ХАБАРИ ДОҒ

Журналистика ҳокимият аст, ё Саг?

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018

Сафаргуфта-5

Дар мо мӯд аст, ки журналистикаро ҳокимияти 4-ум ном барем. Ин фразеологизми даврони шӯравист. Мутаассуф, журналистикаи муосир ин мавқеъро кайҳо аз даст додааст.

Дар Амрико, баракс, журналистикаро ба «Саги Посбон» ё худ саги хафгир ташбеҳ медиҳанд ва рӯзноманигорон бо ифтихор худро WATCHDOG ном мебаранд, ки тарҷумаи таҳтуллафзаш ҳамон саги хафгир аст.
Матбуоти озод мисли саги посбон озодии баёнро ҳифз ва кору бори 3 ҳукумати дигар-Конгресс, Дастгоҳи Президент ва ҳокимияти Судиро назорат мекунад.
Ифтихороти ҳар амрикоист, ки аз озодии баён ва демократияи амрикоӣ шахсан худаш ҳифз кунад. Институтҳои шаҳрвандӣ, ҷамоаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ин кишвар барои худ айни шараф меҳисобад, то аз озодии баён тарафгирӣ намояд. Демократияи амрикоӣ ҳамин аст ва таърихи беш аз 250-сола дорад.
Мо низ дар ин миён гуфтем, демократияи мо, албатта, ба реформа ниёз дорад. Зеро он ҳамагӣ чизе бештар аз 25 сол дорад. Вале такмили демократия ва озодии баён бояд табиӣ ва оҳиста-оҳиста ривоҷ ёбад. Зеро ёд дорем, ҳамагӣ 27 сол пеш «озодии горбачевӣ» сари миллати бечораи мо чӣ балое оварда буд…
Ҷои пӯшидан нест, ки дар Конгресси Амрико перомуни вазъи матбуоти мустақил, ба вежа, проблемаҳои сунъии сари бархе аз газетаҳои мо овардаи зумрае аз чиновникҳоямон ҷои салла шикори калла баромадани мақомот ва ғ. ва ҳ. изҳори нигаронӣ карданд. Мо ишонро мутмаин кардем, ки проблема ҳалшаванда аст ва ҷои нигаронӣ надорад. Боз кӣ медонад???

Нюсзеюм
Мюзеюм-ин осорхона аст. Аммо амрикоиҳо ба иззати шарафи сухани озод ва журналистикаашон Нюс-Зеюм-осорхонаи зиндаи матбуот ва дигар ВАО-ро  таъсис додаанд.
Дар ин осорхона сар аз нахустин газета дар асри 17-18 то охирин шумораи ҷаридаву дигар дастовардҳои нанотехнологияи муосир дар соҳаи журналистика гирдовар шудаанд. Осорхона зинда аст. Бо шумо ҳарф мезанад, гузориш медиҳад, сухан мекунад ва сӯҳбатро гарм медорад. Нюсзеюми Вашингтон воқеан ифтихори амрикоиҳост. Онҳо тамомии дастовардҳои хешро маҳз бо матбуоти озод ва фошгуфтор баста медонанд…

Искандари Халтонӣ дар Вашингтон


Вақте меҳмони «Садои Амрико» шудем, аксу тоблуи бахшидашуда ба арвоҳи поки Искандари Хатлонӣ-шоир ва рӯзноманигори Тоҷик, ки дар Маскав золимона кушта шудааст, моро ба ҳайрат овард. Искандар дар ин ниҳод кор накардааст. Аммо шукӯҳу шӯҳрати хабарнигорияш то Амрико расидааст. Дар ин долон ҳамагӣ чанд тоблуи ба журналистони кушташуда дида мешуд, ки яке аз онҳо маҳз тоблуи Искандари Хатлонӣ буд. Хабарнигорони «Садои Амрико» Искандари Тоҷикро ҳамчун яке аз бузургтарин журналистони олам мешиносанд ва иззату икромашро то ин рӯз ба ҷо меоранд. Рӯҳат шод бод, ҳамдиёри бузургам, ки дар Тоҷикистон касе ба қадрат нарасид.

Бо акси Санчару занашу дигарон!
Дар Садои Амрико имрӯз низ як журналисти Тоҷик кор мекунад. Санҷар Ҳомидови беҳамто, ки дар солҳои ҷанги гражданӣ дар шабакаҳои телевизионии Русия фаолият дошту ҳақиқат ва даҳшати ҷанги шаҳрвандиро таҳти пӯшиш қарор медод. Ӯ имрӯз бо аҳли байташ сокини Вашингтон аст ва дар ҳамин ниҳоди хабарӣ, дар бахши русӣ фаолият дорад. Аз Осиёи Марказӣ, ин ниҳод танҳо бо забони…ӯзбакӣ пахш мешавад. Дигар забонҳо алон корбаст нестанд, ки хеле аҷиб аст!
Воқеан ҳам имрӯз дар Амрико қувваи бузурги журналистони Тоҷик ҷамъ омадааст, ки теъдодашон аз 20-25 нафар низ зиёд аст. Алон бо дигар корҳо банданд. Аммо дур нест, ки ба кори рӯзноманигорӣ баргарданд. Ва он кор чӣ коре хоҳад буд, баъдан маълум мегардад…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter