ХАБАРИ ДОҒ

Бо куфу суф ҳосил гирифтан мумкин?

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018


Салом, СССР! Агар олимони мо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ҳокимон дар навоҳӣ корхонаҳо оид ба истеҳсоли компост ва дигар поруҳои маҳаллӣ месохтанд, хеле хуб мебуд, чунки маҳсулот аз ҳисоби хасу хошок ва дигар партовҳо бо нархи арзон ба деҳқон дастрас мегардад. Олимон бояд ёрдамчии деҳқон бошанд, барои онҳо шароитҳои илмиро пешниҳод намоянд, то ки ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Вақте олимон худро аз деҳқон дур мегиранд, деҳқон фаришта нест, ки бо куфу суфу дуо ҳосил бирӯёнад. Тоҷик бо доштани орду қанду равған ва оби дарё метавонад рӯзашро гузаронад, вале тавре мебинем, дар кишварамон ягон корхонаи қандбарорӣ нест. Олимонро зарур аст, аз хусуси сохтани заводи истеҳсоли қанд лоиҳаҳо тайёр карда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Ҳалли ин проблема хело ҳам муҳим аст. Чунин заводҳо дар ҳар водӣ-Кӯлоб, Вахш, Ҳисор, Суғд, ҳатто Рашту Бадахшон сохта шаванд.

Комрони Далер,
ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter