ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоло медонам, нафароне, ки бузҳои қишлоқашонро (мисли худ) шер мепиндоранду ҷуз маҳалл чизе дар бисот надоранд (инҳо куллан вайроншудаанд!), боз шарм накарда, ба ин матлаб эрод ҳам хоҳанд гирифт, ки СССР дар бораи маҳалчигӣ менависад. Аммо ман менависам! Зеро Мо метавонем!
«С чего начинается Родина?». Ин суоли риторикии таронаи советиро дар ёд доред? Оре ва посух ҳам риторикист «С картинки в твоем Букваре»…
Ватан низ аз ҷое бояд сар шавад! Диёр, деҳа, қишлоқ, кӯча, шаҳр, ноҳия ва дар ҷамъ зодбум, ҷое хуни нофат рехтааст, оғози Ватан аст. Ва хоҳем-нахоҳем чун ба ин «макони хуниноф» гом мегзорем, ҳатман моро ҳиссиёте дигар фаро мегирад. Бӯи гулу гиёҳ, обсабзаву хоку чанги пода ва ҳатто саргини гову гӯсфанд ба димоғ хуш мерасад. Намерасад? Ту дониву Худо, хонанда, оё баъди солиёни тӯлонӣ ба зодгоҳат равӣ, маҳз ана ҳамин атрибутикае, ки ман гуфтам, писандат намеояд? Агар ҳа, давоми матлабро хон. Вале агар не, боз ҳам хон. Нуқтаи назарат ба ман муҳим аст.
Бо ташаббуси Сарвари давлат то 30-солагии Истиқлолият тамомии вазирону раисон ва мансабу пулдорон муваззаф гардиданд, мактабҳоеро, ки таҳсил кардаанд, обод кунанд. Хеле пешниҳоди олӣ ва ташаббуси саривақтист! Зеро бархе аз вазиру раису мансабу пулдор, бовар кун, хонанда, роҳи хонаву мактабашонро кайҳо фаромӯш карда буданд.
Чун газетаи СССР мардумист, боре нафаре ҳам навишт, ки «мӯҳтарам вазирону раисон! Чаро мурдаи волидайнатонро ба мазори шаҳри мо меореду хайру худоияшро дар Душанбе, барои ҳамтоҳои худ мегузаронед?»
Ин беҳтарин бонги изтироб буд, ки мансабдорон аз халқ дур шудан доранд. Ва имрӯз, ки онҳоро муваззаф карданд, то дабистонҳои худашон хондагиро «ремонт» кунанд, талаботи замон аст. Ман, рӯиҳамрафта, бисёр мехостам, боз амре садо медоду фарзандони ин вазиру раисон дар ҳамон мактабҳояшон мехонданд! Ҳай зӯрррр мешудееее! Мисле, ки писарони ҳама қудратиҳо сар аз полковник то генералҳо дар қисмати ҳарбие хидмати сарбозӣ мекарданд. Он гоҳ, ҳамеша мактабҳо тамизу ротаву полкҳо банизомтар мешуданд. Мо Метавонем!
Ва аммо мактаб оғози ҳамагуна таҳаввулоти рушдкарда-сивилизатсия аст. То дабистону мактаб ободу пешрафта нест, роҷеъ ба ягон пешравӣ ҳатто наметавон ҳадс зад. Медонед, ки Ҷопон ва Германияву Италия-3 иттифоқчӣ дар Ҷанги 2-и Ҷаҳонӣ баъди комилан варшикаста шудан, чигуна давлатҳои пешрафта шуданд? Онҳо маҳз ба мактаб рӯ оварданд!
Фикр мекунам, реформаи ахирии Ҳукумати Марказӣ бештар аз 1 таҷдид аст. Онро метавон Ренесанси Миллӣ хонд. Аз ҳамин ҳоло!!! Амри мазбур, агар воқеан ҳам роҳандозӣ шудаву ҷомаи амал пӯшад, бовар кун, хонанда, баъди Имзои Протоколи Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дуввумин дастоварди глобалии Миллати Тоҷик хоҳад шуд, ки боз ҳам дар саргаҳаш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад! Ва аммо дар баробари тармиму таъмир ва ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо компютеру дигар васоити техникии муосир, бисёр мехостам, чизи дигаре низ ба эътибор гирифта шавад:
-Маоши муаллим!
Муаллим беҳтарин дастгоҳи аёнӣ барои хонанда аст. Ва то ин дастгоҳ рӯзу рӯзгори фарҳехта ва шарафманд надорад, душвор аст, кӯдакро ба донишандӯзӣ талқин намудан. Зеро кӯдак танҳо дар симои муаллим мебинад, ки илм фоида дорад, ё зарар?
Зимнан бисёр хуб мешуд, агар вазирону раисон, раҳбарони коргоҳу корхонаҳои бузург, сарватмандону туҷҷор маъоши моҳонаи зумрае аз муаллиминро бар дӯш мегирифтанд. Ва ё барои бархе мударрисин стипендияи вежа ҷорӣ мекарданд. Ин дастгириро бояд дар доираи кӯмак ба макотибе, ки сохтаанду месозанд, бояд амалӣ кунанд. Зеро мактаби наву замонавӣ бе муаллими серу пур ва вораста кам  эффект медиҳад!
Кӯмаки саривақтӣ, болобардории маоши мударрисин дар аввали кор, миссияи имрӯзаи муаллим, бӯрпулӣ, доскапулӣ, журналпулӣ ва ғайрапулҷамъкунӣ, яъне дар ҷамъ «ришвату фасод»-и хурдро аз миён мебардошт. Дар ин сурат муаллим боз дастгоҳи аёнии тақлиди мактаббача қарор мегирифту кӯдак ба кӣ баробар шуданро аз ӯ меомӯхт. Дар ин сурат ҳам илм пеш мерафт ва ҳам ҳисси донишандӯзии наврасон боло.
Реформаи мактабҳо агар бо реформаи маъоши мударрисин созгор ояд, онро воқеан ҳам метавон Ренесанс хонд. На беҳуда гуфтаанд, ки;
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бе хирад рӯзгор…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter