ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Дек 23 2021

 

19.12.1946. Оғози ҷанги Фаронса дар Ветнам. Дар натиҷа, Ветнам ба 2 давлати мустақил-Ҷумҳурии демократии Ветнам бо пойтахташ дар Ханой ва Ҷумҳурии Ветнам бо пойтахташ дар Сайгон тақсимбандӣ гардид.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР-ш.Маскав меҳмонхонаи «Маскав» ифтитоҳ ёфт. Он яке аз бузургтарин меҳмонхонаҳои шӯравӣ ба шумор мерафт ва меҳмонони хориҷии пойтахти СССР дар ин меҳмонхона ҷой дода мешуданд.

20.12.1938. Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуданд.

20.12.1944.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи илмҳои тиббии СССР таъсис дода шуд.

20.12.1991. Бо қарори ҳукумати Русия Бонки давлатии СССР барҳам дода шуд ва тамоми дороии он дар ҳудуди РСФСР ба ихтиёри Бонки марказии РСФСР (Бонки Русия) гузашт.

21.12.1940.Артиши Сурх аввалин намунаҳои силоҳи автоматӣ «пистолет-пулемёти Шпагин» (ППШ)-ро дарёфт кард. ППШ, ки аз ҷониби силоҳсоз Георгий Шпагин сохта шуда буд ва бо тири 7,62 мм таҷҳизонида мешуд, яке аз муваффақтарин силоҳҳои автоматӣ дар ҶБВ ба шумор мерафт.

22.12.1943. ШКХ СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро тасдиқ кард.

23.12.1947.Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР 1 январ рӯзи идона ва истироҳат эълон карда шуд.

24.12.1989. Анҷумани дуввуми вакилони мардумии СССР бо қарори махсуси худ вуруди нерӯҳои Артиши шӯравиро ба Афғонистон, ки моҳи декабри с.1979 иттифоқ уфтода буд, маҳкум кард.

25.12.1917. Таъсиси РСС Украина. Украинаи шӯравӣ аз с.1922 то с.1991 дар ҳайъати СССР қарор дошт ва с.1991 истиқлолияти худро касб кард ва Ҷумҳурии Украина тағйири ном намуд.

25.12.1939.Дар матбуоти шӯравӣ телеграммаи ҷавобии Иосиф Сталин ба Гитлер ва Рибентропп нашр карда шуд. Дар он аз ҷумла омада буд: «Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун васл шудааст, бояд дурудароз ва поянда бимонад».

 25.12.1991. Соати 19:00 Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев бори охирин аз ТВ марказии СССР баромад намуда, гуфт:

Чоршанбе, Дек 15 2021

 

12.12.1937. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Порис ширкат варзид. Ин намоишгоҳ бо шиори «Санъат ва техноложӣ ва ҳаёти муосир» баргузор гардида, СССР дастовардҳои назаррасе дар он ба намоиш гузошт.

12.12.1949. Иттиҳоди Шӯравӣ Конвенсияи Женеваро бобати муҳофизати қурбониёни ҷанг имзо кард.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарор дод, нерӯҳои низомии СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунад. Баъди чанде, аввалин воҳидҳои низомии Артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданду ҷанги хонумонсузе дар ин кишвар оғоз гардид. Нерӯҳои Шӯравӣ танҳо соли 1989 Афғонистонро тарк карданд.

12.12.1993. Дар Русия бо овозидиҳии умумимардумӣ Сарқонуни Русияи Федеративӣ қабул карда шуд. Ин рӯзро дар Русия аз соли 1994 чун Рӯзи Сарқонун ҷашн мегиранд.

13.12.1969. Дар шаҳри Нижне Камски Тотористон сохтмони заводи мошинсозии Камск оғоз карда шуд. КамАЗ соли 1976 аввалин мошинҳои боркашро истеҳсол намуда, имрӯз ҳам мошинҳои ин ширкат дар роҳҳои собиқ Иттиҳод зиёд дида мешаванд.

14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо давлатӣ гардонида шуданд.

15.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. ВСНХ олитарин ва марказитарини ниҳоди идораи хоҷагии халқи Русия ба шумор мерафт. 

15.12.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системи мушакии балистикии байниқорраӣ (межконтинентальный) Р-7 ба истифода дода шуд. Ин системаро С.Королев ихтироъ кард ва акнун мушакҳои шӯравӣ метавонистанд ИМА-ро ҳадаф қарор диҳанд.

15.12.1991. СММ қарори қаблии худро, бобати нажодпарастӣ будани сионизм, ки соли 1975 қабул карда буд, бекор кард. Акнун СММ сионизмро, ҳаракати миллии қавми яҳуд, ки мақсади он мутаҳидкардан ва эҳёи миллати яҳуд дар сарзамини таърихӣ мебошад, унвон кард.

17.12.1926. Дар СССР аввалин саршумории аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи ин саршуморӣ аҳолии СССР 147 027 915 нафарро ташкил намуд.

Чоршанбе, Дек 01 2021

 

29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди когаронашон аз 10 нафар зиёд буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1941. Немисҳо дар деҳаи Петришевои назди Маскав яке аз тахрибкорони шӯравӣ Зоя Анатолевна Космодемянская ба дор овехтанд. Ӯ аъзои гурӯҳи тахрибкории фронти Ғарбӣ ба шумор мерафт. Ин гурӯҳ мебоист тибқи фармони №0428-и Иосиф Сталин «Оид ба сӯзонидани ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин дар ақибгоҳи душман» 10 деҳаро дар назди Маскав ба оташ мекашид. Зоя ҳангоми оташ задани чанд хона дар деҳаи Петришево ба дасти немисҳо афтида, бераҳмона ба қатл расонида шуд. Ӯ аввалин зане гардид, ки дар рафти ҶБВ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардонида шуд.

30.11.1939. Оғози ҷанги Шӯравӣ бо фин. Нерӯҳои фронти Ленинград дар гарданаи Карел ба ҳуҷум мегузаранд ва Лигаи миллатҳо бошад СССРро таҷовузгар хонда, аз ҳайати худ хориҷ мегардонад.

30.11.1979. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ гардонида шуданд.

2.12.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави РСФСР мамнуъ эълон карда шуд.

2.12.1956. Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар музофоти Ориентаи Куба ба хушкӣ фуруд омад ва муборизаи мусаллаҳонаро алайҳи ҳукумати Батиста оғоз намуд. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

3.12.1917. Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бо Муроҷиатномаи якҷоя ба тамоми мусалмонони Русия ва Шарқ баромад карданд. 2 роҳбари болшевик аз мусалмонон хостанд барои озодӣ аз ҳар навъ истисмор ба мубориза бархезанд. Муроҷиатнома «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусалмони Русия ва Шарқ» ном гирифт.

3.12.1945. Дар ИМА лоиҳаи «Троян» ба тасвиб расид. Тибқи лоиҳа ИМА мебоист 1.01.1950 ҷанги тамомайёри атомиро алайҳи СССР шурӯъ мекард.

3.12.1951. Дар Туркия барои роҳбарони ташкилотҳои коммунистӣ ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд. Аз ин ба баъд ҳар роҳбари коммунист дар ин кишвар мебоист ба қатл мерасид.

3.12.1959. Дар заводи Адмиралтейскийи Ленинград аввалин киштии атомии яхшикан дар дунё, киштии яхшикан (ледокол)-и Ленин сохта ба истифода дода шуд.

Чоршанбе, Нояб 24 2021

 

22.11.1934. КИМ СССР ва ШКХ СССР дастуруламал оид ба Комиссариати халқии мудофиаро ба тасвиб расонид. Комиссариати нав тавассути ба ҳам омадани Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода шуд.

23.11.1955. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР «манъи исқоти ҷанин (аборт)» бекор карда шуд. Тибқи қарори нав, ҳар зан худ масъалаи модар шуданро мебоист ҳал мекард ва агар мехост сиқти ҷанин мекард. Ин қонун то ба имрӯз ҳам дар бештари ҷамоҳири собиқ Иттиҳод амал мекунад.

25.11.1918. Розике Швиммер фаъоли зидди ҷанги (патсефист) венгерӣ, сафири ин кишвар интихоб карда шуд. Ӯ аввалин сафири зан дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ гардид.

25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор оид ба сохтмони Днепрогэсро ба тасвиб расонид. Он яке аз бузургтарин сохтмонҳои индустриалии СССР гардид ва дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Замони ҶБВ онро хароб ва баъди ҷанг дар зарфи муддати кӯтоҳ дубора бунёд карданд.

26.11.1942.Миёни ҳукумати СССР ва намояндагони ҳукумати дар муҳоҷират будаи Фаронса созишномае ба имзо расид, ки тибқи он дар ҳудуди СССР дастаи ҳавоии фаронсавӣ созмон дода шавад. Ин даста баъди чанде ба полки ҳавоӣ табдил ёфт ва бо номи «Нормандия-Несан» дӯшодӯши ҳавонавардони шӯравӣ бо немисҳо меҷангид.

26.11.1992. Дар Ҷумҳурии Литва Алгирдас Бразаускас-собиқ котиби аввали ҲКи ин кишвар ба ҳайси президенти Литва интихоб шуд.

26.11.1917. Дар назди девори Кремли Маскав ҷасади 238 қаҳрамони инқилоби Октябрӣ ба хок супорида шуданд. Баъди 3 рӯз дар ҳамин мавзеъ ҷасади юнкерҳо, ки зидди ҳамин қаҳрамонон меҷангиданд, ба хок рафтанд. Болшевикон ин маросимро таҳаммул карданд, аммо баъди чанде қабристони бародариро барҳам заданд.

26.11.1924. Муғулистон ҷумҳурии халқӣ эълон карда шуд ва дар ин кишвар якумин Сарқонун тавассути хурали бузурги мардумӣ қабул карда шуд. Муғулистон баъди ин ба лагери сотсиалистӣ ҳамроҳ шуд ва ҳудуди ин лагер 2 баробар афзуд.

26.11.1971. Дар СССР бо қонуни махсус ҳаҷми ниҳоии музди меҳнати моҳонаи коргарон ва хизматчиён 70 рубл муайян шуд. Ин ҳаҷми музди меҳнат дар 20 соли оянда қариб бе тағйир боқӣ монд.

Чоршанбе, Нояб 17 2021

 

15.11.1920. Дар Женево-пойтахти Швейтсария аввалин нишасти Маљлиси Лигаи Миллатњо оѓоз шуд. Он ќариб 30 сол љойгузини СММ буд ва њамон замон њам эътибори чандоне надошт.

15.11.1923.Дар СССР ГПУ ба ОГПУ таѓйири ном кард ва аз њайъати НКВД бароварда шуд. Бо ин кор чекистонро аз ќудрати судї мањрум карданд.

15.11.1923.Таварруми азим дар Олмон. Дар ин рўз саррофињои Берлин 1 доллари амрикоиро бо нархи 4 триллион марка мехариданд.

15.11.1982. Маросифи дафни котиби генералии ЊКИШ, Леонид Брежнев дар Майдони Сурхи Маскав. Ваќте љасадро ба ќабр мегузоштанд, тобут аз бандњо канда шуд ва якбора ба замин уфтод. Ў яке аз 10 нафар аз роњбарияти олирутбаи шўравї буд, ки номаш дар ќатори санги хороии девори Кремлин дарљ шуд.

16.11.1921.Дар Русияи Шўравї Бонки давлатии РСФСР ба кор сар кард. Амалиёти пулї тариќи њамин бонк анљом дода мешуданд.

16.11.1922.Њукумати болшевикї, албатта бо дархости мардум 1 идда аз намояндагони ќишри зиёиро аз СССР табъид ва намояндагони ин ќишрро бо киштии мусофирбари «Пруссия» аз Русияи шўравї хориљ карданд.

16.11.1933.СССР бо ИМА муносибати дипломатиро барќарор кард.

16.11.1938.Дар СССР Кумитаи умумииттињодии корњои тарбияи љисмонї ва спорт бо фармони худ самборо “аз љињати гуногуншаклии усулњо ва ањамияти дифої» навъи спорти бисёр боарзиш номида, ин рўзро рўзи таваллуди расмии ин навъи гўштин мењисобанд.

17.11.1919.Бо ќарори Шўрои Инќилобии РСФСР Корпуси саворавї унтер-афсари собиќ Семен Буденный ба Армияи якуми савора табдил дода шуд. Армияи якуми савора, ки бештар аз казакњои болшевикшуда таркиб ёфта буд, дар ѓалабаи болшевикон наќши муњим гузошт.

17.11.1923.Дар њайъати НКВД хадамоти нозирони минтаќавии милитсия таъсис ёфт.

17.11.1938. Дар СССР ШКХ ва Бюрои сиёсї ќарор «Бобати боздошт, назорати прокурорї ва бурдани тафтишот»-ро ќабул кард. Тибќи он, тамоми гурўњњои дугона ва сегонаи ѓайрисудї дар кишвар барњам дода шуда, боздошти афрод танњо бо ќарори суд ё иљозаи прокурор меанљомид.

17.11.1941.Дар СССР Фармони №0428-и Ќароргоњи Сарфармондењ содир шуд, ки дар он гуфта мешуд: «Тамоми нуќоти ањолинишин дар аќибгоњи артиши немисї бояд яксара хароб ва сўзонида шаванд».

18.11.1956.Котиби аввали ЊКИШ Н.Хрушев њини ќабули кормандони хадамоти дипломатии ИМА дар суханрониаш ба онњо гуфт: «Мо шуморо мегўронем!»

Чоршанбе, Нояб 10 2021

 

8.11.1917. Шӯриши болшевикон дар Маскав. Баъди пирӯзӣ дар Петроград болшевикон дар Маскав алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ шӯриш карданд ва баъди задухӯрдҳои шадид тавонистанд пойтахти дуввуми кишварро низ ба тасарруфи худ дароранд.

8.11.1920. Артиши Сурх истеҳкомҳои Перекопро ишғол намуданд. Перекоп охирин садд дар роҳи ишғоли Қрим ба шумор мерафт. Ин нимҷазира охирин такягоҳи генерал Врангел ва нерӯҳояш буда, баъди ишғоли он сафедҳо ба пуррагӣ торумор гардиданд.

8.11.1943. Дар СССР ордени ҳарбии Ғалаба ва ордени Шарафи седараҷаӣ таъсис дода шуданд.

9.11.1923. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер баъди пивонӯшӣ дар пивохонаҳои Мюнхен нерӯҳои худро ба майдони марказии ин шаҳр баровард ва кӯшиш кард, ки ҳукуматро дар Мюнхен ғасб намояд. Аммо низомиёни олмонӣ садди роҳи фашистон шуда, шӯриши нозиҳоро пароканда карданд. Худи Гитлер ва Геринг дар рафти ин шӯриш ҷароҳат бардоштанд.

9.11.1940. Дар макотиби миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.

9.11.1989. Оғози шикасти девори Берлин. Дарозии девори Берлин 45 км-ро ташкил медод ва дар ҷамъ девор миёни Олмони шарқӣ ва Ғарбӣ 120 км дарозӣ дошт.

10.11.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори комиссариати корҳои дохилӣ, ниҳоди милиса расман таъсис дода шуд.

10.11.1961. Сталинград ба Волгоград тағйири ном кард. Номи қадимаи ин шаҳр Царицин буд ва ҳангоми номгузорӣ аз он дигар касе ёд накард, аммо номи Сталинград ба хотири муҳорибаи шадиди ҶБВ барои ҳамеша дар таърих боқӣ монд.

10.11.1982. Леонид Илич Брежнев-котиби генералии ҲКИШ аз олам чашм пӯшид. Брежнев аз соли 1964 то соли 1982 ба Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ кард. 

12.11.1970. Дар Покистон боди тунд, ки суръаташ ба 240 км дар соат мерасид ва мавҷи баландиаш 15 метр, сабаби марги 150.000 одам шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо, теъдоди қурбониёни ин фоҷеъа 300-400 ҳазор нафарро ташкил намуд ва ин фоҷеъа бузургтарин офати табиии қарни ХХ шинохта шудааст.

12.11.1982. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов ба ҳайси котиби генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.

саҳ 6 аз 53

Китобҳо

Flag Counter