ХАБАРИ ДОҒ

Суиқасд ба президент-суиқасд ба Ватану Миллат аст!!!

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018

Русия ба ҷустуҷӯи Турсунов баромад!
Федератсияи Русия тариқи Интерпол (Международной организации уголовной полиции - International Criminal Police Organization) Абушаҳид Ҳақназарович Турсунови 32-сола-шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар 1 тарҳи суиқасд ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон дар с.2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои экстремистӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Интерпол қаду қомати Турсуновро 1 метру 70 см тахмин зада, гуфтааст, ки мӯи сиёҳи чашми малла дораду ба забонҳои тоҷикию русӣ ҳарф мезанад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз маймоҳи с.2016 суди Исмоили Сомонии пойтахт Дилафрӯз Холова ва Иззатулло Фузайловро бо ҷурми ҳамкорӣ бо аъзои созмони террористии ДИИШ талоши суиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қасди тахриби корхонаҳо дар вил.Суғд ва н.Ваҳдат маҳкум ба зиндон карда буд. Суд мегуфт, ки Дилафрӯз тавассути Турсунов-узви фаъоли созмони террористии ИГИЛ, ки бо лақаби «Абӯ Саид» маъруф буду дар Сурия қарор дошт, талош кардааст бо Гулмурод Ҳалимов-собиқ сардори ОМОНи ВКД ҶТ дар тамос шавад.
2.09.2015 “Абӯ-Салоҳ”-узви дигари ИГИЛ тавассути алоқаи интернетии «ВатсАпп» ба Холова гуфтааст, ӯ бо рафиқонаш, ки шахсияташон ба тафтишот номаълум аст, мақсади ғасби қисмҳои ҳарбӣ дар ш.Хуҷандро доранд. Муттаҳамон дар суд гуфта буданд, ки “Абӯ-Салоҳ” ба ин мақсад дар н.Шоҳмансур гуруҳи иборат аз 20 нафар созмон дода, Фузайлов низ шомили ин гурӯҳ будааст.

Дилафрӯз сементзаводро тарконданӣ буд?
Дар Рӯзи Дониш-1.09.2015 Турсунов бо Дилафрӯз дар тамос шуда, хабар дод, ки тарафдорони ДИИШ дар ш.Исфара 10 адад парчамҳои ДИИШро омода намудаанд ва дар вақти лозима метавонанд барои овехтани парчамҳо дар ш.Душанбе ба «Абӯ-Салоҳ» муроҷиат кунанд. Турсунов иловатан гуфтааст, ки «фидоиёни ДИИШ” дар вил.Суғд омодагӣ мегиранд ва ҳини сафари Э.Раҳмон ба ш.Ваҳдат дар таърихи 6.09.2015 дар расми ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ таркишро ба амал биёранд. Ҳамчунин, ба гуфтаи суд, Турсунов нақшаи тарзу усули омода намудани маводи таркандаро тавассути «ВатсАпп» ба Холова фиристодааст.
Турсунов тарҳи суиқасдро дар шабу рӯзе кашид, ки Э.Раҳмон субҳи 6.09.2015, баъди 2 рӯзи оғози ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода бо сафари корӣ ба ш.Ваҳдат рафта буд. Вале Холова ва Фузайлов барои иҷрои ин суиқасд силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва парчами ИГИЛро пайдо карда натавонистаанд. Бо ҳамин Фузайлов рӯзи 12 сентябр ва Холова рӯзи 16.09.2015 ба даст афтоданд. Холова, ки ба гуноҳаш пурра иқрор шуд, ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ва Фузайлов, ки худро танҳо қисман гунаҳгор эътироф кард, ба 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Ба гуфтаи суд, ин 2 сокини пойтахт бар асоси қисми дуюми моддаи 187-уми КҶ ҶТ (“иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) айбдор дониста шуданд…

«Абу Саид» кист?
Абушаҳид Турсунов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ с.2014 ба сафи ДИИШ дар Сурия пайваста, бо номи "Абу Саид" масъулияти «финотдел» (бахши молия)-и ИГИЛро бар дӯш дошта, тариқи интернет онҳоеро, ки имкони сафар ба Сурия ва Ироқро надоранд, барои кӯмаки молӣ ба ин гурӯҳ даъват мекард. Ӯ аз ҷумлаи 28 тоҷики узви гурӯҳи экстремистии ИГИЛ будааст, ки Русия тавассути Интерпол онҳоро кофта ёфтанист. Рӯиҳамрафта, дар сайти интернетии Интерпол омадааст, ки ин афрод шаҳрвандону муҳоҷирони муқими Русияро дар анҷоми ҷиноят ва терактҳо ташвиқ мекарданд. Ҳамчунин мақомоти тафтишотии Тоҷикистон гуфтаанд, «Абу Саид» амалиёти номуваффақеро дар дохили Тоҷикистон ва Русия спонсорӣ ва барои даҳҳо ҷавони тоҷик пули сафар ба Сурияву Ироқро пардохт кардааст. Ҳоло Русия ӯ ва дигар ҷавононеро меҷӯяд, ки дар гузашта эмигрант-муздури шикамқарор буда, маҳз аз ҳамин кишвар «через» коридори ДИИШ-Туркия ба ҷангҳои кишварҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Феълан нисбати Турсунов пас аз ошкор шудани талоши суиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон делои ҷиноятӣ боз шуда, расман таҳти пайгарди Интерпол қарор гирифтааст. Ҳоло дигар номаълум аст, ки пас аз шикасти ИГИЛ Турсунов дар куҷост. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, 500 ҷавони тоҷик дар ҷангҳои ҷиҳодии Ховари Миёна кушта шуда, вале исми комили онҳо ба ВАО аён нест. Тоҷикистон аз ин пеш феҳристи беш аз 2000 нафар афроди шубҳанокро ба Русия ва Туркия дода буд. Бино ба омори вопасине, ки мақомот дар Тоҷикистон эълон карданд, аз с.2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Аз ин шумора ҳудуди 100 нафар дубора ба ватан баргашт ва аксаран мавриди афв қарор гирифтанд.

Суиқасди 1-ум ба президент
Бояд гуфт, ин бори нахуст нест, ки ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон талоши суиқасд сурат гирифтааст. То ҷое огоҳем, аввалин суиқасд ба президент дар с.1996, дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон будӣ. Тавре хабарнигори мардумии СССР-Меҳриддин Замонов қаблан ёддошти худро дар СССР навишта буд, «ягон кас намедонист, ки Президент ба н.Рӯшон мебиёяд. Фақат ним соат пеш раиси ноҳия Ш.Шомансуров ба ман гуфт, ки худи Президент ба ноҳия меояд ва бо дастаи ҳофизон ба пешвози меҳмонон ба фурудгоҳ рафтем. Бояд гуфт, ки дар ҳамин вақт вазъи сиёсии ноҳия ба эътидол омада буд ва ягонтои мо гумон надоштем, ки чунин воқеаи ногувор рӯй медиҳад. Баъди 200 метри аз фурӯдгоҳ баромадан, пеши роҳи мошини «Волга»-ро, ки дар он президент Э.Раҳмон, Қозидавлат Қоимдодов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва ҷонишини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон менишастанд, гурӯҳи мусаллаҳ бо гранотамету автомати АК, иборат аз 3 тан садди роҳ шуданд. Қумандони қисми марзӣ, Холбаш Холбашов ва раиси ноҳия Шомансуров бо Навоӣ Хушенов-садри ин гурӯҳи мусаллаҳ гуфтугӯ карда, роҳро кушоданду  рост ба қисми марзӣ (собиқ бинои Кумитаи ҳизби коммунистӣ) ворид гаштем. Табъи ҳамаи мо аз ин лаҳзаҳои нохуш хира буд. Дар ин вақт дар театри халқии ноҳия мардум ҷамъ омада, интизори вохӯрӣ бо Президент буданд. Баъди воқеа аксарияти меҳмонон розӣ набуданд, ки Президент ба вохӯрӣ равад. Зеро хатари такрор шудани моҷаро аён буд. Афроди мусаллаҳи номаълум ҳам кам набуданд. Аммо худи Президент изҳори вохӯрӣ кардан бо мардум намуда гуфт, ки «маро ҳамин мардум интихоб кардааст ва ман назди онҳо ҳатман мебароям: ҳар чи бодо бод!»
Театр, ки пури мардум буд, бо кафкӯбӣ аз ҷо хеста, президентро пешвоз гирифтанд. Дар толор ягон кас намедонист, ки дар берун чӣ воқеа рух додаст... Дар бозгашт боз ҳамон 3 нафар пеши роҳи меҳмононро гирифтанд. Баъди гуфтушунид меҳмононро ба фурӯдгоҳ гусел намудем ва онҳо бо чархбол савор шуда, ба тарафи Душанбе парвоз карданд. Он суиқасд беш аз 1 иғвогарие набуд, ки таҳиягарони ин мазҳака берун аз ноҳияю ҷумҳурӣ мезистанд. Ҳарчанд, бо автомат ва гранотамёт мусаллаҳ буданд, аммо онро истифода набурда, фақат 2-3 тир ба осмон паронданд. Не муҳофизатгарони Президент ва на марзбонони Русия худро ба ин кор аралаш накарданд. Мардуми зиёд назди роҳи пеши табобатхона, ки воқеа он ҷо рух дод, аз ҷумла, падару модари ҳамон силоҳбадастон ҷамъ шуда, ба онҳо лаънат хонданд. Баъд аз он, ки мардум аз асли воқеа воқиф шуд, рӯзи дигар митинги стихиявӣ баргузор шуда, рафтори ноҷавонмардонро сахт маҳкум карданд… Навоӣ, ки пас аз он воқеаи нангин худаш ҳам пушаймон шуда буд, сиёсати давлатро тарафдорӣ ва дар ҳалли бисёр масъалаҳо фаъолона иштирок карда, баҳри мӯътадил нигоҳ доштани вазъият дар Бадахшон саҳмгузорӣ менамояд».
 
Суиқасди 2-ум: Террори Хуҷанд!
Суиқасди 2-ум ба ҷони президент Э.Раҳмон бо номи «Террори Хуҷанд» маъруф аст. Дар ин боб Ҳоҷиманнон Расулматов-сокини ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар с.2012 навишта буд. Расулматов хотираи худро варақ зада, гуфта буд:
-Апрели с.1997 ҳамдеҳаи ман, собиқ сарвазири Ҳукумати ҶТ, Абдумалик Абдуллоҷонов бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатто тавассути бори дигар ба хуну хок оғушта кардани сарзамини Тоҷикон, баҳри ба сари қудрат омадан пайти мувофиқ меҷуст. Қабл аз сафари Э.Раҳмон ба вил.Суғд, бо дастуру ҳидояти Абдуллоҷонов, бародараш Абдуллоев Абдуллоҳофиз бо зодаи ҷамоати Қистакӯз, намояндаи олами ҷиноӣ Абдушукуров Хуршед Абдуҳафизович (мулаққаб бо «Тайсон») вохӯрда, дар бораи ташкил ва гузаронидани теракт нисбати Э.Раҳмон машварат мекунанд. Абдуллоҳофиз ба «Тайсон» аз номи бародараш ваъдаи $3 млн. ва таъйин дар вазифаи серравғани давлатиро медиҳад. Интихоби «Тайсон» барои анҷоми ин суиқасд тасодуфӣ набуд. Аввали апрели ҳамон сол бародари «Тайсон»-Абдушукуров Ҷамшед Абдуҳофизович дар муассисаи ислоҳотии №19-и ш.Хуҷанд бетартибии дастаҷамъии маҳбусонро ташкил ва ҳангоми барқарор намудани низом дар тюрма кушта шуд. «Тайсон» баъди ин воқеа дар ҳама ҷо ошкор давлату ҳукуматро ҳақорату нафрин хонда, қасам мехӯрд, ки қасд хоҳад гирифт. Ҳамин омил боиси афтидани ин ҷинояткор ба доми ҷинояткорони бузургтар гардид. Вохӯрии машваратии охирини А.Абдуллоев бо «Тайсон» 29.04.1997 барпо шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз «Тайсон» гурӯҳи ҷиноии худро ҷамъ карда, ба Дӯстбобоев Фирдавсӣ Абдусатторович, Ориф Одилҷонович Қаландаров, Зокиров Одил Юсупович норинҷак дода вазифадор мекунад, ки ҳангоми вохӯрии Президент бо сокинони ш.Хуҷанд ҷониби ӯ партоянд.

Шурӯъи террор
30.04.1997, тахминан соати 10:30 - 10:50 дақиқа.
Президент аз бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров баромада, пиёда ба самти бинои театри К.Хуҷандӣ равона шуд. Лаҳзаи мазкурро пурра ёд дорам, зеро аз тарафи дасти чапи ҳайати меҳмонон ҳаракат доштам. Президент пешопеш мерафт ва бо нишонаи дуруд ҷониби мардум дастафшонӣ мекард. Аз ақиби ӯ, муҳофизонаш Мурод Саидов ва Амрохон Алиев ҳаракат доштанд. 3-4 метр дуртар аз пушт, раиси вил.Суғд Қосим Қосимов, Мунира Иноятова-вазири маориф ва каме ақибтар раиси Кумитаи гумруки ҶТ-Ёқуб Салимов бо ҳамроҳони худ мерафтанд. Тахмин 18-20 қадам то бинои театр фосила боқӣ монда буд, ки садои таркиш баланд ва дар они воҳид бо доду ғиреви атрофиён, фиғони захмбардоштагон омехта шуд… Норинҷакро он рӯз Қаландаров партофта будааст. Дӯстбобоев ва Зокиров бошанд аз тарс норинҷакҳои худро напартофта, аз ҷои воқеа мегурезанд. Хушбахтона, душман бар нияти палиди худ нарасид. «Тайсон» ва Зокиров ҳангоми амалиёти боздошт худро тарконданд. Боқӣ аъзои ин дастаи ҷинояткор бо ҳамроҳии Абдуллоҳофиз дастгир шуда, ҷазои сазовор ва қонунӣ гирифтанд. Вале ҷинояткори асосӣ, тарҳрез ва маблағгузори ин амали нангини террористӣ А.Абдуллоҷонов то ҳол дар озодист…
Хулласи калом, дар ин дунёи равон ҳеҷ 1 амалу кирдор ва андешаи мурда ҳадафрас нахоҳад шуд. Ва афроди палиду касифу хабис низ дар иҷрои тарҳу қасди палидона шикаст хоҳанд хӯрд!!!

Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter