ХАБАРИ ДОҒ

Гӯсфанди гӯшбурида қурбонӣ нест?

  • Панҷшанбе, Сен 06 2018


Рӯзи 21.08.2018 дар кишварамон Иди Қурбон шуда гузашт. Ман бегоҳии ид ба 1 хона рафтам. Дар он хона очаву бача дар бораи чорвои қурбонӣ мекардаашон бо ҳам баҳс доштанд. Писараш барои қурбонӣ аз молбозор 1 гӯсфанди гӯшбуридае харида будааст, лек дар масҷид мулло-эмом фатво додааст, ки «рӯзи иди қурбонӣ чорвое, ки нуқс дорад, қурбонӣ хисоб нест!», яъне мумкин нест онро қурбонӣ кардан! Ба қавли дигар гӯши чорво бурида, шохаш шикаста, чашмаш кӯр, ё пояш шикаста бошад, раво набудааст! Ман ба очаву писар гуфтам, ки «ин ҳама гапи холӣ аст, парво накунед!». Лек он ҷавон дар ними шаб чорпои харидаашро иваз карда омад. Охир, наход муллои бесавод чунин фатво диҳад? Хуллас, тамоми исрофкорию вайронкории мо маҳз аз дасти муллоҳост! Охир, мо рӯзи иди қурбон аз сидқ ва чени имконият чорво бикушем ва қурбонии кардаи мо чӣ айбу нуқс ва чӣ рангу намуд дорад, мардум аз куҷо медонанд? Зеро қурбонӣ ин хайру сахо, садақа ва бахшандагист. Чорпои зиндаро куштанаш ҳалол ва хӯрданаш низ дуруст аст, мурдаашро хӯрдан мумкин нест! Ё не? Муфтии мо дар ин бора чӣ мегуфта бошад?

Асадуллои Бохтарӣ,
аз водии Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter