ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти шаҳрӣ ҳанӯз мушкили №1

  • Панҷшанбе, Май 17 2018


Ҳар пагоҳӣ ҳангоми ба кор рафтан анбуҳи одамонеро мебинам, ки барои ба кор ё таҳсил мунтазири нақлиётанд. Вале аксари нақлиёти мусофирбар реҷаи ҳаракатро риоя накарда, аз нуқтаи аввал мусофирбарро аз одам пур мекунанд, ки боиси интизории зиёди одамони қади роҳ мегардад. Аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки баъди интишори қарори нави шаҳрдорӣ дар ин самт низ 1 қатор дигаргуниҳо ба вуҷуд омадааст. Ҳоло ҳамаи ронандагон бо танга таъмин буда, бақияи мусофиронро баргардонда, дар ин самт ҳеҷ нофаҳмие нест. Дар рӯзҳои аввали ба тасвиб расидани ин қарор дар аксари нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон аз байн рафт, ҳатто дар микроавтобуси тамғаи “Мерседес”, ки ба хатсайри 13 тааллуқ дошт, дидам, ки аз ҷои нишаст зиёд одам савор намекарданд. Ҳол он ки пештар дар ин микроавтобусҳо одамони зиёд рост истода, нафасгир мешуданд. Вале ин тарзи хизматрасонӣ дер напоид ва баъди чанде аксари ронандагони микроавтобусҳо мисли пештара аз меъёр зиёд одам мегиранд. Аз ин аён мегардад, ки назорат дар самти хизматрасонӣ чун рӯзҳои аввала нест. Дар ин самт бояд назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад. Нашавад, ки вазъ мисли Қарори с.2011 гардад. Он вақт ҳам нархи роҳкиро 1 сомонию 60 дирам муайян шуд. Дар аввал роҳбарони хатсайрҳо ронандагонро ҳар пагоҳӣ бо танга таъмин мекарданд. Вале бо гузашти чанд вақт танга камчин шуду дастрас кардани он барои 1 зумра ҷавонону наврасони мактабхон ба бизнес табдил ёфта, аз ҳар ҷо тангаҳоро ҷамъ карда 1 сомонию 60 дирамӣ печонида ба ронандаҳо 2 сомонӣ мефурӯхтанд. Кор то ҷое расид, ки худи ронандаҳо хизматрасониро танзим карда, аз мусофирони то охири хатсайр мерафтагӣ 2 сомонӣ ва то нисф 1 сомонӣ мегирифтанд...

Назари Наврӯз
хабарнигори мардумии СССР, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter