ХАБАРИ ДОҒ

Муллоҳои мо секспарастанд!

  • Душанбе, Сен 18 2017


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 3 шумора пеш дар газетаи СССР 1 андешаи ман бо номи «Шароби аз мулло дида беҳтар» чоп шуд. Дар шумораи гузаштаи СССР бошад 1 хонанда-Саид Камолзода аз н.Восеъ дар меҳмонхонаи СССР гуфтааст, ки “зидди навиштаҳои Ғ.Асоев ҳастам”. Ман ҳамеша зидди муллоҳо будам ва ҳастам. Ҳамин муллоҳое, ки шумо тарафашонро мегиред, давлати моро ба ҳамин рӯзҳои шум оварда расониданд. Онҳо буданд, ки ба мо сабӯсу ҷуворимакка доданд ва то ҳол ба худ намеоем! Шумо ТВ тамошо мекунед? Ҳамон муллоҳое, ки шумо пушташонро мегиред, ҳар руз ба воситаи ТВ «секс» мебинанд. Ростӣ, мо дар умрамон ба воситаи ТВ ҳамин қадар рӯирост аз каналҳои Тоҷикистон "секс»-и муллоҳоро тамошо накарда будем ва онро ҳам бо шарофати ана ҳамин муллоҳои «сексуалист» дидем. Ин ба шаъни муллоҳо айб аст! Дигар ин, ки ман арақнӯширо тавсиф накардаам, фақат гуфтам, ки он, яъне шароб аз баъзе муллоҳои «худозадаву» “беимон»-и мо дида болотар аст.


Ғуломалӣ Асоев,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Файзобод, тел: 93 701 46 01

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter