ХАБАРИ ДОҒ

Задани муаллим беасос аст

  • Чоршанбе, Авг 22 2018


(Ҷавоб ба навиштаи «Муаллимро барои чӣ заданд?»-и Лола Абдураҳимова)

Факту рақамҳои ин матлаби омӯзгор аз н.А.Ҷомӣ Лола Абдураҳимова тасдиқи худро наёфтанд. Ин бор ҳам навиштаи ӯ бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илм мавриди санҷиш қарор дода шуд. Аммо тавре гуфтем ва гумон мекардем ва аз навиштаю аризаҳои пешинаи Лола то андозае воқиф ҳам будем, он воҳимае беш набудааст. Аён шуд, ки ҳодисаи занозанӣ дар мактаби миёнаи №3, ки муаллима Л.Абдураҳимова сарварии онро ба уҳда дорад, рӯй додааст. Чун дар ҳузури кормандони шуъбаи маорифи ноҳия бо муаллима суҳбат кардем, нахуст гуфт, мақоларо худаш навиштааст. Ба ҳар сурат, хостем дурустии факту рақамҳои дар мақола бударо санҷем. Нахуст, 3 хонандаеро ба наздамон оварданд, ки ҳеҷ кадоме ба шӯрапушт монандӣ надошт ва аз рӯй додани чунин ҳодисаи ногувор изҳори бехабарӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки Л.Абдураҳимова даъво мекард, ин 3 хонанда гӯё муаллимро задаанд. Сипас, аз омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ Фотеҳ Аминов пурсон шудем. Аминов бо итминони комил гуфт ва баёнот дод, ки бо касе даст ба гиребон нашудааст. Ҳатто, иброз дошт, ки ӯ на хатмкардаи ДМТ, балки Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав аст.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter