ХАБАРИ ДОҒ

Иззати меҳмон ва шаб-клубҳои арабӣ

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018

Сафаргуфта-2

Агар рост хоҳӣ, ту аз ман шунав:
Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ…

С.Шерозӣ

Чун дар шумораи пор роҷеъ ба либосу машрубот сӯҳбат кардем, мехоҳам ин бор дар бораи зиндагонии шабонаи Дубай сухан кунам. Воқеан ҳам зиндагонӣ дар Аморат усулан нимашаб шуруъ мешавад. Рӯз чун гарм ва дамгир аст, сокинони худи Дубай берун камтар мешаванд.
Рӯзҳои офтобӣ барои туристон аст. Офтоб, соҳил, сайру гашт, тур-поход, киштисаворӣ, сафарӣ-сайри қумзор бо мошинҳои ҶИП, уштурсаворӣ, хӯроки шом дар киштӣ, сайри зериобӣ, моҳигирии такиобӣ, болошавӣ ба Бурҷи Халифа ва ғ. ва ҳ. ин моли сирф сайёҳон аст. Воқеан ҳам агар касе намедонад, мегӯям:
-Даромади Аморати Араб аз соҳаи туризм бештар аз даромад аз соҳаи нафту газ аст!!!
Мо одат кардаем, фикр кунем, ки шайхҳои араб усулан аз тавлиду фурӯши нафт сарватманд мешаванд. Ан-неъ! Аморат бо коркарди нафт машғул нест. Намехоҳад ҳавои давлатро ғажду заҳролуд кунад. Зеро ин ҳаво барои сайёҳон мусоид ва барои буҷҷаи Аморат муфид аст. Аморат нафтро чун ашёи хом мефурӯшад (мисле, ки мо пахтаро) ва заводҳои коркарди нафт надорад. Бензину соляркаву газро бошад аз хориҷа мехарад. Бензин ин ҷо хеле гарон аст. Аммо!!! Даромаде, ки аз туризм дорад, хеле бештар аз нафт асту рӯ ба равнақ ва муҳимтар аз ин, ин бизнес ба ягон ҷаҳиши нархи баррели нафт дар биржаи ҷаҳонӣ бастагӣ надорад. Зеро турист ҳамеша ба Дубай меояд! Барои ин тамомии шароит муҳайёст.
Танҳо тасаввур кунед, ки тибқи дурнамои соҳа, аморат то соли 2026 аз туризм 64,53 млрд доллар фоида бояд рӯёнад!!! Ин дар ҳолест, ки ҳамасола даҳҳо миллиард доллар ба хазинаи давлат мерезад. Барои ҷалби сайёҳ Абу Дабӣ тамомии корро мекунад: сар аз иззати фарҳанги бараҳнагӣ, то арақнӯшиву мастиву айёшӣ ва кайфу сафо… Ва аммо чун дар оғоз сари маишати мардуми бумӣ ҳарф рафт, хидмататон арз кунам, ки зиндагонишон шаб шуруъ мешавад.
Мо дӯстоне аз ин давлат доштему хабари омадани моро шунида, ба меҳмонӣ даъват карданд ва соати дидорро аз 12 ун тараф гуфтанд. Мо фикр кардем, бо ҳам чошт мехӯрем…Вале чун соат аз 13 ва 14… гузашт бо дӯстон тамос гирифтем, ки гуфтанд ҳатман соати 12-и шаб во мехӯрем ва таъкид карданд, ки фаромӯш накардаем? Гуфтем, на ва хоб рафтем. Соати 12, ё худ 24 дӯстон омаданд ва гуфтанд, чун ҳоло вақт аст, ки тарабхона равем, бояд то соати 2-и шаб шаҳрро чархем. Шаҳр зинда буд ва ҳаёт ҷӯш мезад. Маҳз дар ҳамин пос автоҳои маъруфи Ломбарҷиниву Бугати пайдо мешаванд (қиматашон аз 1.2 то 3-4 млн доллар!). Яъне шайху сарватмандон берун мебароянд.
Хулласи калом, соати 2 ба тарабхонаи эрониҳо рафтем, чу ҳамзабонони моянд. Бояд гуфт, инҳо на ун эрониҳоянд, ки мо фикр дорем ва то қиёмат аз рангу раҳмони охунду муллоҳои эронӣ безоранд. Соати 2 буду базм нав тафс мегирифт. Арабҳо, эрониҳои муқими аморат ин ҷо ҳузур доштанд ва маъзарат (зинҳор чун рекламаи нӯшокиҳои спиртӣ қабул нашавад)…арақ чун аз ҷӯйҳо мешорид. Мардум кайфу сафо дошт. Пурсидам, инҳо пагоҳ хоб мераванд? Дӯстам гуфт, ҳаргиз, инҳо субҳ ба кор мераванд!!!
Либоси эшон ҷумлагӣ аврупоист ва Аврупои рушдкарда. Дуруст аст, ки арабҳои сарватманд пӯшоки худро мепӯшанд. Аммо ба ин хотир, ки аз дигарон фарқ кунанд ва мардум донанд, ки онҳо шаҳрванди Аморатанд! Паспорти Аморат боиси фахр аст. Зеро агар ту араб нестиву 3 миллион мусалмонтариву 10 млрд доллар бештар аз онҳо дорӣ, низ рӯи Паспорти Аморатро нахоҳӣ дид! Аксиома!!!
Ягон пулису милиса нест, касе ба ту коре надорад. Меҳмонро чун гавҳараки чашм иззат мегузоранд ва ҳаргиз бо чашми бад сӯят наменигаранд. Зеро меҳмон, сайёҳ, турист сарвати Дубайанд ва тавре гуфтем, бештар аз НАФТ ба Аморат фоида меоранд…
Перомуни меҳмоннавозии мардуми бумӣ низ бояд ҳатман қайд кард, ки арабҳо хеле меҳмоннавозанд ва агар хонаи Шайх низ рафтӣ, ҳатман дастурхон мегустаранд. Дари хонаи ягон шайх бо шумули президенти кишвар пӯшида нест. Дуруст аст, ки посбон доранд, аммо дарҳо бар тибқи оини меҳмондории аҳди қадим кушодаанд. Ин вежагии зиндагонии бодиянишинон аст, ки агар қотили падарат низ ба дарат ояд, бояд иззату икроми ӯро ба ҷой орӣ… Мо низ гуфтем, ки Тоҷикон меҳмоннавозанд ва дар қораи Осиё ҳамто надоранд ва аз дарҳои боз дар рӯзи идайн, адами дарвозаҳо дар деҳот ва меҳмоннавозии Тоҷикона бо ишон сӯҳбат кардем, ки аз фарҳанги меҳмондориямон истиқбол карданд…
Бори дигар мегӯям, бо арабҳои прогресс бастагиҳои мантиқиву маънавӣ дорем. Вале мутаассуф, калаварам-фанатҳои мо, аъроби замонавӣ ва дунявиро 1 тараф гузошта, думболаи экстремизму фанатизм мераванд, ки роҳи бадест. Воқеан ҳам, дар Аморат ҳукми қатл ҳаст. Вале танҳо онҳоеро эъдом мекунанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил шудаанд.
Сӯҳбати мо, иншооллоҳ, давом дорад. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter