ХАБАРИ ДОҒ

Ҳайкали ӯро бояд барканем!

  • Душанбе, Окт 16 2017


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Бародарони хуҷандӣ ва дар маҷмуъ, раҳбарияти имрӯзаи вилояти Суғд оё медонанд, ки Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабзу Китоб, Фарғонаю Сариосиё мулки Тоҷиконанд ва барои аз даст рафтани ин сарзаминҳои тоҷикӣ маҳз хоини миллат-Абдулло Раҳимбоев гунаҳкор аст, ки ҳайкали ӯ майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-ро зеб медиҳад? Ӯ чӣ хиёнат кард? Ин шахс котиби якуми Комитети Иҷроияи Республикаи Туркистон-Бухоро буд. Аввал дар паспорт миллаташро ӯзбек навишт ва дар вақти тақсимоти республикаҳои Осиёи Миёна миллати худро инкор карда, тамоми обу хоки моро ба ӯзбекҳо бахшид. Ман аз кулли миллатдӯстон-шоирону муаррихону адибон хоҳиш дорам, ки дар ин хусус дар матбуоти даврӣ бинависанд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд. Хоин ҳатто 1 рӯз ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки обу ҳавои ин Ватанро нафас бикашад, чӣ ба расад ба муҷассамаву пайкараи ӯ!!!

Насриддин Кабиров,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Айнӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter