ХАБАРИ ДОҒ

Хиёнат ва ҷиноят-10

Тамомии хиёнатҳои моро дар тӯли 3000 соли ахир маҳз ана ҳамин масали адам-ул-ҳикмат мепӯшонад, ки набояд чунин мебуд!!!
…Ҳафтаи пор 1 зане мурд. Ӯ нафаре буд, ки дар сар чодари сияҳ задаву ба таблиғу ташвиқи ҷанги Сурия банд буд. Инро ҳама медонист, вале хамӯш буданд. Ин зан ҷавонии «пуршарру шӯре» аз сар гузаронида буду бо ҳамин мехост, (маъзарат, аммо дар тасаввури ин ҷоҳилон ҳамин хел аст) «дили Худоро ёбаду озими ҷаннат шавад». Барои ин ҷаннат, ин зани камхирад, бесавод ва ифротӣ, 2 писару келинҳои худ ва ҳатто кӯдакони ноболиғи онҳоро ба ДИИШ фиристонид. Бо «ҳидоят»-и ин «беваи ҷанг» пайвандонаш чанд бечораеро куштанду чигуна кушта шуданду ҳоли он атфоли маъюси ноболиғ ва ҳатто ширмак чист, Худо медонаду худашон…
Ва ана ҳамин «беваи ҷанг» чун мурд, мардум саф-саф дар ҷанозааш қатор заданд. Маро низ даъват карданд, ки гуфтам «аз рангу раҳмонаш то қиёмат безорам». Гуфтандам, «Э, хайр, мурд дигар, ба гузашта салавот…». Гуфтам, ӯро чун саг бояд гӯронид! То бар дигарон дарси ибрат шавад. Аммо ба кӣ мегӯӣ? Бо тамомии «почесть»-ҳо гӯраш карданд. Акнун бояд танҳо интизор шуд, ки марги ин пирзан боз чанд ҷавонзанро ба «роҳи дуруст»-и интихобкардааш хоҳад кашид…
Зане, ки бузургтарин Тоҷик-Спитаменро куштааст, танҳову танҳо аз ҷониби таърихнигорони аҷнабӣ мазаммат мешавад. Зани Спитаменро дар назар дорам, ки ҳанӯзам бо номаш исми духтаронро мегузорем…
Занҳое, ки солҳо мавриди мазаммати хосу ом буданд, чаро, ки сари Сиёвушу Дороро хӯрдаанд, замони ахир исмашон бисёристеъмол мегардад. Ба номи онҳо исми гулдухтарони хешро мегузорем. Яъне мо тибқи масали «Ба гузашта салавот» ҳамагуна хиёнатро фаромӯш мекунем!
Дур намеравем, дар ҷанги граждании соли 1992-97 аз 2 ҷониб низ занҳо меҷангиданд, ки офаринашон бод! Инҳо Гурдофаридҳои замона буданд. Багурдатар аз мардоне, ки аз силоҳ ҳарос доштанд. Аммо аз ҳар 2 ҷониб занҳои «правокатор» низ кам набуданд, ки мардумро таҳрик медоданд ва агар ба ҷидд бингарем, саҳми бонувони иғвогар дар ин ҷанги бародаркуш бештар аз мардҳост. Ҳоло ҳам бархе зиндаанд ва медонанд, ки ман «чӣ ва кӣ»-ро дар назар дорам. Мо Метавонем!
Ва аммо хушбахтона дар баробари занҳои иғвопеша, хиёнаткор, бегонапарвар, миллатситез, ҷиноятандеша, сафи Бонувони Тоҷик, ки дар парвариши насли солим саҳми бориз доранду ватансозанд бештар аст. Модари Тоҷик то ҳаст нигаҳдорандаи гармӣ дар оташдони хонавода, муҳофизи фарҳанги табордорӣ, мунодии либоси миллист. Бинед, дилхоҳ зан, бо ифтихори бе ҳадду ҳудд чакану атлас ба бар мекунад. Вале мо-мардон истиҳола дорем. Яъне чӣ? Яъне ба таҳқиқ ифтихороти миллии мо-мардон аз бонувон ба карат камтар аст. Ва ҳар марде бартарияти бонувонро дар ин ҷода, паҳлӯи ман истодаву мардона қабул дорад, ҷавонмардтар аст. Мо Метавонем!
Модари Тоҷик Спитамену Сафар Амришоев, Рустами Дастону Нусратулло Махсумов, Темурмалику Лангарӣ Лангариев, Тӯйчӣ Эрҷигитову Шириншо Шотемур, Куруши Кабиру Эмомалӣ Раҳмон зодааст, ки сано бар Модари Тоҷик бод! Модари Тоҷик Синову Форобиву Беруниву Насимиву Ганҷавиҳои бешумор зодааст. Ва ин ки фарзанди Модари Моро бефарҳангҳо мерабоянду аз худ мекунанд, бок надорем. Зеро то Модари ман, ту, вай ҳаст, боз садҳо нобиғаи дигар таваллуд мешавад. Мо Метавонем!
Маҳз модарони мову ту, хонандаи ин сутур буданд, ки дар тӯли 3000 соли бедодии таърих (3000 соли дигар мо ҷаҳонгир будему дигар қавму халқиятҳо дар императории мо мезистанд!!!), Тоҷик чун миллат боқӣ монд…
Модарони мо, таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардонатар аз мардони дигар қавму қабоил буданд. Онҳо ҳам меҷангиданд ва ҳам ҷанговар мезоданд. Ин модарон агар намебуданд, дасти тааррузи Александру Қутайбаву Чингизу Лангу Аҷуҷу Маҷуҷ сари Аврупоро пок мехӯрд.
Ва аммо маҳз занҳои хиёнаткори дурӯя, палидаву бегонапараст, ки пас аз маргашон «Ба гузашта салавот!» гуфтем, сари Модарони мо ва фарзандони фарзонаи онҳоро бо кишварҳову шаҳрҳоямон… садҳо бор хӯрдаанд. Барои рафъи хатар мо бояд «Гузаштаро омӯзем ва ба таърих баҳои сазовор диҳем!» ва дастаҷамъона нидо дардиҳем:
-Лаънат ба занҳои бегонапарасту фарҳангситез!
-Зинда бод, Модари асили Тоҷик, ки барои мардуми степнишину биёбонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо фарзанди фарзона мезоду мезояду хоҳад зод!
Ана ба ҳамин Модарон Рӯзи 8 март муборак бод!
Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter