ХАБАРИ ДОҒ

«Генерали мардумӣ» аз «дурбин»-и имомхатибон

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018


Домуллову имомхатибони мӯҳтарами ватанӣ бар зидди Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумии майдони Шаҳидон дар соли 1991-92 шӯрида, дар сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ (www.din.tj) ӯро ба мазҳабфурӯшӣ ва гаровидан ба шиа муттаҳам кардаанд. Воқеан ҳам мазҳабфурӯшӣ ва он ҳам гаравидан ба шиъаи эронӣ, ки ҳамеша чун экстремизми исломӣ маҳсуб мерафт, барои нафаре, ки даъвои эшонӣ ва генералӣ дошт, паёмади хуб ба ҷамъияти мо надорад. Мазҳаб нафурӯшед, беҳтарин мазҳаб аз мост. Мо Метавонем!

Қиёмиддини Ғозӣ-хоини миллат ва мазҳаб


Сифларо манзур натвон сохтан, к-у хубрӯст.
Мехро дар дида натвон кӯфтан, к-ӯ аз зар аст

 

(Мавлоно Ҷомӣ).

Одами дарунсиёҳу хубрӯро муҳтарам донистан мумкин нест, чунонки мехи тиллоро, ки ҳарчанд аз тилло бошад, ба чашм намекӯбанд. Яке аз ин одамон Қиёмиддини Ғозӣ мебошад, ки солҳо худро ходими дини мубини ислом ва пайрави мазҳаби суннӣ медонисту имрӯз бо ташкилоти террористии ҲНИТ гаравтда дифоъ аз эшон дорад. Қиёмиддини Ғозӣ баъди он ки ба Эрон фирор кард, маълум шуд, ки дӯстдори мазҳаби шиа буда, роҳи ба он пайвастанро меҷуст.
Алоқамандии Қиёмиддини Ғозӣ аз замони солҳои ба миён омадани ҲНИТ ба вуҷуд омада буд. Нақшаи фаъолияти ӯву пайравони ҳизби ифротии наҳзатро аввал шиаён кашида буданд. Ин нақша марҳилаҳои пурнайрангеро дошта, зина ба зина бояд иҷро мегардид. Чун хиёнатҳояш оҳиста-оҳиста ошкор мегардад, нақшаи фирор пеш гирифта, сӯи ҳаммаслакони вайронкору фитнагараш рафт, чунки болу парашро хоҷагони шиааш бастанд. Аммо вақт собит месозад, ки ҳеҷ гуна аъмол беҷавоб намемонад, аз ҷумла, кирдорҳои разилонаи Қиёмиддини Ғозӣ, ки ҳоло ба мардум равшан гардидаасту худи ӯ дар боздошт қарор дорад. Аз ин хотир, бояд ӯ барои чунин амалкардҳояш ҷавоб диҳад, то ин омил ба дигарон дарси ибрат шавад.

Маъруф Назаров,
устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Гурге дар либоси гӯсфанд
Набояд фаромӯш кард, ки мо як маротиба ба дасисаҳои хориҷиён ва пайравонашон бовар карда, натиҷаашро дидем ва худ шоҳиди онем, ки чӣ бадбахтиҳо ба сарамон омаду то ҳанӯз ҳам ҷуброни онро пардохта истодаем. Ин ҳам бошад, баъзе аз ин душманони дину миллат мисли гург дар либоси гӯсфанд мехоҳанд дубора бо роҳи ҳилаву найрангҳояшон ба миллати мусалмон, аз ҷумла, мо Тоҷикон, ки тоза Ватани азизамонро бо сардории Пешвои миллат сохтаем, дубора ба харобазор табдил диҳанд. Яке аз ин шахсиятҳо ба мисли Қиëмиддини Ғозӣ, ки солҳои қабл мехостанд бо суханҳои бардурӯғи худ мардумро ба сӯи ҳадафҳои ҷоҳталабонаи худ равона созанд, аммо Худованд бар ҳама чиз огоҳ аст, ин нақшаҳояшонро барбод дод. Бар миллати Тоҷик месазад, ки дубора бар ваъдаҳои бардурӯғи ходимони хориҷӣ гӯш надода, барои ободии Ватан ва осоиштагии мардуми худ қадами ҳиммат бардоранд ва дӯстро аз душман фарқ кунанд, чунки аз душмани беруна хатари душмани даруна зиёдтар аст.

Маъруф Одинаев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории ш. Ваҳдат

«Генерал» ё авбош?
Аз ВАО хабари боздошт шудани Қиёмиддини Ғозиро мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки бояд назари худро нисбати аъмоли ин шахси ба ном «генерали мардумӣ» изҳор намоям. Суоли аввал ин буда метавонад, ки ин шахс “генерал”-и чӣ гуна қувва буд? “Генерале”, ки бо фармони ӯ дастаҳои хунхор дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даст ба куштани одамони бегуноҳ заданд. Шахсе, ки табаддулоти давлатӣ барпо намуда, кишвари азизи моро ба хоку хун оғушта намуд. Дар натиҷа 150.000 нафар - ҷавонон, пирон, занон ва кӯдакон кушта шуда, ҳазорон манзилҳои истиқоматӣ ба коми оташ фурӯ рафтанд. Пас ин шахс на генерал, балки роҳзан, одамкуш ва хоини миллат аст! Ин террорист бо мазлум нишон додани гурезагони Тоҷик дар хоки Афғонистон ва пуштибони мусулмонон вонамуд кардани худ ва дар ин замина дарёфти кумак аз хориҷиҳо «ҷиҳоди исломӣ» бар зидди давлати харобгаштаи Тоҷикистон – яъне бар зидди ватани худ эълон карда буд. Чунин шахсон барои расидан ба ҳадафҳо аз ягон кор даст намекашанд. Гаравидан ва таблиғи ақидаи ғайр дар байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ 2 ҳадаф дорад. Аввалан, ба даст овардани маблағ аз «хоҷагони хориҷӣ», сониян, ба воситаи пайдо кардани ҳаводорон, яъне пайравони равияи ба мо бегона, ташкил намудани қувваҳои махсус, ки дар вақти мувофиқ бояд ба кор бурда шаванд. Қиёмиддини Ғозӣ дар асл яке аз муассисони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ буда, ҳанӯз солҳои 1980 барои ба даст овардани ҳокимият омодагӣ медид. Чунин омодагиҳо буд, ки дар натиҷа моҳи сентябри с.2015 бо дасти хоинони миллат-Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданд. Инак, вақт фаро расид, парда бардошта шуд, симои воқеӣ ва мақсадҳои Ташкилоти экстремистӣ-террористии (ТЭТ) ҲНИТ фош гашт. Онҳо ният доштанд чанд гурӯҳи мусаллаҳи дигарро ба кор баранд. Гумон карданд, ки мардуми шарифи Тоҷик ҳамроҳи онҳо қиём намуда, алайҳи ватану миллати худ бармехезад. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ ҳамаро мисли худ пиндоштанд, яъне хоин, ватанфурӯш ва мунофиқ. Алҳамдулиллоҳ, ки Парвардигор ба мардуми мо ақлу тадбир ато кардааст ва одамон сиёҳро аз сафед, некро аз бад фарқ мекунанд. Баъд аз ҳуҷуми наҳзатиҳо Тоҷикон баръакс муттаҳид шуда, тинҷиву оромиро ихтиёр карданд. Ҳеҷ кас ниятҳои шуми ТЭТ ҲНИТ-ро дастгирӣ накард ва Худованд золимонро расво сохт. Мутаассифона, бори дигар хуни ноҳақ рехта шуд ва чанд тан аз ҳомиёни ватан, фарзандони бо нангу номус синаи худро сипар сохта, баҳри дифои кишвар ҷони худро фидо сохтанд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИТ бо фарзандонашон шармандавор аз кишвар фирор намуда, дар баъзе кишварҳо паноҳ бурдаанд. Аз хориҷа истода зидди давлати Тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд, мехоҳанд бо дастгирии ин давлатҳо амнияти Тоҷикистонро халалдор созанд. Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он кӣ бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он кӣ ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!» Аз ин рӯ, мазҳабфурӯшии Қиёмиддини Ғозӣ камтарин хиёнатест, ки ба мардуми Тоҷикистон кардааст. Баъд аз гузашти солҳо ҳақиқат ошкор шуд ва умед дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ба гуфти Устод Рӯдакӣ:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!
Қиёмиддини Ғозӣ бояд дар назди халқ ҷавоб гӯяд ва ин ҷо заррае тараҳҳум нашояд. Оре, тараҳҳум бар душмани ошкор, ситам бар мардуми осоишта аст. Агар мо боз ба ин тоифаи ҷиноятпеша раҳм кунем, бори дигар онҳоро бахшем, ин дафъа халқ моро намебахшад. Душманро боре бахшидем, баъд аз 20 сол боз ҳуҷум кард, агар ин дафъа низ ба доду фиғони аду бовар кунем, зомини фарзандони миллат мешавем. Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онам, ки сулҳу салоҳро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед. Худованд душману бадхоҳу хоинони миллатро хору залил гардонад, онҳоро ба нафсҳояшон овора созад, ҷавонмардон ва фидоиёни миллатро нигаҳ дорад. Онҳое, ки баҳри оромии кишвар ҷони худро фидо намуданд, Худо раҳматашон кунад.

Маҳмаднеъмон Маҳмудов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Комсомоли н.Н.Хусрав (собиқ Бешкент)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter