр бо тақвими кӯҳна) соли 1917 ҳизби болшевикӣ даст ба шӯриши мусаллаҳона зад ва қудратро дар Петроград ба дасти худ гирифт. Ин шӯриш бо Инқилоби бузурги октябрӣ дар таърихнигории мо маъруф аст, ки боиси таъсиси кишвари наве бо номи СССР гардид. СССР ақвоми миллатҳои зиёдеро дар худ мутаҳҳид намуда, 70 соли дароз яке аз абарқудратҳои ҷаҳон ба шумор мерафт.

"Штрекбекхерҳои" инқилоб

Тасмими шӯриши мусаллаҳонаро болшевикон дар аввалҳои моҳи сентябр гирифтанд. Аз ҳама бештар Ленин барои шӯриш пофишорӣ мекард. Он шабу рӯз доҳии болшевикон, фаъолияти пинҳонӣ мебурд ва берун аз Петроград, дар маҳалли Разлив пинҳон шуда буд. Ленин 20 октябр (7 октябр бо тақвими куҳна) ба Петроград баргашт ва 23 октябр (10 октябр бо тақвими куҳна) ҷаласаи изтирории ҳизби болшевикиро даъват кард. Аз қазо, ин маҷлис дар хонаи меншевик Н. Суханов, ки яке аз ашадитарин мухолифини шӯриши мусаллаҳона буд баргузор гардид. Худи Суханов дар хона набуд, аммо зани яҳудитабораш, ки аъзои ҳизби болшевикӣ буд бо хоҳиши Свердлов, хонаашро дар ихтиёри болшевикон қарор дод. 

Дар маҷлис 12 нафар роҳбарони ҳизби болшевикӣ ширкат доштанд. Дар маҷлис Ленин бо маърузаи "Бобати вазъияти ҷорӣ" баромад кард ва ҳизбро ба шӯриши мусаллаҳона даъват намуд. Танҳо Каменев ва Зиновев зидди пешниҳоди Ленин баромаданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳизб ҳоло барои ин кор омода нест ва беҳтар аст, ин масъаларо то даъвати Маҷлиси муассисон ба таъхир гузоранд ва бо роҳи демократӣ қудратро соҳиб шаванд. Аммо Ленин пофишорӣ мекард ва гуфт, ки даъвати Маҷлиси муассисон ба нафъи мо нест ва онҷо мо дар ақалият хоҳем буд. билохира бо 10 овози тарафдор ва 2 овози зид, пешниҳоди Ленин қабул карда шуд. Аммо Каменев бо ин иктифо накард ва чанд рӯз баъд бо рӯзномаи “Ҳаёти нав” (“Новая жизнь”) мусоҳибае барпо карда, сирри ҳизбиро онҷо ифшо кард. Каменев дар мусоҳибааш гуфт, ки ҳизби бодшевикӣ мехоҳад қудратро бо роҳи шӯриши мусаллаҳона ба даст гирад ва ӯ ва Зиновев бо ин қарори ҳизб мухолифанд. Ленин баъди нашри мусоҳибаи Каменев ба КМ мактубе ирсол кард ва дар он Каменев ва Зиновевро "Штрекбекхерҳои" инқилоб номид. Ленин менависад: "Ман мутаасифам, ки бо ин ду нафар дӯстӣ доштам. Ман дигар ин ду нафарро рафиқи худ намешуморам ва дар назди КМ ва дар назди Анҷуман пофишорӣ хоҳам кард, ки ин ду нафарро аз сафи ҳизб хориҷ кунам". 

Туфони болшевикӣ

Бо вуҷуди ифшои сирри ҳизби болшевикӣ, Ҳукумати муввақат дигар пеши роҳи инқилобро гирифта наметавонист. 6 ноябр (24 октябр бо тақвми кӯҳна) дастаҳои Горди Сурх бо кумаки аскарони гаронизони Петроград, пулҳои аз болои дарёи Нева, почта, телеграф ва истгоҳҳои шаҳрро ба тасарруф дороварданд. Дар дасти Ҳукумати муввақат танҳои Қасри зимистона монда буд, ки онро ҳам нимаи дуввуми рӯзи 7 ноябр ( 25 октябр бо тақвими кӯҳна) нерӯҳои инқилобӣ пурра ба муҳосира гирифтанд. Ҳамлаи ҳалкунанда мебоист соати 6-и бегоҳ оғоз мегардид, аммо болшевикон натавонистанд ҳамаи нерӯҳояшонро то ин муддат дар назди Қаср ҷамъоварӣ кунанд.

саҳ 4 аз 44

Китобҳо

Flag Counter