ХАБАРИ ДОҒ

Танзим, «Пайкар» ва нархҳои гарони он

  • Душанбе, Сен 11 2017

Бо супориши редаксия маҳз ин рӯзу вақт ва соатро интихоб намуда, ба маркази савдои «Пайкар» меравам, то бинам, ки 1 шом пеш аз фарорасии Иди Қурбон вазъ дар фурӯшгоҳҳои калони пойтахт чӣ гуна асту мардум чӣ мехаранду чӣ мебаранд. Гумонам хато набаромад! Дар маркази савдои «Пайкар» ҷои сӯзанпартоӣ нест! Равуои харидорон, даромаду баромади онҳо, байни рафҳову қисматҳо ҷунбуҷул кардани мардум, ки хеле ва хеле зиёд буд, ба ёдам шиори давраи ҶБВро овард, ки мегуфт: «Ҳама ба фронт!», аммо ин ҷо калимаи фронтро ба харид иваз кунем дурусттар мешуд: «Ҳама ба харид!». Шояд шумо пурсед, ки чаро маҳз ба маркази савдои «Пайкар»? Барои он ки айни замон ҳама, новобаста аз шароит барои харид ба ин ҷо меоянд. Шояд чунин мӯд шуда бошад ё ин, ки худро мехоҳанд элита ҳисоб ва ба қавле 4 тангаи хешро ин ҷо сарф кунанд.

Нархҳои гарони шоколадҳои «Пайкар»
Пас аз муоинаи назди даромадгоҳ вориди толор шуда, нахуст барои гузоштани сумкаам ҷевон мекобам: Ҷевони холӣ нест! Танҳо пас аз 3-4 дақиқа зане омада, васоилашро аз ҷевон мегираду калидашро ба ман медиҳад, зеро аз пас боз чанд тани дигар дар интизори ҷевон навбат гирифтаанд. Сумкаамро маҳкам карда,  ҳамён дар даст, сабад мекобам. Дар ин қисмат низ издиҳом: Тӯдаи дастҳо, ки сӯи сабади холишуда дароз мешуд. Бо чолокӣ соҳиби 1 сабади оҳанин шуда, хурсанду масрур сӯи растаи шириниву қандҳо роҳ пеш гирифтам. Агар гӯям, ки ин ҷо саг соҳибашро намеёфт, дурӯғ намешавад. Мардум, хоса, занҳо ҳар чизеро, ки медиданд, ба нархи гарони он нигоҳ накарда, ба сабад мезаданд. Аз шоколадҳои туркии «Элит», ки 136 сомонӣ (1 кг) нарх дошт, то ирисҳои оддии «Калидчаи тиллоӣ»-ро барои дастархони идона кило-кило мехариданд ва боз ҳам байни худ мегуфтанд, ки бояд қанду шоколади қиммат гирам, то ҳамсояҳо бубинанд… Шоколадҳои миёнаи «Пайкар» 74-80 сомонӣ (1 кило) нарх дошт ва ба ин нигоҳ накарда мардум мехарид.

1 кило пистаи Тоҷик – 199 сомонӣ!
Дар қисмати хушкмеваи фурӯшгоҳ низ харидори бешумор дар интизори навбат буданд. Ман нархи пиставу бодом, мавизу зардолуи хушк ва чормағзи дар пораи харбуза печонидашударо дида, ҳуш аз сарам парид: 1 кг пистаи тозакардашудаи Тоҷикӣ 199 сомонӣ, 1 кг пистаи эронӣ 147 сомонӣ, нархи бодом то ба 120 сомонӣ дакка мехӯрд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми «камбизоат» мехарид. Хоса, кадбонуҳои мо, ки нарх барояшон муҳим набуд, барои онҳо муҳим ин аст, ки пагоҳ ҳамсоязанҳои дигар ба дастархонашон баҳо диҳанд. Ҳамон худнамоӣ ва сарфу хароҷоти беҳуда! Чун кафшҳои резинии занеро, ки пиставу бодомро 2 килоӣ мехарид, нигоҳ кардам, дилам ба ҳоли кӯдаконаш сӯхт, ки шояд ҳанӯз сару либос ва лавозимоти мактабӣ надоранд…

Ангури 18-сомониву шафтолуи 16-сомонӣ…
Нархи меваю сабзавот низ пешопеши ид мисли бозорҳои мамлакат дар «Пайкар» ба маротиб хестааст. Агар дар бозори «Саховат» 1 кг ангур 10 сомонӣ бошад, дар «Пайкар» ҳамон навъ ангур 18 сомонист. 1 ҳафта пеш нархи он 14 сомонӣ буд. Нархи 1 кг шафтолу то 16 сомонӣ дакка мехӯрад, дар бозор бошад он 9-10 сомонӣ нарх дошта, 1 ҳафта пеш чӣ дар «Пайкар» ва чӣ дар бозор аз 6-8 сомонӣ беш набуд. Нархи 1 кг помидор ва картошка дар «Пайкар» 4,8-5 сомонӣ нарх дорад ва мардум ба ин нигоҳ накарда мехариданд. 1 кг себи Тоҷикӣ 12 сомонӣ ва 1 кг анҷир то ба 18 сомонӣ мерасид! Дар бозор анҷир 8-10 сомонӣ нарх дорад! Ба ҳамаи ин гаронӣ ва қиматӣ нигоҳ накарда, мардум қанду шоколад, торту пирожнӣ, самбӯсаву салату обу нӯшокӣ мехариданд. Ба издиҳоми мардум нигоҳ карда, маъмурияти «Пайкар» боз 3 хазинаи дигари иловагӣ гузошта буду навбати харидорон то ба қисматҳои мобайнии толор рафта мерасид. Боз мо мегӯем, ки пул надорем, боз мо мегӯем, ки танзим асту дастархони хоксорона омода кунед ва боз ҳам мегӯем, ки инсоф бояд кард!

Танзим? А-у-у-уууу…
Воқеан ҳам, агар маъмурияти Танзим ва масъулини Кумитаи Дин дурбинҳои Пайкарро тамошо кунанд (о, ба хонаи камбағалҳо бо камераҳо зада медароед-ку?!), пас бо 2 чашми сар мебинанд, ки ин бонуҳои серпулу пурхаридор занҳои хонаводаҳои элитаи Тоҷикистонанд ва маҳз онҳо дар Рӯзи Иди Қурбон Танзимро зада…бубахшед, риоя(!) намекунанд. Мо Метавонем! А, вам слабо???

Мину Аминзода
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter