ХАБАРИ ДОҒ

Марзи миллӣ-8

Духтари ман-Ориёна 4 рӯз шуд дар беморхона бе ёду ҳуш хоб аст. Ӯро дар ҳолати аффект ва тарс аз маршировкаи охирин-ҷашни Истиқлолият ба ин ҷо овардаанд…
Баъди чорабинии Истиқлолият, ки дар пойтахт баргузор гардид, ба ман занг задаву гуфтанд, духтаратон дар беморхонаи Истиқлол аст. Омадам ва даҳшати пирӯзро дидам. Чанд гулдухтаре, ки ба синну сол ба духтари ман баробар буданд, дар ҳолати шок ва беҳушӣ хобанд (ва ин танҳо дар 1 бемористон!!!). Онҳо аз садои таркиши салют ва феерверк-мушакҳои идона тарсидаанд. Чанде дигар зери по мондаву лат бардоштаанд ва ғ. ва ҳ. Акнун суоле матраҳ аст, ки барои ин чанд гулдухтар иди имсола бо кадом андарз дар мафкураашон нақш хоҳад баст? Суоли матраҳ аст, албатта.
Муаллимони онҳо бо чашмони обӣ шиква доштанд, ки аз дасташон чӣ коре меояд? Духтурон мегуфтанд, ҳамасола корашон ҳамин асту духтарони тарсидаву рамидаро қабул мекунанд… Хуллас, ҳама қимобӣ…
Борҳо, ҳаряки мо, бо 2 гӯш шунидаем, Сарвари давлат, ки ҷаҳонбинии муосиру пешрав доранд, таъкидан мегуфтанд, ки аз чунин маросимҳои гаронарзиш ва серодам рӯ тобед.
Масъулин ё намешунаванд ва ё дигар ҳунаре надоранд, ки маршировкаву массовкаҳоро кам намекунанд. Массовкаҳо усулан дар кишварҳои тараққикардаву рушдёфта кайҳо аз миён рафтаанд ва дигар арзиши сиёсиву фарҳангӣ надоранд. Ин тусовкаю массовкаю маршировка элементҳои фарҳанги иҷборан ихтиёрии дақюнусиянд, ки бояд ба осорхонаи миллӣ раванд. Донишҷӯ бояд хонад, на ин ки моҳҳо марш занад дар Марш(ир)ОФ-ка!!! Аммо неъ! Ба касе дарси ибрат намегардад. Ва медонед чаро? Зеро режиссёрону басаҳнагузорони ин идайн аз асри 20, асри ура-ураҳову парадҳои дақюнусии даврони советӣ, бадар нарафтаанд! Иллати тамомии маршировкаҳои серхарҷ, сертараддуд ва серодам ана ҳамин режиссёру коргардонҳо мебошанд. Инҳоро бояд куллан иваз намуд.
Дар тамомии олам карнавалу шоу-консертҳои идинае баргузор мешаванд, ки оби даҳонат меравад. Аммо дар онҳо студенту талабагони мактабро маҷбурӣ истифода намебаранд. Гурӯҳҳои махсуси театрикунонидашудае ҳаст, ки дар ҳар чорабинӣ ширкат меварзанд. Ва маоше, ки онҳо аз ин чорабиниҳои профессионалӣ мегиранд, бовар кун, хонанда, садҳо, ҳазорон, маротиба камтар аз харҷест, ки дастандаркорони дақюнус-шоуҳои мо сарф мекунанд. Зеро хоҳем-нахоҳем барои ҳар студент, мактаббача сару либос, хӯрду хӯрок, нақлиётпулӣ ҷудо мегардад…
1 бор рӯи Худо, рост ва ҳаққро гӯед, мӯҳтарам режиссёрони чунин маъракаҳо. Оё ҷавонон аз ин маршировкаҳо ба дод наомадаанд? Ва на танҳо онҳо. Худи муаллимин низ, ки аудиторияро ба саҳна иваз кардаву кӯдакбонӣ мекунанду кӯдактақсимкунӣ (ҳар шом) ба фиғонанд. Ҷавонон дар тӯли ин маросим онқадар аз дониш дур мешаванд, ки чанд моҳ лозим аст, то дастрасӣ ба илм муяссарашон гардад. Аз «баракат»-и шоу-менҳои дақюнусӣ мо гаронарзиштарин гавҳар-«дониш дар хурдӣ»-ро раҳо кардан дорему касеро парвое нест, ки нест.
Муҳимтар аз ин, маршировкаҳо худи идайнро ба атфолу наврасон дилбазан мекунад! Ва инро ман нагуфтаам. Ин илми психология аст!!! Аксарияти атфоли мо соле то 3 бор ба маршировкаҳои иди расмӣ-Истиқлолият, Наврӯз, Ваҳдат… ҷалб мегарданд. Бовар кун, хонанда, аз ин санаҳо чун Облава наврасон қимобӣ шудаанд. Чаро ин ҳамаро менависам? Зеро бояд ин ҳақиқати талхро касе мегуфт, ки ман гуфтамаш!!!
Муҳаббати самимӣ ба ватанро, ки онро Паёмбари Худо (с.) «Ҳуб-ул-ватани мин ал имони» хондааст, ба ҷавонону наврасон баргардонед. Набояд чанд горе-режиссёр, горе-коргардону горе-раққос (басаҳнамонҳо аксаран собиқ раққосони ину он ансамбланд, ки имрӯз бознишаста шудаанд) дили ҷавононро аз идайни давлатӣ ва расмӣ сард созанд. Ҳам бар сифат меафзоем ва ҳам бар шаҳомат. Бигзор дар чунин маросим ансамблҳо, гурӯҳҳои рақсиву созӣ, таронаву сарояндагони профӣ, ҳадди ниҳоӣ донишҷӯёни донишгоҳҳои санъат ва фарҳанг ширкат кунанд ва студенту мактаббача он ҳамаро дида, кайфийяти фарҳангӣ бардорад, на ситами чанд режиссёрро кашад. Ин масъулин наворҳои ТВ-ро бори дигар нишаставу дуруст тамошо кунанд, бо 2 чашми сар мебинанд, ки аз ҳазорон-ҳазор нафаре, ки барои тусовка ҷамъу гир кардаанд, аксарият чун робот даст афгандаву пой мекӯбанд ва зумрае атфол…просто-напросто, хоб доранд.
Ба атфол раҳм кунед ва Шарафи ватанпарастии ишонро хору залилу кӯчак насозед. Аз наврас робот натарошед. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter