ХАБАРИ ДОҒ

Ёқуб Салим дар Душанбе аст!!!

  • Душанбе, Авг 22 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 гуфтанӣ дорам. Дар ҳафтаи гузашта тамоми нашрияҳои даврӣ навиштанд, ки «Ёқуб Салимов ба Олмон, барои табобати чашмаш рафтааст». Ман дар ҳайрат мондам, ки наход ба ин дараҷа газетаҳо бе манбаъ ва таҳлил нависанд? Ёқуб ба хориҷа барои табобати чашм рафта буд, аммо на ба Аврупо! Ҳоло ман росташро мегӯям. Ёқуб на ба Олмон, балки ба Маскав рафту 3 рӯз истод ва чашмашро аз назорати табибон гузаронда, дар клиникаи машҳури Святослав Федоров ҷарроҳӣ карда, зуд ба Душанбе баргашт. Тамом!!! Ҳоло Ёқуб дар хонааш аст ва ҳавлияшро каму беш таъмир дорад. Зиндагияш осоишта! Чашмонаш мисли пештара хуб аст ва ягон озоре надорад. Дар зимн мехоҳам 1 хушхабарро ба наздикони Ёқуб расонам:

Санаи 21.06.2016, дар ҳамон рӯзи ба озодӣ баромадани Ёқуб Салим аз маҳбас, Абӯбакр-фарзанди ӯ, дар Фаронса соҳиби писарча шуд ва ба баччааш номи падараш-Ёқубро гузошт. Наберааш «копия»-и бобояш Ёқуб аст!

Ҳокимов Ҳаким,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter