ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 02 2022

 

30.01.1930. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радиозондро барои таҳқиқи атмосфера ба фазои ҳавоӣ баровард. Он аз ҷониби ҳавошиноси шӯравӣ Павел Молчанов ихтироъ шуда буд.

31.01.1918. Дар Петроград созмондиҳии аввалин корпуси Артиши Сурхи Коргар-Деҳқон оғоз шуд.

31.01.1924.Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР лоиҳаи аввалин Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравиро ба тасвиб расонд.

1.02.1923.Дар ш.Петроград, дар бинои №76-и кӯчаи соҳили рӯди Фонтанка аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ифтитоҳ ёфт. Баъдан ин кассаҳо дар саросари СССР ифтитоҳ ёфта, асоситарин макони пасандозкунии пул дар аввалин кишвари Шӯроҳо буданд.

1.02.1924.Англия Иттиҳоди Шӯравиро ба расмият шинохт ва бо СССР муносибати дипломатиро барқарор намуд.

1.02.1992. Президенти Русия Борис Елтсин ва ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буши калонӣ дар шаҳри Кэмп-Девиди ИМА эъломияи якҷояро оид ба хатми ҷанги сард ба имзо расониданд. Ин ҷанг, ки беш аз 40 сол зидди СССР идома дошт, бо пирӯзии комили кишварҳои ғарбӣ ба поён расида, ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо дар арсаи таърих хотима дод.

2.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактабҳо аз калисо ҷудо шуданд.

2.02.1943. Анҷоми ҳарби Сталинград. Артиши 6-и фелдмаршал Паулюс, ки дар шаҳри соҳили Волга ба муҳосира гирифта шуд, таслим гардида, Артиши Сурх яке аз пирӯзиҳои муҳими худро дар рафти ҶБВ ба даст овард.

2.02.1982. Дар СССР чархболи Ми 26 ба истифода дода шуд. Он тавонист 10 тонн борро ба баландии 6,4 км бардорад ва бузургтарин чархболи СССР будӣ.

3.02.1918. Русияи Шӯравӣ бо декрети КМИ тамоми қарзҳои дохилӣ-берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққатро бекор карда, аз пардохти онҳо сарфи назар намуд. Ин қарзҳо беш аз 60 млрд рубли русиро ташкил медоданд ва боиси сар задани ҳуҷуми ҳарбии кишварҳои Антанта ба РСФСР шуданд. ИМА низ бо баҳонаи напардохтани қарзҳо ҷазираи Аляскаро, ки аз Русия ба муҳлати 100 сол иҷора гирифта буд, бозпас надод.

Чоршанбе, Янв 26 2022

 

23.01.1924. Ҳукумати шӯравӣ қарор оид ба сохтмони мақбара барои Владимир Илич Ленинро ба тасвиб расонд. Ленин мумиёӣ карда шуд ва дар мақбараи махсусе дар Майдони сурхи Маскав ҷой гирифт.

24.01.1918. Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими аврупоиғарбиро дар Русияи Шӯравӣ пазируфт. Шаҳрвандони аввалин кишвари шӯроҳо 31 декабр ба хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Ҳамин тариқ, с.1918-ро мешавад кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русияи Шӯравӣ унвон кард.

24.01.1922. Дар қаламрави РСФСР бо қарори КИМ кулли шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари бақайдгирӣ барҳам дода шуданд. Тамоми шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бе мамониат дар қаламрави Русияи шӯравӣ ҳаракат кунанд.

24.12.1924. Ҳукумати шӯроҳо баъди марги Ленин ш.Петроградро ба Ленинград тағйири ном дод.

24.01.1976. Рӯзномаи «Красная Звезда» бори аввал сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчерро «бонуи оҳанин» номида, ин ном барои солҳои сол тахаллуси Тэтчер шуд.

25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо Қарор «Оид ба бекор кардани ҳолати ҷангӣ миёни СССР ва Олмон”-ро ба тасвиб расонид. То ин замон СССР бо Олмони дигар вуҷуд надошта, дар ҳолати ҷанг қарор дошт.

26.01.1980. Конодо низ дар қатори ИМА Бозиҳои олимпии Маскавро байкот карда, варзишгаронашро ба ин бозиҳо нафиристод.

27.01.1924. Дар майдони Сурхи Маскав маросими дафни В.Ленин баргузор гардид. Ӯро миёни Қабристони бародарии қаҳрамонони фавтидаи инқилоби Октябрӣ, дар мақбараи махсус сохташуда-Мавзолей дафн карданд. Майи с.1924 Мавзолейро бозсозӣ карда, ба бинои боҳашамати минбардор табдил доданд. С.1930 бошад мақбара бори дигар бозсозӣ карда шуд ва ин бор онро аз санги хоро бунёд карданд.

27.01.1987. Роҳбари СССР Михаил Сергеевич Горбачев дар пленуми КМ ҲКИШ бори аввал замони ҳокимияти Леонид Брежневро «давраи рукуд» номида, фарорасии «давраи ошкорбаёниро» эълон намуд.

28.01.1918.В.Ленин Декрет оид ба созмон додани Артиши Сурхи Коргари Деҳқониро ба имзо расонид.

Чоршанбе, Янв 19 2022

 

17.01.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ гурӯҳи асосии артиши Деникинро торумор намуд. Шикасти Деникин рафти ҷанги шаҳрвандиро тағйир дод ва аз ин баъд сафедҳо натавонистанд зидди Артиши сурх муқовимат намоянд.

17.01.1960.Тӯфони шадид дар Уқёнуси Ором 3 сарбози шӯравӣ-Зиганшин, Поплавский ва Федотовро ба уқёнуси кушод бурд ва онҳо 49 рӯз бе обу хӯрокворӣ дар уқёнус боқӣ монданд. Ахир, сарбозонро баъди 49 рӯз горди соҳилии ИМА наҷот дод.

17.01.1961. Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр бори охир аз ТВи кишвараш ба мардуми ИМА муроҷиат кард. Мавзӯи гуфтугӯи ӯ «ҷанги сард» гардид. Президент мардуми Амрикоро аз хатари рушди комплекси ҳарбии кишварашон ҳушдор дод.

17.01.1961. Дар Конго бо фармони генерал Мобуту, аввалин сарвазири Ҷумҳурии Демократики Конго Патрис Лумумба ба ҳабс гирифта шуд ва сипас ба қатл расид. Лумумба яке аз намодҳои озодихоҳӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва дар СССР ба номи ӯ донишгоҳеро низ гузоштанд.

18.01.1943.Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна кард. Ленинград тирамоҳи с.1941 аз ҷониби артиши немисӣ, нерӯҳои финн ва дивизияи кабуди испанӣ муҳосира шуда буд. Дар тӯли муҳосираи сесола мардуми шаҳр ба гуруснагии сахт гирифтор шуда, беш аз 1 млн аҳолии он аз гуруснагӣ мурданд.

18.01.1947. Дар СССР вилояти Сахалин таъсис дода шуд. Ба ин вилоят ҷазираи Сахалин ва галаҷазираҳои Курил шомил шуданд. Ҳамагӣ ба ин вилояти нав 59 ҷазира дохил карда шуданд, ки қисмате аз онҳоро Ҷопон то ҳол моли худ медонад.

18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Никита Хрушев оид ба азнавсозии хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонид. Тибқи ин лоиҳа дар саросари СССР кишти ҷуворимакка роҳандозӣ шуд, ки зиёни фаровоне ба иқтисоди шӯравӣ расонид.

Чоршанбе, Янв 12 2022


10.01.1920. Дар Женева созмони нави умумиҷаҳонӣ бо номи Лигаи Миллатҳо таъсис дода шуд. Ин созмон шабеҳи СММ имрӯза буд ва мебоист масоили баҳсбарангези миёни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Роҳбари Шӯравӣ Владимир Илич Ленин дар бораи ин созмон фармуда буд: «Лигаи Миллатҳо танҳо дар коғаз иттиҳод ба шумор меравад, дар асл инҳо гурӯҳи ҳайвоноти дарранда аст». Иттиҳоди Шӯравӣ с.1934 ба Лигаи Миллатҳо шомил ва баъди 5 сол аз ин созмон хориҷ карда шуд.

10.01.1937. Дар СССР роҳбари собиқи Комсомоли шӯравӣ ва яке аз созмондиҳандагони ин ташкилот Лазар Абрамович Шатскин ба қатл расонида шуд.

11.01.1919. Дар Русияи шӯравӣ Продразвертка ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин сиёсат деҳқонон мебоист тамоми гандум ва орди зиёдатии худро бе пул ба давлат месупориданд. Продразвертка-системаи зихира кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, яке аз аносури сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба шумор мерафт ва то с.1921 дар РСФСР идома ёфт.

11.01.1935. Нерӯҳои баҳрии СССР дар Шарқи Дур ба Флоти Уқёнусиоромии СССР тағйири ном карданд. Аввалин фармондеҳи Флоти ҷадид М.В.Викторов таъин шуд.

12.01.1913. Иосиф Ҷугашвилӣ бори аввал навиштаҳои худро бо тахаллуси «Сталин» имзо намуд.

12.01.1955. Дар СССР сохтмони космодром (фазопаймо)-и Байконур оғоз гардид. Байконур баъди фурӯпошии СССР ба Қазоқистон гузашт ва Русия онро то с.2050 ба иҷора гирифт.

12.01.1989. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин охирин барӯйхатгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо буд ва тибқи он аҳолии СССР 286 млн. 717.000 нафарро ташкил дод.

13.01.1991. Нерӯҳои Артиши шӯравӣ бинои ТВи Вилнюсро тасарруф карданд. Ин рӯз дар Литва ҳамасола чун Рӯзи мудофеъони озодӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

14.01.1918. Русияи Шӯравӣ ва Финляндия ба тақвими нави григорианӣ гузаштанд.

14.01.1962. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ хатти интиқоли нафтии «Дружба» (Дустӣ) ба кор даромад. Ин хат нафтро аз Сибири ғарбӣ ба Аврупо интиқол медод. 

15.01.1994. Дар Туркманистон референдуми мардумӣ баргузор шуд. Тибқи он 99,9% аҳолии кишвар барои бекор намудани интихоботи президентӣ ва дароз кардани мӯҳлати президентии Сафармуҳаммад Ниёзов (Туркманбошӣ) то с.2002 овоз доданд.

Чоршанбе, Янв 05 2022

 

3.01.1906. Дар Русияи подшоҳӣ бо иттиҳоми узвият дар дастаҳои ҷангии эссерон, адвокат Александр Керенский ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот узвияти ӯро дар ин дастаҳо натавонист собит кунад ва ӯ баъди чанде аз зиндон озод гашт. С.1917 Керенский дар раъси Ҳукумати муваққати Русия қарор гирифт ва маҳз дар замони ӯ болшевикон ба сари қудрат омаданд.

3.01.1940. Финҳо ҳангоми ҷанги шӯравиву фин ба болои Ленинград 3 млн варақаи зиддишӯравӣ партофтанд.

4.01.1904. Дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева аввалин шумораи рӯзномаи болшевикии «Вперёд» (“Ба пеш”) нашр шуд. Рӯзнома аз ҷониби Владимир Ленин баъди рафтанаш аз «Искра» роҳандозӣ шуда буд ва ҳамагӣ 18 шумора рӯи чоп омад.

4.01.1943. Маҷаллаи амрикоии «Тайм» баъди натиҷагирии рӯйдодҳо ва ашхоси дар онҳо фаъоли с.1942, роҳбари СССР Иосиф Виссарионович Сталинро «Одами сол» эълон намуд.

4.01.1980. Президенти ИМА Ҷимми Картер бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард. Баҳона барои ин таҳрим вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон гардид.

5.01.1918.Русияи Шӯравӣ бо декрети ШКХ ба имлои нав гузашт ва имлои кӯҳнаи Русияи подшоҳӣ, ки дар охири бештари калимаҳо аломати сакта гузошта мешуд, бекор карда шуд.

5.01.1919. Дар Мюнхени Олмон Ҳизби коргарии немис таъсис дода шуд. Ин ҳизб 1 сол баъд ба Ҳизби натсионал-сотсиалистии коргарии немис тағйири ном кард ва с.1933 дар интихобот пирӯз шуда, сарвари он Адолф Гитлер зимоми қудратро дар Олмон ба даст гирифт.

5.01.1949. Дар Маскав машварати намояндагони СССР, Руминия, Булғористон, Венгрия, Полша ва Чехословакия доир шуд. Дар натиҷа намояндагони давлатҳои иштирокчӣ қарор доданд Шӯрои Ёрии Иқтисоди (СЭВ)-ро созмон диҳанд. Ин Шӯро яке аз асоситарин ниҳодҳои иқтисодии кишварҳои сотсиалистӣ гардид.

Чоршанбе, Дек 29 2021

27.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КИМ ва ШКХ қонуни назорати коргарӣ ба тасвиб расид.

27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудинскийи Сибири Шарқӣ адмирал Колчак яке аз боризтарин чеҳраҳои муқовимати зиддиболшевикӣ ба ҳабс гирифта шуд. Болшевикон баъди чанде ӯро дар Иркутск ба қатл расониданд ва чорае ҳам ҷуз ин надоштанд. Яке аз содиқтарин пайравони ӯ, генерал Владимир Оскарович Каппел вақте фаҳмид, ки Колчак дар Иркутск асир шудааст, ба ёрии ӯ шитофт. Дар Сибири Шарқӣ зимистони қаҳратун ҳукмрон буд ва сафедҳо ба ин нигоҳ накарда, ҷониби Иркутск ҳаракат карданд. Каппел баъди чанде ҳангоми убури дарёи Кан бо асп зери ях фурӯ рафт ва 29 январ мурд. Аммо ин ҳам сафедҳоро боз надошт. Ба ҷои ӯ, генерал Войтсеховский фармондеҳ шуд ва артиши сафедӣ ҳаракати худро ҷониби Иркутск идома дод. Ахир, сармозадаву бемадор, ҳудуди 3-4 ҳазор аскари сафед 30 январ ба роҳи оҳан баромада, баъди истироҳати кӯтоҳ ба Иркутск ҳамла карданд. Набарди Иркутск яке аз шадидтарин даргириҳои ҷанги граждании Русия аст. Тарафҳо дар ин ҳарб ҳатто асир намегирифтанд. Билохира, сафедҳо хатти мудофиаи болшевиконро рахна карда, ба 7 км Иркутск наздик шуданд. Ба соати 12 фардои рӯзи дигар ҳуҷуми ҳалкунандаи Иркутск бояд сар мешуд, аммо чехҳои сафед ҳукумати болшевиконро дар Иркутск наҷот доданд. Чехҳо аз Войтсаховский талаб карданд, ки аз воридшавӣ ба Иркутск худдорӣ кунад ва дар сурати акс онҳо сӯи болшевиконро гирифта бо сафедҳо меҷанганд.

27.12.1929. Роҳбари СССР Иосиф Сталин оғози коллективикунонии сартосарӣ дар СССР ва гузаштан ба сиёсати «маҳви кулакҳо ҳамчун синф»-ро эълон кард.

27.12.1932. Бо қарори КИМ ва ШКХ дар СССР системаи паспортӣ ва бақайдгирии умумии аҳолӣ дар ҷои зист ҷорӣ карда шуд.

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи ГРУ ва КГБ СССР қароргоҳи президенти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ишғол намуданд.

саҳ 5 аз 53

Китобҳо

Flag Counter