ХАБАРИ ДОҒ

Писари муаллимро додоям ҷаноза кард

  • Ҷумъа, Авг 12 2016


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Андешаи Ғозибеки Авазиён дар мавриди ҷаноза нашудани писари муаллим дар ноҳияи мо 100% дуруст аст. Ин матлабро чанд шумора пеш СССР чоп карда буд. Шахсан худам, вақте муллои деҳа аз ҷанозаи писари муаллим рӯ тофт, мурдаро шустам ва мӯсафеди додоям ҷанозааш кард. Аз ноилоҷӣ! Ин ҷо ягон ҳарфи дурӯғ ва воҳима нест!!! Ҳатто мо шоҳид ҳам дорем!

Назрулло Назаров,
рустои Деҳавз, н.Кӯҳистони Мастчоҳ, тел: 92 829 16 76

Аз редаксия: Ҳоло мақомот чандин аризаву баёнотро равона кардаанд, ки муллои «анти муаллим фатводода»-ро пуштибонӣ мекунанд. Браво, мардони пурҷигари Мастчоҳ, ки ҳамдиёри худро ҳифз мекунед. Шоҳидони дигар ҳам нависанд. Сари мавзуъ бармегардем. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter