ХАБАРИ ДОҒ

Виза-корти Ориёнбонк дар Амрико…

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018

Аз 19 май то 10 июн дар сафари хидматӣ, дар чанд шаҳру иёлоти Амрико будем. 4 журналист. Ман, сардабири газетаи СССР, Адолати Мирзо-сармуҳаррири Миллат, Хуршеди Ҳамдам-собиқ раҳбари дафтари душанбегии Радиои Озодӣ ва Азорабек Азорабеков-директори Шуъбаи таблиғу ташвиқи Ориёно Медиа, радиои Имрӯз.
Номи дӯстони ҳамсафарро амдан меорам, ки агар ман дурӯғ гӯям, пас ишон рад кунанд, вале агар рост гӯям тасдиқ…
Дар мо хеле мӯд шудааст, ки танҳо сиёҳ гӯему сиёҳ нависему аз дастовардҳо чашм пӯшем. Ба вежа, дар соҳаи бонкдорӣ, ки имрӯз мардум бо варшикаста шудани чандин бонки хурду бузург бонкқимоб низ шудаанд. Халқ танҳо ахбори негатив мехоҳад ва мо-журналистон низ ҳамон хабареро пешаш мегузорем, ки мунтазир буду ҳаст. Аммо ман дар ин матлаб роҷеъ ба позитив хоҳам навишт.
Мо Метавонем!



Ориёнбонк №1
Дигар бонкҳоро намедонам, вале Ориёнбонк ягон мушкиле дар кишварҳои хориҷа надоштааст. Инро аз таҷруба мегӯям.
Вақте ба Амрико сафар кардам, дӯстони воқифуласрор гуфтанд, ки шояд танҳо кортҳои тилоӣ (Голд-карт)-и тоҷикистонӣ дар ин кишвар корбаст шаванд. Чун пурсидам, ки ба Голд-корт чӣ қадар маблағ бояд гузошт…ҳуш аз сарам парид. Ман чунин маблағро дар 100 сол ҳам ҷамъ карда наметавонам. Зимнан, чанд пулу пайсае, ки доштам, бо сомонӣ, албатта, ба Виза-Электрон-корти кӯҳнаи аз Ориёнбонк доштаам, рехтам.
Пештоз мегӯям, ки қаблан аз Виза-Корти Ориёнбонк дар қораи СНГ ва ҳатто Аморати Араб роҳат истифода мекардам. Аммо Амрико тамоман чизи дигар аст. Ва чун зиёд «ҳушдори дӯстон»-ро, ки мегуфтанд, корат ба беҳуда мекашаду дар Амрико бе пулу пайса мемонӣ, ҳамели гӯш накардаву риск намуда, пуламро ба Виза-Корт гузоштам, бо қалби дар таппиш, нахустин коре, ки дар Вашингтон кардам, ин дар ошхона…бо Виза-Корт ҳисоббаробаркунӣ шуд.
Пешхизмат бе ягон мушкил кортамро аз дастгоҳаш гузаронида, ҳатто пешниҳод намуд, ки агар мехоҳед, бидуни андозу протсент то 80 доллар пули нақд низ мегиред. Гуфтам лозим нест ва нафаси сабук кашидам.

Ориёнбонк No Problem
Бори дуввуму саввум корти мазбурро дар Супер-маркет ва дӯкони ғизо (Гастрономия) истифода кардам. Боз ҳамон моҷарои қаблӣ, яъне ягон проблема нашуд. Ахиран хостам, пули нақд низ гирам (дар тамомии дӯкону ресторанҳои Амрико агар бо корт ҳисобӣ кардед, пешниҳод мекунанд, ки бидуни андоз аз 20 то 200 доллар пули нақд ҳам гиред). 80 доллар пули нақд болои хариди кардаам, аз дӯкони Таргети шаҳри Сент-Луиси Иёлоти Миссурӣ, талаб кардам. Гулдухтари фурӯшанда бо табассум фаррох ва бе ҳеч як мушкилӣ, $80 ба ман аз кассааш бароварда дод.
Барои мутмаинтар шудан, кортро нишон додаму гуфтам, ки ин аз хориҷи кишвар аст. Ба «монитор» нигаристу гуфт:
-ORIENBANK? No Problem
Ростӣ, вуҷудам аз фараҳ лабрез шуд.
Хонандаи ин сутур худ медонад, ки чаро? Зеро дар ин шабу рӯзи сахт бӯҳронӣ, ки аксарияти кулли бонкҳо бо мизоҷон мушкил доранду ҳатто аз банкоматҳои дохилӣ гирифтани пул тавассути кортҳои плостик сангин аст, дар кишвари абарқудраттарини олам-ИМА бо Виза-Електрон-корти Ориёнбонк ягон мушкилӣ вуҷуд на-до-рад…
Шоҳиди ин моҷаро ҳамсафарони гиромии ман низ гаштанд, ки аз Тоҷикистон бо худ пули нақд бурда буданд. Фикр мекунам, дар сафарҳои дигар онҳо низ аз кортҳои плостикии Ориёнбонк истифода хоҳанд кард.
Шумо ҳам, хонандагони азиз, ҳатман ба Виза-Электрон-Корти ин бонк ӯ биоред. Гарав мебандам, хато нахоҳед кард. Мо Метавонем!

С. Мизроб
Вашингтон-Портленд-Юджинӣ-Сиэтл-Сент Луис-Коламбия-Ню Йорк
Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР


PS: Воқеан ҳам дар Амрико ба мо корти «Визаи Бонк оф Америка» доданд. Аммо ҳушдор карданд, ки баробари аз ин кишвар берун шудан, то охирон сентамонро аз корт гирем. Зеро дар хориҷ аз кишвар шояд ин корт ба кор наравад. Мо ҳамин хел ҳам кардем. Аммо дар Германияву Туркия низ Виза-Электрони Ориёнбонк, ки ман доштам, боз ҳам бе ягон мушкил фаол буд.
Офарин бар корбарият, Ориёнбонк. 100 офарин!!!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter