ХАБАРИ ДОҒ

Идро не, «жвачка»-ро танзим кунем!

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018


Садсолаҳост, ки мардуми сарбаланди мо даҳҳо расму оин, суннати аҷдодии хешро бо сарсупурданҳо ба наслҳои гузашта ва имрӯза расонидаанд. Ҳифозати  онҳо қарзи виҷдонии мост. Ҷои таассуф нест, ки баъзе аз суннатҳои аҷдодии диниву мазҳабӣ зери анбуҳи хурофотпарастон мондаанд. Чашмпӯшии баъзе аз масъулин ба он оварда расонид, 2 иди суннатӣ-Иди фитр ва Қурбон, ки маҳз барои шодиву сурури тифлакон эҳдо шудааст, танзим шуд. Иди саиди Қурбон ҳам яке аз суннатҳои ниёгон буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Маҳз қурбонии Исмоил (а) буд, ки ҷадди бузургвори мо ин идро ҳамчун суннат пазируфт. Ҳадя додан ва сила кардани сари тифлону хурдсолон ин ҳамон ҳадяи Парвардигор буд, ки ба Иброҳим (а) ба хотири тифли зебову нуронӣ Исмоил (а) фиристода буд ва баъд аз ин ҳадя додан ба тифлакон ҳамчун суннат дар хуни мо ҷой гирифт. Имрӯзҳо, ки шурӯи сафари ҳоҷиҳо ба зиёрати хонаи Худо оғоз меёбад, бояд эмомхатибон дар фаҳмонидани тарзи дурусти зиёрати хонаи Худо саҳм гирифта, пеши ҳамагуна исрофкориҳоро бигиранд. Афсӯс, ки чанд даҳсолаест, ягон мавъизачӣ ва идораи салоҳиятнок пеши роҳи «жвачкаҳои» бесифатро намегирад. Маҳз шириниҳои бесифат боиси афзоиши бемории қанд шудан дорад!!!

Тоҳири Абдуҷаббор,
н.Ховалинг

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter