ХАБАРИ ДОҒ

Сартарош-маняки кӯлобӣ мурд!!!

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018

 

Сартарош қарздеҳашро 54 корд ва сардори зиндонро 18 қайчӣ зада кушт. Ӯ ҳар 2 ҷасадро бо бераҳмии том тика-тика намуд…

Умед Тешаеви 35-сола, сартарош аз ш.Кӯлоб ва қотили Умар Қаюмов-сардори зиндони ш.Кӯлоб дар маҳбаси пӯшидаи ш.Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) вафот кард. Ӯ 5 соли ахир дар зиндон буд. Номи ӯ дар солҳои 2013-14 ду бор дар сархатти хабарҳои матбуоти даврии Душанбе қарор гирифта буд ва ҳар бор ба бадӣ...
31.08.2013 вақте ӯ Абдурасул Алиев-сокини ш.Кӯлобро, ки бо талаби пули қарзаш ба сартарошхонаи ӯ омада буд, ба даруни сартарошхона дароварда, 54 корд зада кушт. Тешаевро барои ин куштори бераҳмона 17,5 сол суд карданд.
17.02.2014 исми ӯ дигарбора вирди забонҳо шуд. Он рӯз сардори маҳбас-Умар Қаюмов маҳбус Тешаевро ба ҳуҷраи истироҳаташ даъват кард, то мӯи сарашро кӯтоҳ кунад, вале сартарош-Тешаев бо 18 зарбаи қайчӣ сардорро зада кушт.
Ин бор суд ӯро ҳабси якумрӣ дода, барои адои ин ҳукм аз зиндони Кӯлоб ба зиндони пӯшидаи Қӯрғонтеппа фиристоданд. Модари ӯ-Мушкинисо Эргашева он замон мегуфт, ки онҳо авлодан бемории рӯҳӣ доранд ва худаш ҳам дар ҷавониаш муддатҳо дар бемористони рӯҳӣ табобат гирифтааст. Эргашева мегуфт, ки писари ӯро бояд на ба зиндон, балки барои табобат ба бемористони рӯҳӣ равон кунанд. Аммо экспертиза бемории рӯҳӣ будани сартарошро тасдиқ накард.

Эксперт: Девона нест!!!
Алихон Икромӣ-эксперти судию тиббӣ, ки дар ҷараёни таҳқиқи қатли Умар Қаюмов мустақиман ширкат дошт, китоберо бо номи "Қатли сардори маҳбас” нашр кард. Ӯ иддаоҳо дар бораи мушкилоти равонӣ доштани Тешаевро рад карда менависад, ки қадамҳои ӯ дар лаҳзаи куштани Қаюмов ва баъди куштор ҳама санҷидашуда ва боақлона буд: "Рӯзи истироҳат сардори маҳбас пас аз ҳолпурсии маҳбусон ба утоқи кории худ баргашт ва аз яке кормандон хоҳиш кард, то маҳбус Умед Тешаевро ба наздаш биоранд. Дар парвандаи Тешаев шубҳа пайдо шуда буд, ки эҳтимол ӯ худаш танҳо ин кушторро содир накарда бошад. Қаюмов супориш гирифта буд, то дар кушодани ин асрор ба тафтишот кӯмак кунад. Ӯ 1 бор бо Тешаев бо баҳонаи сартарошӣ сӯҳбат карда буд. Ин бор аз ӯ мепурсад, ки ту чанд корд ба бадани Алиев зада будӣ. Ҷавоб медиҳад, ки 41 корд. Аз ин посух Қаюмов ҳайрон шуда мепурсад, ки чаро дар парванда 54 корд зикр шудааст? Ҳамин замон Тешаев эҳсос мекунад, ки ӯро на барои ба тартиб даровардани мӯи сар, балки барои гирифтани маълумот барои тафтишот ба утоқаш даъват кардааст. Ва ҳамин замон ба ӯ ҳамла мекунад.”
Тешаев баъдан дар рафти тафтишот гуфтааст, вақте мӯи сари сардори маҳбасро кӯтоҳ мекард, Қаюмов дар назараш мисли Алиев намудор шудааст. Икромӣ дар ин бора менависад: "Ӯ гуфт, ки вақте мӯи сари сардори маҳбасро ба тартиб медаровардам, ба ногоҳ дар назарам Абдурасул Алиев пайдо шуд, ки бо корд ба сӯям ҳамла мекард ва ман ҳам ӯро мавриди ҳамла қарор додам. Ӯ мегуфт, ки ӯ Қаюмовро не, балки боз Алиевро куштааст.”
Ба қавли Икромӣ, Тешаев баъди аз куштори сардори зиндон огоҳ шудани зиндонбонҳо дубора вориди ҳуҷраи истироҳатии Қаюмов шуда, дарро аз дарун баста, аз телефони мобилии Қаюмов ба хешовандони худ занг зада, ҳодисаро нақл мекунад ва аз онҳо кумак мехоҳад: "Тешаев дарро ба рӯи посбонҳо боз намекунад ва мегӯяд, агар талоши ба зӯр боз карданро кунанд, худашро низ мекушад. Аз саломатии сардори маҳбасхона суол мекунад. Барояш мегӯянд, ки вазъи сиҳатиаш хуб аст. Мутмаин мешавад, ки сардори маҳбасхона зинда аст ва ваъда ҳам мегирад, ки ӯро касе намекушад, баъдан дарро боз мекунад. Магар инсони дорои бемории рӯҳӣ чунин муомила мекунад?”

Сакина Абдуллоева,
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter