ХАБАРИ ДОҒ

«Ба рамзи Сулҳ нигаред: дар он ҷо 2 даст аст…».
Ин иддаои ҷониби ҲНИТ аст, ки даъво доранд, дар Сулҳи Тоҷикон дасти тамом доштаанд ва дасти №2, ки дар рамзи Ваҳдати миллӣ омадааст, дасти онҳост. Мантиқан дуруст мегӯянд. Аммо воқеан чӣ? Воқеан дар ин рамз 2 даст омадааст: Ва аммо аз ин 2, яке дасти Сулҳ асту дуввумӣ Дасти Ҷанг! Дасти Сулҳ дасти ҷангро мефишорад ва ба Ваҳдат даъват мекунад…
Акнун биёед таърихро дар ин шому саҳари 11-солагии Ваҳдати миллӣ ва 27-солагии шуруъи ҷанг варақ занем. Оё ҲНИТ ва муттафиқинаш набуданд, ки кишварро ба ҷанг кашиданд? Дар бораи муттафиқини ин ҷангхоҳон фаромӯш кардаем. Агар мардем, бояд мардона иқрор шавем, ки шоиру нависандаву профессору академиссиюн, аксарияти кулл, пайгири майдони Шаҳидон, яъне майдони ҷанг будем. Имрӯз дар курсиҳои роҳат то бар раёсати ИНТ ва ғ. ва ҳ. такя задаву Сулҳ мегӯем. Дуруст аст. Аммо то мардона иқрор накунем, ки мо-интеллигенсия ва адибони имрӯз соҳибунвон, он даврон дар майдони ҷанг хайма задаву бо «аникдот»-ҳои бемаънӣ ва сафсаттаи пуч сари деҳқонҳои бечораро гарм намедоштем, шояд кор то хунрезӣ намекашид. Натарсед. Иқрор шавед. Ҳукумат шуморо на танҳо бахшидааст, ки ҳатто вазифа низ додааст. Виждонатонро поккорӣ кунед, агар онро доред... Мо Метавонем!
Вале баргардем сӯи Дасти №2. Магар ин дасти ҷанг набуд? Магар ҳамин даст ё дастҳо набуданд, ки ҷигари миллатро шикофтаву хушку тарро сӯхта, даҳҳо ҳазор нафарро қатлу миллиони дигарро бе хонаву дару садҳо ҳазорро беваву сағира насохтанд?


Даъвои ҲНИТ ва оппозитсияи собиқ мантиқан ҳам хатост. Зеро агар ҲНИТ воқеан ҷонибдори Сулҳ ва Ваҳдат мебуд, бар ивази оромии кишвар 30% мансабу вазифа талаб намекард!!! Онҳо Сулҳовар не, Сулҳфурӯш буданд! Бар ивази ҷони беш аз 150.000 нафар ва дарбадарии 1 млн. Тоҷики бечораи ба домашон фитода, онҳо вазифа, пул, мол, мансаб талаб карданд. Агар виждон медоштанд, шояд талаботашон дигар мешуд. Фарзи мисол, расидагӣ ба мушкили муҳоҷирин, дастгирии гурезаҳо, кӯмак ба бечораҳои ба домашон фитода, ки дар ҳабсу бадарға қарор доштанд, оё подоши “ҷиҳодашон” намешуд? Аммо онҳо пулу пайса ва вазифа хостанд! Онҳо ҳатто аз Худо шарм накарданд. Мегуфтанд “дар роҳи Худо ҷиҳод дорем”, садҳо нафарро гӯл заданд, вале вазифа талаб карданд. Ҷиҳодашон ҳам нарх дошту сулҳашон низ!
Дасти №1, Дасти Сулҳ-Дасти ҳукумати марказӣ буд: Ин даст сӯи дасти ҷанг ёзид ва бар ивази хостаҳои нафсонияшон, бад-ин хотир, ки ҷанг хатм ёбаду миллат ба Ваҳдат бирасад, ба ин вазифахоҳон 30% курсии ҳукуматашро Эмомалӣ Раҳмони ҷавон холӣ кард.
Дасти Ҷанг Ватан, Миллат, Давлат, Тоҷикистонро нарх гузошт:
-30% курсӣ...
Хонандаи гиромӣ, даст рӯи сина гузошта, худат баҳо гузор: Магар Ватанро дигар хел метавон фурӯхту харид? Онҳо чун муомилаи “тушка дар бозор” Сулҳу Ваҳдатро нарх гузоштаву каму замм мекарданд. Ва имрӯз шарм надошта, боз даъвии даст доштан дар ин Ваҳдатро доранд?!
Воқеоти ахирӣ, ба вежа, табаддулоти низомии Ҳоҷӣ Ҳалим дар 3 соли қабл, иқрори афроди боздоштшуда...бори дигар собит месозанд, ки ҳизбе бар асари пулу молу вазифа Сулҳро фурӯхт бо пулу пайсаи хориҷиҳо дар орзӯи харидории Ҷанги навбатист!
...Бо ин ҳама бояд иқрор шуд, ки Ваҳдати мо Тоҷикӣ буду Тоҷикистонӣ на! Зеро Сулҳи мо қораи Осиёи Марказиро аз даҳшати пирӯзи “ДИИШ дар ОМ” вораҳонид. Мо бо ин Сулҳ Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва ҳатто вилоёти мусалмоннишини Русияро аз хатар раҳонидем. Чунки ҷанг дар мо хатм намешуд, имрӯз ин кишварҳо низ дар оташи он месӯхтанд, мисле, ки моҷарои Ироқ ба Сурияву Лубнону Либиёву Фаластин асар кард...
...Ҳоло мегӯянд, СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дар ин Сулҳ даст доштанд. Комилан даъвии дурӯғин аст. Зеро бо ҳама иззат аз СММ ин ниҳод дар ягон гӯшаи дигари дунё сулҳу ваҳдат наовардааст, ки ба Тоҷикистон оварда бошад. Сулҳи мо сирф Ваҳдати Миллати Тоҷик аст ва он муаллиф дорад:
-Эмомалӣ Раҳмон!!!!!!!
Ва мо то ҳастем паҳлӯи ин муаллиф ва ин Ваҳдат қарор мегирем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter