ХАБАРИ ДОҒ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон матлаби Теша Азизов-«Ёвон: проблема пур аст» (СССР, №30(463), 27.07.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод! Муаллиф оид ба чангу ғубори корхонаи сементбарории «Ёқут» (воқеъ дар ағбаи «Чормағзак»), ки дар фазои чанд деҳаи н.Ёвон доман паҳн кардааст, гуфтааст. Аз сабаби он, ки ин корхона берун аз ҳудуди ноҳия ҷойгир буда, ба ш.Ваҳдат мансуб аст, ҳалли масъала ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон намедарояд. Масъалаҳои дигаре, ки муаллиф ба онҳо дахл кардааст, пули вайроншудаи болои дарёчаи Ёвонрӯд (дар маркази ноҳия) ва «ба талабот ҷавобгӯ набудани роҳи мошингузари «Ваҳдат-Ёвон» мебошанд. Воқеан, боришоти боронҳои бошиддат, жола ва омадани селу лойқа рӯзи 25.04.2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳия зарари ҷиддӣ расонида, пули мазкурро ба куллӣ хароб карда буд. То ин ҷониб ҳама иншооти зарардида таъмиру азнавсозӣ шуда, тайи як сол мешавад, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия корҳои тармиму барқарорсозии пули вайронгардида идома ёфта истодаанд.

Амирбеки Темур
Раиси ноҳия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter