ХАБАРИ ДОҒ

Бехатарӣ: мушкилоти асосӣ дар бунёди биноҳои баландошёна

  • Чоршанбе, Июл 26 2023

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз гардиши офтоб...

 

Душанбеи дирӯз ва имрӯз

Тӯли чанд соли охир симои пойтахти кишвар куллан дигаргун гардида, дар шаҳр биноҳои наву замонавӣ қомат афрохтанд. Бо гаштугузор дар дилхоҳ нуқтаҳои шаҳр биноҳои баландошёна пешорӯи мо падид хоҳанд омад, ки ба назар зебову диққатҷалбкунанда буда, мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифтаанд. Душанбе, ки худ дар замони шуравӣ бо бунёди иморатҳои сталиниву хрушёвӣ ба шаҳр мубаддал гардидаст, имрӯз бо қомат афрохтани биноҳои зебои буланд дар ОМ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб гардидааст.

Замони шуравӣ барои бунёди биноҳои баландошёна дар ш.Душанбе иҷозат дода намешуд, зеро мутахассисон чунин меҳисобиданд, ки он ба релефи маҳал ва зилзила мутобиқу тобовар нест. Аммо алҳол биноҳои аз 20 ошёна баланд ҳам сохта шуда истодаанд, ки ҳамагӣ зебову мустаҳкаманд, -мегӯянд мардум.

 

40-ошёна месозем!!!

Бунёди биноҳои баландошёнаи хуштарҳу замонавӣ агар аз 1 тараф ба зебоии пойтахт мусоидат намояд, аз дигар ҷониб дар таъмини сокинон бо ҷойҳои кории муваққатӣ ва доимӣ нақш мебозад. Тибқи нақшаи куллӣ-Генплан бояд биноҳои 2-3 ва ҳатто 4 ошёна тахриб ва ба ҷойи онҳо биноҳои баландошёна сохта шавад. Айни ҳол бунёди биноҳои на кам аз 9 ошёна дар шаҳри Душанбе иҷозат мебошад. Ҳамчунин то соли 2040 бунёди биноҳои то 40 ошёна низ дар назар дошта шудааст!!!

 Аҳолӣ сол аз сол зиёд ва ҳамзамон ҳудуди пойтахт, ки бо ҳамроҳ кардани маҳалҳои зиёде васеъ мегардад, барои таъмини мардум бо манзилҳои истиқоматӣ тангӣ мекунад. Зимнан бунёди биноҳои баландошёна судманд ҳисобида шудааст. Вале аз суръати тези қомат афрохтани биноҳо сокинон дар ташвиш афтодаанд.

Шаҳрванд С. Ғафурова қайд менамояд, ки ’’дар замони шуравӣ барои сохтани иморатҳо муддати мадиде сарф ва барои бунёд низ аз масолеҳи гаронарзиш истифода карда мешуд, то бино мустаҳкам ва ба ҳар гуна ҳолату ҳодисаҳо тобовар бошад. Вале имрӯз дида истодаем, ки аксари биноҳо ба зудӣ, ҳатто дар муддати 1-1,5 сол қомат меафрозанд.’’

 

Назорати биноҳои навсохт

Пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия ва Сурия шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз мустаҳкамии биноҳои навсохт шубҳа намуданд. Ба ин хотир, шуруъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар аксари биноҳо санҷишҳо гузаронида шуд. Сокинон гарчанде аз ин иқдом шод гардида бошанд ҳам, вале гуфтанд, ки санҷиши ҳаматарафаи биноҳо бояд қабл аз сохтмон ва мавриди истифода қарор додани он гузаронида шавад.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки биноҳои баландошёнаи шаҳр ба заминларзаи 8,5-9 балл тобовар мебошанд. Барои бунёди иншоот дар мамлакат вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.

  

Сифати корҳои сохтмонӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 13 июл аз мақомоти шаҳр дархост намуд, ки назоратро бар сифати корҳои сохтмонӣ пурзӯр намуда, камбудиҳои ҷойдошта дар самти мавқуф гузоштан ё тӯл кашидани корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасониро бартараф намоянд.

Сифати корҳои сохмонӣ ҷузъи асосии бунёди дилхоҳ бинову иншоот ба ҳисоб меравад. Зеро мутобиқсозии иншооти бунёдшаванда ба сатҳи замин ва ба инобатгирии ҳолати мустаҳкамии он дар вақти рӯй додани ягон ҳодисаи табиӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, сифати корҳои сохтмонӣ ва бо тарҳи замонавию шарқиёна бунёд намудани бинову иншоотҳо зери назорати мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохмон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳру ноҳияҳо ва лоиҳаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

 

Бехатарӣ таъмин нест!

Айни ҳол сохтмони иншоотҳои зиёде дар пойтахт босуръат идома дорад. Мусаллам аст, ки намуди зоҳирии бино наметавонад ҷавобгӯи кафолати сифати он бошад. Аз майдони сохтмони чанд биное, ки дар пойтахт мо дидан намудем, махсусан шуруъ аз назди бинои Парлумони кишвар то маркази савдои АШАН, инчунин болотар аз маркази савдои Садбарг ва дигар ҷойҳо ҳолати бехатарӣ қариб, ки таъмин нест. Гирди иншоотҳои бунёдшаванда ҳарчанд маҳкам карда шуда ҳам бошанд, вале мутаассифона, назди аксари ин биноҳо роҳ барои гузаштани пиёдагардон гузошта шудааст, ки зиёд ҳам хатарнок мебошад.

Ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки кранҳои борбардор аксараш болои роҳи пиёдагард ва бархеаш болои роҳи мошингард гузошта шудаааст, ки хатари ҷиддие пеш меоварад. Гарчанде бархе кранҳои борбардор холиву рӯйи роҳанд, баъзеи дигар бо бори вазнин овезонанд, ки дар сурати ягон ҳодисаи техникӣ рӯй додан, метавонад боиси ҳаводиси нохуше гардад.

 

Кран болои роҳ! Агар афтад…

Чунин ҳолатҳои ногуворро дар шаҳри Душанбе солиёни қабл мардум бо чашми худ дидаанд, ки сарозер афтидани кран боиси ҷароҳат ва ҳатто ҳалокати шаҳрвандон гардидааст. Дар бисёр ҳолат афтиши бор ба поён низ ҳолатҳои нохушро пеш овардааст. Сокинони шаҳр низ аз он нигаронӣ намуданд, ки барои бехатарӣ аз ҷониби сохтмончиён чораҳои зарурӣ андешида намешавад. Меҳроҷи Назар, сокини пойтахт дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки ’’алҳол биноҳо ба ҳамдигар хело зич ҷойгир шудаанд. Хонаҳои навсохт аз як тараф ҳам гаронарзишанд ва ҳам ба мустаҳкамии он мардум бовар надоранд. Бештари одамон хонаҳои шуравибунёдро авлотар меҳисобанд. 1 мушкилии дигар ин аст, ки аксари иморатҳо паҳлуи хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, ки аз садои баланди асбобҳои сохтмонӣ мардум ноҳинҷор гаштаанд.’’

Гувоҳи яке аз чунин ҳодисаҳо дар номаи шикоятии 1 нафар сокини пойтахт ба шаҳрдори Душанбе мебошад, ки чанде пеш дар матбуоти даврӣ нашр гашта буд. Аз ҷумла дар он гуфта шудааст, ки паҳлуи ҳавлии истиқоматӣ бинокорон ба сохмони бинои баландошёна пардохтанд, ки аз садоҳои гуногуни асбобҳо, хишту тахтаву дигар масолеҳ оромие надорем. Баъзан ҳолат крани борбардорро рӯйи ҳавлӣ мебинем, ки хатарбор асту мо аз ин дар ҳаросем...

 

Ҷазо нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо

Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар саросари мамлакат наздики 50 адад корхонаҳои масолеҳи сохмонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 400 намуд маҳсулот истеҳсол менамоянд. Ва чуноне зикр гардидааст, масолеҳ дорои сертификат ва аксараш истеҳсоли ватанианд.

Тавре аз Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохмон иттилоъ доданд, дар сохтмон 2 намуди камбудиҳо ба қайд гирифта мешавад; камбудиҳои хатарнок ва назаррас. Ҳангоми муайян кардани камбудиҳои хатарнок ба мустаҳкамию устуворӣ аз тарафи мутахассисони Хадамот бо амрномаҳо ва қарорҳои дахлдор сохтмони биноҳо манъ карда мешавад, албатта то бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта. Ҳамзамон ин ниҳод иброз медорад, ки баъди назорат дар сохтмони бому деворҳо, корҳои пардозгарӣ, ҳуҷҷатгузории объектҳои сохтмонӣ камбудиҳо ошкор ва нисбати шахсони ҳуқуқвайронкунанда қарорҳои дахлдор муайян гардида, ҷарима пешбинӣ мегардад.

Дар соли 2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 чанд ҳодисаи нохуш дар майдони сохтмонҳо ба вуқуъ пайваставу чанд ширкати сохтмонӣ ва домсозон барои риоя накардани талабот ва қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, дар шумораҳои баъдӣ ҳатман хоҳем гуфт.

Мунтазир бошед, ки Мо Метавонем!

 

Беҳрӯзи Сайфулло,

коромӯзи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter