ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 29 2020

Муҳорибаи Қафқоз яке аз тӯлонитарин набардҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Ин муҳориба 24 июли соли 1942 оғоз гардида, 442 шабонарӯз идома дошт ва 9 октябри соли 1943 бо рондашудани немисҳо аз Қафқоз ва соҳили Баҳри cиёҳ ба поён расид.

Шерчангол (Эделвейс)

Дар нақшаи стратегии роҳбарияти олмонӣ, забти Қафқоз нақши бисёр муҳим дошт. Дар ин минтақа 95%-и нафти СССР истеҳсол мегардид ва агар немисҳо Қафқозро ишғол мекарданд, мошини ҷангии Иттиҳоди Шӯравӣ комилан аз кор мемонд. Моҳи июни соли 1942, ҳангоми машварат бо генералҳои худ дар шаҳри Полтава, Гитлер иброз намуд: "Агар мо нафти Майкоп ва Грознийро ба даст наорем, маҷбурем ҷангро хотима диҳем". Маҳз ба ҳамин хотир, тобистони соли 1942 зарбаи асосии немисҳо ба самти Қафқоз равона гардида, зарбаи дуюмдараҷа ба самти Сталинград нигаронида шуда буд.                                                             

 Амалиёти немисҳо Шерчангол (Эделвейс) номгузорӣ гардид. Тибқи нақшаи ин амалиёт, артиши олмонӣ мебоист нерӯҳои Артиши Сурхро дар ҷануб ва ҷанубу-шарқи Ростов ба муҳосира гирифта, Қафқози Шимолиро ба даст меовард. Баъд аз ин, як гурӯҳи нерӯҳои олмонӣ мебоист қаторкӯҳи Асосии Қафқозро аз ғарб давр зада, Новоросийск ва Туапсеро ишғол мекарданд. Гурӯҳи дуввуми нерӯҳо бошанд, аз шарқ ҷониби Грозний ва Боку ҳуҷум мекарданд. Ҳамзамон бо ин амалиёт, як қисми нерӯҳо мебоист дар маркази қаторкӯҳи Қафқоз убур карда, Тифлис, Кутаиси ва Сухумиро ишғол мекарданд. Немисҳо дар инҷо ният доштанд бо артиши туркӣ муттаҳид гардида, барои ҳуҷум ба Шарқи Наздик ва Миёна омодагӣ гиранд.   

Нақшаи кабуд (Fall Blau)

Дар аввали моҳи июни соли 1942, фронти шӯравӣ дар қисмати ҷанубиаш бисёр носубот гардида буд. Сабаби ин носуботӣ, ҳуҷуми баҳории Артиши Сурх ба самти Харков буд, ки дар он Артиши Сурх шикаст хурд. Немисҳо ҳам аз ин номусоиди истифода карданд ва 28 июн армияи 4-уми тонкии Вермахт, ки ба он Герман Гот сарварӣ мекард, фронти шӯравиро миёни Харков ва Курск рахна карда, бо суръат ҷониби Дон ҳаракат карданд. Ин амалиёт дар манобеи олмонӣ, "Нақшаи кабуд" (Fall Blau) номгузорӣ гардид. Немисҳо 3 июл Воронежро ишғол намуда, нерӯҳои маршал Тимошенкоро, ки самти Ростовро мудофиа мекарданд, аз шимол ба муҳосира гирифтанд. 

Чоршанбе, Июл 22 2020

 

Адолф Гитлер яке аз шахсиятҳои таърихист, ки ба ҷонаш чандин бор суиқасд анҷом дода шудааст. Аммо Фюрери олмонӣ ҳамеша бо як тарзи муъҷизаофар аз ин суиқасдҳо ҷон ба саломат мебурд. Бори аввал моҳи ноябри соли 1939 коммунистон ба ҷони Гитлер суиқасд карданд. Фюрер ҳар сол 9 ноябр, ба хотири солгарди “балвои пивоӣ”, ки соли 1923 ба нокоми дучор гардида буд, дар яке аз пивохонаҳои маъруфӣ Мюнхен баромад мекард. Бомбаи махсуси пешакӣ омодашуда, мебоист дар вақти зарурӣ инфиҷор мешуд, аммо Гитлер бо сабабҳои номаълум баромади худро пеш аз мӯҳлат ба охир расонида пивохонаро тарк кард.                                     

20 июли соли 1944 бошад, дар қароргоҳи Адолф Гитлер, “Хонаи гург”, ки дар Прусияи Шарқӣ воқеъ гардида буд, аз ҳама суиқасди маъруф ба ҷони Адолф Гитлер ба вуқӯ пайваст. Ин суиқасдро полковники ситоди нерӯҳои захиравии артиши пиёданизом граф Клаус Шенк фон Штауффенберг ва ҷонишини ӯ обер-лейтенант Вернер фон Хефтен тарроҳӣ ва амалӣ намуданд. 

Иттиҳоди ҳарбиён

   Аз ҳама бештар нисбати фюрери олмонӣ ҳарбиёни немис зиддият доштанд. Ин ҳарбиён, ки бештарашон ашрофзода буданд, ақидаи сотсиализми-миллигароро хуш надошта, аз пурзӯр гардидани нерӯҳои СС норозӣ буданд. Онҳо ақида доштанд, ки Олмон ба ҷанги бузург тайёр нест ва Гитлер кишварро ба сӯи нобудӣ мебарад. Аввалин иттиҳоди ҳарбиёни немис алайҳи фюрер ҳанӯз соли 1938, ҳангоми ташшануҷ ёфтани масъалаи Чехословакия ба вуқӯ пайваст. Ҳарбиёни немис бар ин гумон буданд, ки низоъ бо Чехословакия ба ҷанг бо кишварҳои бузурги ғарбӣ-Фаронса ва Англия мунҷар мегардад ва артиши тозатаъсиси олмонӣ дар ин ҷанг ногузир шикаст мехурад. Аз ин хотир ҳарбиён қарор доданд Гитлерро баъд аз он, ки ӯ фармони ҳуҷум ба Чехословакияро содир кунад аз вазифа сабукдӯш кунанд ва ҳукумати муввақатро созмон дода, интихоботи нави демократиро баргузор намоянд.                                                                                           

  Яке аз аъзоёни ин иттиҳод сардори ситоди нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник Людвиг Бек ба шумор мерафт. Бек бар ин ақида буд, ки Гитлер Олмонро мувоҷеҳи хатари аз ҳад зиёд мекунад. Моҳи июли соли 1938 генерал меморандуме ба номи сарфармондеҳи нерӯҳои пиёданизом генерал-полковник фон Браухич равона карда, дар он ба роҳбарияти олии ҳарбии Олмон пешниҳод дод, ҳамагӣ ба истеъфо раванд ва ҷанги дар пеш истодаро пешгирӣ кунанд. Дар меморандуми Бек аз ҷумла омада буд: “Мавҷудияти миллат дар хатар аст. Таърих роҳбарияти нерӯҳои муссалаҳро намебахшад, агар онҳо ба вазифаи ҳирфаӣ, сиёси-давлатӣ ва виҷдонии худ амал накунанд”.

Чоршанбе, Июл 15 2020

 

 12 июли соли 1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди танкии ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст. Прохоровкаро дар таърихнигории собиқ СССР "қабристони танкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад.

Амалиёти "Арк" (Цитадель)

  Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград, Артиши Сурх нерӯи азиме касб карда буд ва Сталин мехост аз ин нерӯ истифода бурда, ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд шурӯ мешуд. Фюрер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии Артиши Сурх метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳаш бардорад. Бинобар ин, дар Берлин қарор доданд барои пешгирии ин ҳуҷум, худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. 15 апрели соли 1943 Адолф Гитлер дастури амалиётии № 6-ро бобати омодасозии амалиёти таҳоҷумӣ дар наздикии Курск ба имзо расонид. Амалиёти немисҳо "Арк" (Цитадель) номгузорӣ гардид. Ин амалиёт дар ҳоле пиёда мешуд, ки нерӯҳои олмонӣ аз Артиши Сурх се баробар камтар буданд ва фармондеҳии Вермахт низ зидди амалиёти таҳоҷумӣ буд. Аммо Гитлер ҳамаи эътирозҳоро сарфи назар карда, ба амалиёт ризоят дод.    

Паланг ва Юзпаланг

  Умеди асосии Гитлер дар амалиёти оянда, танкҳои нави немисҳо Паланг (Тигр) ва Юзпаланг (Пантера) буданд. Фюрер ният дошт, бо танкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Танкҳои нави немисҳо, он шабу рӯз нерӯи азиме ба шумор мерафтанд ва дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои танкии олмонӣ, монанди дивизияҳои танкии СС "Викинг", корпуси дуввуми танкии СС "Адолф Гитлер" ва "Сари мурда" (Мертвая голова) ширкат варзиданд ва бештари танкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. Аммо немисҳо пеш аз оғоз амалиёташон намедонистанд, ки дар Маскав аз нақшаи онҳо бохабаранд. Нақшаи амалиёти оянда, дар як тайёраи немисҳо ёфт шуд ва фармондеҳии шӯравӣ дар асоси ин нақша, ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ шурӯ кард. Худи муҳориба Курск яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5 июли соли 1943 оғоз гардид ва то 23 август идома ёфт. Аз ҳар ду тараф дар он, 4 миллион аскар, 69 000 тӯп, 13 000 тонк ва 12 000 тайёра ширкат варзиданд. 

Мудофиаи беназир

  Аммо бобати амалиёти Курск дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин барои баргузории амалиёти таҳоҷумӣ пофишорӣ мекард. Бо вуҷуди ин, генералҳои шӯравӣ бо сарварии Жуков тавонистанд назари ӯро иваз кунанд ва Артиши Сурх барои амалиёти дифоӣ мавқеъ гирифт.

Чоршанбе, Июл 08 2020

 

6 июли соли 1918 эссерони чап сафири Олмон дар Русия, граф Вилгелм фон Мирбахтро ба қатл расонида, алайҳи болшевикон шӯриш бардоштанд. Эссерони чап ягона ҳизби сиёсии чапгаро ба шумор мерафт, ки бо болшевикон созиш карда, аъзоёнаш вориди ҳукумати болшевикӣ гардиданд. Аммо баъди чанде, ҳизби эссерони чап муқобили сиёсати болшевикон баромада, бо роҳи зӯрӣ қудратро аз болшевикон гирифтанӣ шуд.  

Тафовут ва наздикӣ

Тирамоҳи соли 1917 дар арафаи инқилоби худ болшевикон ҳанӯз наметавонистанд дар танҳои қудрати сиёсиро дар дасти худ нигаҳ доранд. Пайравони Маркс ниёзи шадид ба иттифоқчӣ доштанд ва ҳизби эссерони чап он қудрате гардид, ки ба ҳайси иттифоқчии болшевикон баромад намуд. Намояндагони зиёди ин ҳизб баъди инқилоби октябрӣ вориди ҳукумати болшевикӣ (ШКХ) гардиданд. Аммо дар оянда, бо беҳтар гардидани вазъият, болшевикон сиёсати яккаҳукмрониро пеша гирифтанду эссерони чап барояшон дигар нодаркор буданд. 

Ҳизби эссерони чап (инқилобиёни-сотсиалист) чун як қаноти мухолиф дар дохили ҳизби эссерон дар солҳои ҷанги ҷаҳонии аввал пайдо шуда, моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 чун ҳизби мустақили сиёсӣ созмон ёфт. Пешвоёни эссерони чап Мария Спиридонова, Борис Камков (Катс), Марк Натансон, Андрей Колегаев ва як қатор дигарон буданд. Моҳи октябри соли 1917 эссерони чап ба Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии Шӯрои Петроград ворид гашта, дар сарнагунии Ҳукумати муввақат фаъолона ширкат варзиданд. Дар Анҷумани II-умумируссиягии Шӯроҳо эссерони чап инчунин ба ҳайати Кумитаи Марказии Иҷроя (КМИ) ворид гардиданд. Аммо дар оғоз, аз воридшудан ба ҳайати Ҳукумати шӯравӣ (Шӯрои Комиссарони Халқ)  сар боз заданд ва аз болшевикон хостанд, то онҳо як ҳукумати муштарак аз намояндагони ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ таъсис диҳанд. Бо вуҷуди ин, баъдтар назари онҳо иваз шуд ва дар охири соли 1917 намояндагони эссерони чап ба ШКХ низ ворид гардиданд.                                                                           

Намояндагони ин ҳизб,  дар таъсиси Артиши Сурх низ фаъолона ширкат доштанд ва теъдоди зиёди онҳо дар Коммисияи Фавқулоддаи Умумируссиягии (ВЧК) Феликси оҳанин фаъолият мекарданд. Аммо дар баробари ин, назари эссерони чап дар як қатор масоили калидӣ аз назари болшевикон ба кулли фарқ мекард. Аз ҳама ихтилофи сахт миёни ин ду ҳаракати сотсиалист бархурд дар масоили деҳқонон ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин эссерони чап дар саркуб кардани мухолифон барои болшевикон кумаки сахт карданд. Маҳз бо ёрии онҳо Ленин ва ҳаммаслаконаш бар кадетҳо, анархистон ва меншивикон пирӯз гардиданд. 

Чоршанбе, Июл 01 2020

 28 июни соли 1988 дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, конфронси XIX-уми ҲКИШ ба кори худ шурӯ кард. Конфроси  XIX-уми ҳизби коммунист, то 1 июл идома дошта, бе мубоҳот як конфроси таърихӣ ба шумор мерафт. Бозсозие, ки Горбачев бо омаданаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ карда буд аллакай чанд сол идома дошт, аммо танҳо ҷанбаҳои иқтисодии ҳаёти кишварро дар бар мегирифт. Аммо дар ин конфронс, бори аввал дар таърихи СССР бозсозӣ ҷанбаи сиёсӣ гирифта, системи ҳукуматдории шӯравиро низ кордор шуд. Конфронсро худи Горбачёв ифтитоҳ бахшида, бо маърӯзаи дуру дароз дар назди ҳозирин баромад кард. 

Ислоҳоти Горбачев

  11 марти соли 1985 Михаил Горбачёв котиби аввали КМ ҲКИШ интихоб гардид. Баъди омадан ба сари қудрат Горбачёв ислоҳоти тозаеро оғоз намуд, ки асоситарин шиорҳояш бозсозӣ, ошкорбаёнӣ ва суръатбахшӣ буданд.                     23 апрели соли 1985 дар Пленуми навбатии КМ ҲКИШ Михаил Горбачёв аз нақшаи ислоҳоти худ аъзоёни дигари ҳизбро огоҳ намуда, маҳз дар ин Пленум Горбачёв бори аввал истилоҳи “бозсозӣ”-ро ба забон овард.                                             Дар Анҷумани ХХVII-уми ҲК, ки моҳи феврали соли 1986 доир гардид Михаил Сергеевич истилоҳи дигари маъруфи худ “ошкорбаёнӣ”-ро эълон кард. Моҳи январи соли 1987 Горбачёв дар пленуми дигари ҳизбӣ 5 самти асосии ислоҳотро дар соҳаи сиёсии давлат матраҳ намуд. Горбачев мехост бо ислоҳоти сиёсии худ ҲКИШ аз сохтори давлатӣ ба ҳизби сиёсии воқеъӣ табдил диҳад ва озодиҳои демократиро дар дохили ҳизб бештар кунад. Инчунин тибқи ислоҳоти Горбачев, бори аввал номзадҳои ғайри ҳизбӣ низ мебоист дар интихобот ширкат меварзиданд ва Шӯроҳо ба ниҳодҳои аслии ҳукуматӣ мубаддал мегаштанд.Ва барои ҷанбаи қонуни бахшидан ба ин ислоҳот Горбачев қарор дод Конфронси умумиттифоқии ҳизбиро давъат намояд.                                                             Масъалаи даъвати чунин конфронс ҳанӯз дар оғози соли 1987 миёни доираҳои ҳизбии шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, аммо расман қарор дар бобати даъвати як Конфронс моҳи июни соли 1987 дар пленуми навбатии ҳизбӣ қабул карда шуд. Тайёрии бевосита барои баргузории Конфронс бошад, танҳо моҳи феврали соли 1988 оғоз гардид.

 Таҷрибаи конфронсдорӣ

   Таҷрибаи баргузории конфронсҳои ҳизбӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби октябрӣ миёни болшевикон роиҷ гардида буд. Конфронсҳо вақте зарурати тағйир додани роҳи сиёсии ҳизб пеш меомад, дар давраи миёни Анҷуманҳо доир мегардиданд. То миёнаҳои солҳои 30-юм ин суннат миёни болшевикон роиҷ буд ва кофронсҳо мисли Анҷумаҳои ҳизбӣ тез-тез даъват мешуданд. Аммо баъд аз соли 1934 дар аввалин кишвари Шӯроҳо танҳо як конфронс-Конфронси ХVIII-уми ҳизбӣ моҳи марти соли 1941 баргузор гардида буд.                           

Чоршанбе, Июн 24 2020

Умеди Англия

 Субҳи 22 июни соли 1941 Олмони гитлерӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард. Гитлер тарҳи ҳамла ба СССР-ро баъд аз торумори Фаронса тасдиқ карда, нақшаи фюрер «Барбаросса» (ба хотири императори олмониҳо Фридрих Барбаросса) номгузорӣ гардид. Ба нақшагирии бевоситаи амалиёти "Барбаросса" аз ҷониби ҳайати корӣ, таҳти роҳбарии генерал Фридрих Паулюс дар таърихи 21 июли соли 1940 оғоз шуда, нақшаи он, 18 декабри соли 1940 бо дерективаи № 21-и Сарфармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Олмон (Вермахт), аз ҷониби роҳбарияти артиш тасдиқ карда шуд.                                                                                                       

Гитлер сабаби асосии ҳамла ба СССР-ро ин тавр маънидод намуд: "Умеди Англия танҳо Руссия ва Америка аст. Агар умед ба Россия барбод биравад Америка низ аз Англия даст мекашад, чун торумори Россия ба пурзӯршавии Япония дар Шарқи дур меоварад. Агар Россия торумор гардад, Англия охирин умеди худро аз даст медиҳад.Он вақт дар Аврупо ва дар Балкан мо ҳукмронӣ хоҳем кард. Пас натиҷатан Россия бояд аз байн бурда шавад. Вақт- баҳори соли 1941. Ҳар чӣ зудтар мо Россияро торумор кунем барои мо беҳтар. Амалиёт, танҳо вақте маъно пайдо мекунад ва натиҷа медиҳад, агар мо бо як зарбаи тезу пурзӯр, тамоми давлатро аз байн бибарем». Тибқи нақшаи амалиёт, қисматии асосии Артиши Сурх, мебоист дар ғарби дарёҳои Днепр ва Двинаи Ғарбӣ торумор мешуданд ва  ақибнишинии онҳо ба шарқи кишвар ҷилавгирӣ мегашт. 

 Дар рӯзи ҳаштуми амалиёт, артиши Олмонӣ мебоист ба мавзеи Каунас, Барановичи, Лвов, Могилев-Подолский мерасиданд. Дар рӯзи бистуми баргузории "Барбаросса" немисҳо ният доштанд ба соҳилҳои Днепр бирасанд. Баъди ин, дар амалиёт тавақуфи бистрӯза пеш меомад, то нерӯҳо аз нав ҷо ба ҷо карда шаванду аскарон дам гиранд ва базаҳои таъминотии нав ташкил гарданд. Дар рузи 40-уми ҳамла бошад, марҳилаи дувуми амалиёт оғоз мегардид. Дар ин марҳила немисҳо мебоист Москва, Ленинград ва Донбасро ишғол мекарданд. Диққати махсус ба ишғоли Масква дода мешуд. Фармондеҳии олмонӣ гумон дошт, Артиши Сурх барои ҳимояи Маскав тамоми нерӯҳои боқимондаи худро мепартояд ва ин ба онҳо имконият медиҳад, дар як муҳориба онҳоро торумор кунанд. Тибқи нақша, дар интиҳои амалиёт немисхо мебоист ба хати Архангелск-Волга-Астрахан мерасиданд. 

"Марита" - таъхири думоҳа

    Фюрер мӯҳлати наздиктарини амалиётро 15 май муайян кард, аммо рӯйдодҳо дар Балкан ва Юнон мӯҳлати баргузории амалиётро ба ақиб партофт. Иттифоқчии Фюрер дар Аврупо, Итолияи фашистӣ он шабу рӯз ба Югославия ва Юнон лашкаркашӣ кард. Аммо лашкари Муссолинӣ баъди чанде торумор гашта, Гитлер маҷбур шуд, ба кумаки иттифоқчиаш биёяд.

саҳ 5 аз 42

Китобҳо

Flag Counter