ХАБАРИ ДОҒ


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон матлаби «Шаҳраки Ёвон об надорад!» (Муслима Бобоева, «СССР», №29(462), 20.07.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Воқеан, имрӯз дар масъалаи таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби ошомиданӣ баъзе мушкилиҳо ба миён омадаанд. То с.2007 шаҳраки Ёвон тавассути 2 манбаъ аз дарёҳои Вахшу Кофарниҳон бо оби ошомиданию техникӣ таъмин мешуд. Алҳол муддати 10 сол мешавад, ки бинобар сабаби фаъол набудани хатти интиқоли оби дарёи Кофарниҳон сокинони маркази ноҳия танҳо аз оби дарёи Вахш истифода мебаранд. Мутаассифона, қубурҳое, ки оби Вахшро ба воситаи корхонаи «Тоҷикимсаноат» ба шаҳраки Ёвон мерасонанд, дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ (беш аз 40 сол) куҳнаву фарсуда шудаанд, ки ин боиси паст фаромадани фишори об шуда, мушкилот ба миён овардааст. Бо мақсади рафъи ин камбудӣ айни замон дар ноҳия «Лоиҳаи барқарорсозии обтаъминкунии қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди татбиқ қарор дорад. Аз моҳи ноябри с.2016 инҷониб марҳилаи аввали Лоиҳа, ки маблағи 5,8 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, амалӣ шуда истодааст. Тибқи ин санад иншооти муосири пойгоҳи нави обкашӣ, обанбор ва дастгоҳҳои обтозакунӣ, хатти магистралии нав бунёд шуда, обанборҳои куҳна барқарор ва таҷҳизоти зарурӣ насб карда мешаванд…

Амирбеки Темур
Раиси ноҳия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter