ХАБАРИ ДОҒ


Чанде пеш шиносеро дидам, ки аз ҳолати ногувори роҳи мошингарди Ёвон-Ваҳдат ёдовар шуд. Ба хотирам расид, ки борҳо дар газетаи СССР раҳматӣ, муаллим Теша Азизов аз ш.Ваҳдат ва Зайнулобиддин Ҳусейнов аз н.Ёвон дар хусуси харобу бесоҳибии қитъаи роҳи Ваҳдат-Ёвон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чорсӯи ш.Ваҳдат (деҳаҳои Ғешӣ, Ғӯлакандоз, Бӯстон, Чорраҳа, Ғалчагӣ, Яланчинор) ва Чормағзак, Гулибодому Қуймоти н.Ёвон навишта буданд. Мутаассуф, хоби курсинишинони Вазорати нақлиёт заррае ҳам напарид, зеро боре ҳам бо нақлиёти хизмативу шахсияшон аз он намегузаранд. Ҳолати роҳ хоса дар қитъаи деҳаи Қалъаи малик (ағбаи Чормағзак) то деҳаи Муллобаротии н.Ёвон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Зеро пас аз сохтмони корхонаҳои сементбарории «Ғаюр семент», «Моҳир семент» ва «Тоҷчайн» (ҳеҷ гоҳ зидди фаъолияти корхонаҳо нестам), ки маҳсулоташонро мошинҳои гаронвазн мекашонанд, роҳҳо вайрон шуданд. Худо накунаду ягон ронандаи аз вазъи ин роҳ бехабар шабона ба самти н.Ёвон ҳаракат кунад, ними мошинаш, махсусан қисмати зери он дар роҳ канда мешавад. Охир, сокинони ин деҳот низ шаҳрвандони кишваранд, ронандагон бошанд андози роҳ месупоранд ба умеде, ки муассисаҳои истифодабарии роҳҳо сари вақт роҳро ба андозае тахту ҳамвор мекунанд. Лек навиштаҳои муаллифон ба гӯши Вазорати нақлиёт нарасиду надаромад, зеро «савора парвои пиёда»-ро надорад. «Хушбахтона корхонаҳо соҳиб доранду афсӯс, роҳҳо бесоҳиб монданд»-гуфт он шиносам ва илова кард: «Оё Вазорати нақлиёт наметавонад дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои мазкур ақаллан барои таъмири ҷории ин қитъаи роҳ тадбир андешад? Дар пеш мавсими зимистон. Агар сол сербарф биёяд, ин роҳро кӣ тоза мекунад?».

Қиёмуддин Абдуллоев
шаҳри Ваҳдат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter