ХАБАРИ ДОҒ

Русия вазъи муҳоҷиронро батар кард

  • Чоршанбе, Июл 18 2018

Аз 8.07.2018 дар қаламрави Федератсияи Русия 1 қатор қоидаҳои нави будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, хосса, муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ шуд. Ин қоидаҳои нав вазъи кории муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия боз ҳам батар намуда, ҳатман ба ҳазорҳо оилаи Тоҷик низ асаргузор хоҳад буд… Мо тасмим гирифтем тартибу қоидаҳои ҷадиди ба расмият даровардаи Русия барои муҳоҷирони кориро омӯхта, барои хонандагон онро шарҳ бидиҳем. Зеро имрӯз дар кишвар тақрибан хонаводае нест, ки 1 нафари онҳо барои кор ба Русия рафта, некӯаҳволии аҳли оила аз ӯ вобаста набошад. Мо Метавонем!

Ҳатто дар маҳбас, аммо идора не!
Пеш аз ҳама тибқи ин тағийрот ва қоидаҳои нав корфармо дигар иҷозати аз рӯи ҷои кор ба қайд гирифтани муҳоҷирони меҳнатиро надоранд ва ҳар 1 муҳоҷир бояд дар макони ба қайд гирифташудааш зиндагӣ ва кор кунад. Яъне, муҳоҷирро дигар аз рӯи суроғаи маҳалли кор, идора ё ширкат ба қайд намегиранд ва ӯ бояд танҳо дар ҷои аниқи зисти худ-квартира, ҳавлӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, беморхона ва ҳатто дар маҳбас ба қайд гирифта шавад, на идора ва ё ширкату корхона! Танҳо ба онҳое имтиёз дода мешавад, ки ҷои зисташон андаруни корхона бошад, масалан, дар минтақаи сохтмонӣ, дар палаткаҳо. Барои вайрон кардани ин қоида корфарморо ҷарима то 800.000 рубли русӣ интизор буда, муҳоҷир ҳатман депорт хоҳад шуд.

Мурдӣ-ворастӣ…
Агар қаблан ширкатҳои корфармо муҳоҷиронро аз рӯи суроғаи ҳуқуқии худ ба қайд мегирифтанд, акнун танҳо аз рӯи маҳалли зисти аниқ. Яъне, ҳар 1 ширкат акнун муваззаф аст, ки барои коргарони хеш манзили иҷора пайдо кунад ва ё соҳибони хонаҳои иҷора онҳоро ба қайд гузоранд: коре, ки на корфармо мехоҳад анҷом диҳад, на соҳибхона! Албатта, барои ин ҳам маблағи бештар сарф мешавад ва ҳам дигар корфармоҳо наметавонанд бо дурӯғ ва пинҳон кардани маблағ коргару давлатро фиреб диҳанд.
Тибқи омори расмӣ дар с.2017 ба ҳудуди Русия беш аз 17 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид шуда, 9,5 млн нафар ба таври ҳамешагӣ дар ин кишвар иқомат доранд. Ҳар 1 шаҳрванди хориҷӣ пас аз ворид шудан бояд худро ба таври оҷил аз рӯи суроғаи воқеӣ ва ҳатмӣ ба қайд гузошта, дар ҳамон шаҳру маҳал кору зиндагӣ намояд. Дигар муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд худро дар Калуга, Пенза, Екатеринбург… ба қайд гирифта, дар Маскав кор карда гарданд: ҳангоми боздошт дарҳол ба Ватан депорт мешаванду соҳибхона ҷарима. Дар сурати кӯч бастан аз 1 шаҳр ба шаҳри дигар, бозгашт ба Ватан ва ё фавтидан, қайди зист низ ба таври автоматӣ қатъ мешавад.

Бе патент қадам нагузор!
Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз 1.01.2018 ҳукумати Федератсияи Русия барои риоя кардани тартиби будубош ба шаҳрвандони хориҷӣ дар мавсими баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки айни замон дар ин кишвар сурат гирифта истодааст, 1 қатор тағйироти навро ҷорӣ карда буд. Дар оғози соли равон Русия эълон дошт, ки надонистани қоидаҳои будубош ва кор муҳоҷирони меҳнатиро аз масъулият озод намекунад. Тибқи ин тағийротҳо аз 1.01.2018 муҳоҷирони меҳнатӣ бидуни гирифтани иҷозатномаи корӣ-патент дигар кор карда наметавонанд ва ҳар нафаре, ки патент надорад ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ин аст, ки тирамоҳи с.2017 Русия квотаи кориро ба муҳоҷирони корӣ ба маротиб кам кард.

Суғурта ҳам ҳатмӣ шуд
Тамоми ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба полису суғуртаи тиббӣ аз 1.01.2018 бекор карда шуда, касоне, ки шаҳрвандии ФР надоранд, маҷбур шудаанд суғуртаи тиббиро аз сари нав бигиранд. Тибқи қоидаҳои нав минбаъд муҳоҷирони меҳнатӣ суғуртаи тиббиро ҳар сол нав мекунанд, зеро он аз аввал то охири сол фаъол асту халос.

Квотаи корӣ-50% дар бахши кишоварзӣ
Ҳамасола Русия меъёри қабули муҳоҷиронро барои 1 сол муайян мекунад. Масалан, барои с.2018 ҳукумати Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши кишоварзӣ 50%-ро муайян намудааст, яъне ҳиссаи кории шаҳрвандони хориҷӣ набояд аз 50% бештар бошад-50%-и ҷойҳои кории боқимондаро бояд шаҳрвандони Русия ташкил диҳанд. Дар бахши фурӯш дар мағозаҳои хӯрокворӣ 15% ва соҳаи нақлиёту боркашонӣ 28% ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатист. Ғайр аз ин, вилояту минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия дар бораи бо кор фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ худ тасмим гирифта, барои истифодаи қувваи кории беруна квотаҳо ҷудо менамоянд. Дар баъзе минтақаҳои Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ҳақ надоранд дар ширкатҳои посбонӣ кор кунанд ё бидуни ҳуҷҷати ронандагии ин давлат нақлиёти ҷамъиятӣ ронанд.

Муҳоҷирони Тоҷик бармегарданд?
Дар умум, ҳукумати Федератсия Русия сар аз оғози соли ҷорӣ ва бо баҳонаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки мизбонаш ҳаст, қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламраваш вазнинтар намуд. Ин навовариҳои сангин бе ин ҳам вазъи бади муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикро батар карда, боиси баргаштани теъдоди бештари онҳо ба ватан шуда истодааст. Шояд ин амал ба хотири беруну кам кардани шаҳрвандони хориҷӣ бошад ва ё баръакс барои ёфтани роҳҳои нави пулкоркунӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, мо намедонем. Вале аён аст, ки бо чунин шароити нав пайдо кардани кори дурусту макони қайд барои зиндагӣ мушкилтар шуда, онҳо маҷбуранд ба Ватан баргарданд ва ҳукумати кишварро мебояд ба ин омил-ба таври оммавӣ баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, сар аз ҳамин рӯз омодагӣ гирад, ки фардо дер нашавад. Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter