ХАБАРИ ДОҒ

Садама ё террори велотуристон дар Данғара

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018

 

 

29.07.2018. Соат ба вақти Душанбе 15:30 дақиқа. Шоҳроҳи наздик бар Яхсӯ ва Маликоваи Данғара…

Автомашинаи тамғаи Леганза 7 сайёҳи велосипедрони хориҷиро пахш кард. Бар асари садама 3 сайёҳи ҷаҳонгард дар ҷои ҳодиса ва 1 тани дигар дар беморхона фавтид. Ронанда аз ҷои ҳодиса ғайб зад…

Бо амри тасодуф хабарнигори газетаи мардумии СССР дар ҷои ҳодиса буд ва сару садои барзиёдеро мушоҳида намуд. Минҷумла, нафаре мегуфт, ки Леганза амдан сайёҳонро зер кардааст. Тибқи шаҳодати ин нафар, ки ному насабашро напурсидем, Леганза аз ҷониби Норак меомаду сайёҳон аз самти Данғара. Ронандаи мошин барқасдона чамбарро сӯи онҳо тоб дода, чанд танашро зер карда, сӯи Маликова меравад. Сайёҳон дар ҳолати шок қарор доштанд. Дар ин маврид ронандаи Леганза мошинро бозпас тоб дода, бо суръати баланд омада, боз туристонро зер мекунад. Агар ин версия ҳақиқат бошад, пас ин амал терроризм аст. 1 сарчашма, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ин версия коркард мегардад ва гуфта мешавад, ки мусофире чарх зада омада дубора пахш кардани туристонро гӯиё наворгирӣ ҳам кардааст…

Версияи дигаре низ ҳаст, ки аз мошин баъди дуввумбора зер кардани туристон чанд нафар баромада, ба сайёҳон бо корд дарафтодаанд…

Маҳв шуданд!

Автомашинаи Леганза далели шайъӣ аз худ боқӣ гузошта фирор карда буд. Мо дар дасти нафаре рақами давлатии ин мошинро дидем, ки ҳини бархӯрд дар ҷои ҳодиса афтодааст: 7498ВН03.

Пулис маълум кард, ки мошини мазкур ба сокини 21-солаи ш.Норак тааллуқ дорад. ВКД навишт, «ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад. Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст.”

Сарчашмаи хабарие бе ифшои ном ба СССР гуфт, “ҷинояткорон бо силоҳи сарди сабук, корду теғ, мусаллаҳ буданд ва ба корманди милитсия дарафтоданд. Ва дар ҷои ҳодиса кушта шуданд”.

1 нафари дигар боздошт гардид. Тахмин меравад, ки ин нафар соҳиби мошин ва бо гумони ғолиб ронандаи Леганза Ҷаъфариддин Юсупови 21-сола аз шаҳри Норак аст...

Норак, мутаассуф, замони ахир бо аъмоли бад дар сархатти хабаргузориҳо қарор дорад, ки ҷавонони зиёде аз ин маҳалла ба Давлати ба ном исломӣ пайваст мешаванд. Аз Норак будани ронандае, ки 2 бор сайёҳонро гаштаву баргашта пахш кардааст, далеланд, ки дар ин амал гурӯҳҳои террористӣ даст доранд.

Ҳоло дар кишвар амалиёти “Перехват” давом дорад ва дастандаркорони ин фоҷеаро меҷӯянд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ тани танҳо чунин амалиёти мудҳишро матраҳ карда наметавонист. Онҳо ҳатман “наводчик”-ҳамкорон доштаанд, ки ба инҳо дар бораи аз Бадахшон баргаштани гурӯҳи 7-нафараи сайёҳони дучархасавор маълумот додаанд.

Марги 4 турист

Туристони дучархасавор аз Амрико, Ҳолланд, Шветсария ва Белгия будаанд. Аз ин миён 2 амрикоӣ, 1 ҳолландӣ ва 1 шветсарӣ ҷон бохтаанд. Дар беморхонаи Данғара тибқи ахбори расида, ҷавонмарди “ришзард”-и сайёҳ гуфтааст, ки чизеро сарфаҳм намеравад ва дар ҳолати шокӣ қарор дорад. Талоши хабарнигори СССР барои сӯҳбат бо сайёҳони ҷонбасаломат бурда дар ҷои ҳодиса низ бе натиҷа монд. Нафаре, ки мо бо ӯ сӯҳбат мекардем, ҳарфе зада наметавонист. Ҳарчанд дида мешуд захме дар бадан надорад, аммо ӯро тарсу шок пахш карда буд.

Тоҷикони асил

Бо ин ҳама, дар ҷои ҳодиса, садҳо Тоҷикони маҳаллӣ, мусофирон, ронандагон, кормандони пулис ба хоку хун оғӯшта гардидаву ҷасади сайёҳонро аз ҷарӣ берун мекашиданд. Як нафаре набуд, ки худро канор гирад. Одамон бо либоси худ рӯи ҷасадҳоро мепӯшониданду ҷароҳати сайёҳонро мебастанд... Ин амал аз одаму одамигарии баланди миллати мо хабар медиҳад, ки даҳшатафкании чанд хоину разил ҳич гоҳ ба бадани миллати Тоҷик доғ нахоҳад гузошт. Мо Метавонем!

Тасаллияти Президент

Дар ҳамин маврид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарони кишварҳое, ки туристони фавтида аз он давлатҳо будаанд, номаи тасаллият равон кард. Гуфта мешавад, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайванд ба ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду гардишгар аз Амрико, як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария мебошанд, ба сарони ин кишварҳо номаи тасаллият ирсол кардааст. Дар номаҳои ҷудогонаи ба Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико, Виллем-Александр-подшоҳи Нидерландия ва Ален Барсе-президенти Конфедератсияи Швейтсария, ки фавтидагон аз он ҷо будаанд, Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони ин кишварҳо бар асари аз ҷониби ронандаи як худрав пахш кардани гурӯҳи сайёҳон, изҳори таассуф кардааст.

Вазир: Таҳқиқот идома дорад!

Хотиррас мешавем, гузориши мо версия аст, ки дар ҷои ҳодиса дидему шунидем ва баъдан аз сарчашмаҳои хабарии наздик ба мақомот дарак ёфтем. Худи вазири корҳои дохила-Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии рӯзи 30.07.2018 гуфт: “Дар робита ба ҳалокати 4 сайёҳи хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара тамоми фарзияҳо – садама, куштор, ғоратгарӣ ва ҳамаи фарзияҳои дигар ба пуррагӣ санҷида мешаванд ва тафтишот маълум мекунад, ки ин садама ё ҳамлаи террористӣ?...”.

Раҳимзода гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи велосипедронҳои хориҷӣ шаҳрвандони Амрико, Нидерландия, Швейсария ва Фаронса мебошанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, зоҳиран ин ҳамлае буд, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст: “Ҷои буду боши онҳо дар роҳ муайян карда шуда, чорабинии дастгиркунӣ амалӣ карда шуд. Яке аз онҳо дастгир карда шуд яке дигар ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дода. Дар ҷои ҳодиса несту нобуд карда шуд. 3 нафари дигар дар ҷустуҷу қарор доранд.”

Хавфнок ва мусаллаҳ!!!

Дар бастагӣ ба фоҷеаи Данғара, ки дар он 7 турист мавриди ҳуҷум қарор гирифтаву 4 тани онҳо бо бераҳмии том кушта шудаанд, ВКД акси 3 нафарро пахш кард, ки дар ин ҳуҷуми тарҳрезишуда гумонбаранд.

Инҳо: Зафарҷон Сафаров, сокини 18-солаи ноҳияи Панҷ, Асомуддин Маҷидови 19-солаи сокини ноҳияи Панҷ ва Ҷаъфариддин Юсуфови 21-сола аз н.Норак, соҳиби мошини «Дэу Леганза” мебошанд.

Барои ёфтани ин 3 гумонбар ВКД мукофоти калон ваъда додааст. Аз рӯи иттилоия ва баёнияҳои расмӣ дар ин ҳамла бар туристон ҳадди ақалл 9 нафар гумонбаранд. Арқоми мазбур далели версияи мост, ки шояд ин ҳамлаи террористӣ ба туристон буд...

Сафорати Амрико: Ин ҳуҷуми тарҳрезишуда буд!

Ҷеф Риденор-афсари хадамоти иттилоотии Сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, «Сафоратхонаи ИМА дар бастагӣ ба фоҷеаи дар Данғара рух дода, бо ҳукумати ҶТ ҳамкории зич дорад!».

Сафорати ин кишвар ба бераҳмии ҳуҷумгарон ба велотуристони сайёҳ таъкид карда, афзудааст:

-Мо ба аҳли байти фавтидагон тасаллият мекунем. Ҳарчанд тафтишот идома дорад, аммо фактҳо далели онанд, ки ин ҳуҷум қаблан тарҳрезишуда буд. Мо бераҳмии ҳамлаваронро маҳкум карда, аз ҷониби худ дарк менамоем, ки онҳо ҳич гоҳ муаррифии миллати меҳмоннавози Тоҷик нестанд!

Ҳамзамон сафорати Амрико то кунун ному насаб ва акси кушташудагонро фош накардааст.

Бе шубҳа, баёнияи сафорати ин абарқудрат, ки рӯзи 29.07.2018 ду тан аз  шаҳрвандонаш дар мавзеъи Данғара кушта шудаанд, ҳокӣ аз он аст, ки ҳуҷум ба велотуристон садамаи оддӣ набуда, амали тарҳрезишудаи террористӣ аст.

PS: Исми 3 сайёҳи дигар дар Тоҷикистон мушаххас шуд. 1 манбаи Радиои Озодӣ ба шарти нашр нашудани номаш гуфтааст, инҳо 1 мард ва 3 зан - Ким Ирис Постмаи 59-сола, Марие Клейре Олемен 59-сола ва Гуиллауме Казабари 29-сола ҳастанд. Манбаи Озодӣ гуфт, Ким Ириси 59-сола бо ташхиси халидаву бурида дар қафаси сина баъд аз ҷарроҳӣ ва Ким Ирис Постма бидуни осеб, вале дар ҳолати шок субҳи имруз соати 10:45 ба бемористони «Истиқлол» бистарӣ шуданд. Гуиллауме осеби ҷисмонӣ набардошта, танҳо ин 2 сайёҳро ҳамроҳӣ мекунад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳануз шаҳрванди куҷо будани ҳаряки онҳо муайян нашудааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter