ХАБАРИ ДОҒ

Марзи миллӣ-10

Соли 1949, 1 сол баъди истиқлолият ба даст овардани Ҳиндустон, нависандаи англисе китобе навишта, тамомии қубҳу гуноҳу беодобиву бефарҳангии ҳиндувонро мазаммат кард. Халқ ба по хест. Вале чун китоб ба дасти Ганди мерасад, ӯ 3 рӯз аз хона набаромада, онро мехонад ва рӯзи 4 ҳукм мекунад, ки…ин китобро бо тирожи садҳо миллион чоп карда, ба ҳар ҳинду расонанд;
-То ислоҳ шавем!-кӯтоҳ дар пайи амр шарҳ медиҳад Ганди…
Вале моро кӣ ва кай ислоҳ мекунад? Чаро мо-Тоҷикон танҳо бо гузашта ифтихор кардаву аз миллати тамаддунофарамон даҳон пури кафк қиссаҳо мекунему баъдан, аз назди камераҳои ТВ дуртарак нарафта, онро, яъне даҳонро пури нос кардаву ба дашному сақату ғайбату нафрат шуруъ мекунем? Ва бовар дорем, ки фарҳангием, мутамаддинем, кишваркушоем…

«Случай в аэропорту»
Дирӯз дӯстам Сафол манзараеро ба ман қисса карду тамомии қубҳу гуноҳи миллати Тоҷик фошам шуд. Ба вежа, ки худ низ шоҳиди ин манзараҳо борҳо будаам. Ӯ гуфт:
-Дар аэропорти Домодедовои Маскав, дар навбати регистратсия ягон 20-25 тоҷик меистодем. Ҳама телефонҳо бари гӯш бо пой ҷомадонҳоро пеш тела мекарданд. Аз 20 телефон 20 садои гуногун, суруди мухталиф ва ҳатто амри маъруфи муллоҳо баланд пахш мешуд. Яке мерақсид, яке механдид, яке ашк мерехт телефонашро гӯш карда. Чун ба мизи бақайдгирӣ наздик шудем, 1 манзараи манфурро дидам. Ҳар Тоҷик кӯшиш мекард ба корманди фурудгоҳ ришва диҳад, то бори зиёдатияшро гузаронад. Корманд табиист, ки мегуфт, аз ин пули камтар мешавад, вале шумо бояд ба касса пардоз кунед. Намефаҳмид(ем)анд! Дар касса манзараи дигари ришвадиҳии бенатиҷа шуруъ шуд. Кассир мегуфт, доллар қабул намекунам, саррофхона дар паҳлӯи ман аст, пулро иваз карда, рубл биоред. Ҳамаи Тоҷикон ба кассир ришва пешкаш мекарданд, ки «я балош кун, братан!». Ин ҳам нагузашт ва мардум пулро иваз карда, камтар аз ришваи пешкашнамудаашон пул пардохта, бағочро супорида, дар толори интизорӣ ҷо шуданд…
Давоми ин қиссаро ман ҳам дидаам ва ту низ хонандаи ин сутур, вале дар рӯзу моҳу соли дигар. Биёед, акнун ёд орем он манзараро:
-Даҳонҳо пури нос, кафки даҳон мерезад ва коғаз-кулок карда, носро ба он рехта, дар бари курсӣ мегузорему таки по мепартоем!!!
-Ҳоҷатхонаҳои аэропорти Маскав, ба вежа, вақти парвози мо-Тоҷикони тамаддунофар сабзу кабуд аз оби носи ифлос аст!
Ин ҳам гӯрба!
-Пеш аз парвоз, намедонам бо кадом сабаб, ки 90% тоҷикон ҳатман таҳорат мекунанд. Шояд аз ин тарс, ки мабодо муранд дар осмон ё самолет таркад рост биҳишташон баранд малоикаҳо? Куҷое мераванд 4 тарафашон қибла. Аммо!!!
Аммо мо дар туалет таҳорат мекунем.
-Бақлашкаҳо пури об медароему аз паси худ кӯлмакҳо боқӣ мегузорем.
-Дар ташноб, ки ҷои обгардонии даст асту дигар чизро шустан барои 1 аврупоӣ гуноҳи кабира…, пойҳоямонро тиққонида, таҳорат мекунем.
-Замину осмонро пури обу кафки даҳону носу ифлосӣ карда мебароем ва дилхоҳ русе, ки баъди мо ба ҳоҷатхона мешавад, бо нидои «Тьфу…чурки!!!» давида мебарояд…
-Дар самолет, ки шиштем, Худо медиҳад миллати тамаддунофару насли Рӯдакиву Синоро! Кафшҳоро кашида, рӯи курсии ҳавопаймо чорзону мезанем ё пойҳои урёни бадбӯи худро сӯи пеш меёзонем. Ҳавопаймо дар они воҳид бӯи хархона мегирад…Намегирад? Ещё как мегирад!!!
Ва боз меранҷем, ки моро чурка мегӯянду Ровшану Джумшут мехонанд…
1 бор андеша кардае(м)д, ки чаро маҳз моро бад мебинанд дар Русия? Чаро ба дигар мусалмонҳо неву маҳз бар мо танз мезананд, аниқдот мебофанд, хандахаришамон кардаанд? Шояд аз худ гиребонгир шавем? Дар шаҳру навоҳии Русия 90% тоҷикон бо спортивка мегарданду кроссовки. Ақаллан ҷинс харед барои худ! 1 бор баъди кор душ қабул карда, бо шиму костюму галстук берун бароед, агар 1 милиса шуморо манъ фармуду 2 скинхед саратон тохт, биёед, ман ҷуброн мекунам зарари дидаатонро. Неъ! Спортивкаи чиркин, гиребонҳои ифлос, кафшҳои рангпарида…атрибути миллати тамаддунофар шудааст.
Нагӯед надорем! Доред! Пуле, ки равон мекунед, занҳоятон мушт-мушт бурда барои худу фарзандон тилову тангаву либосу атриёт мехаранд. Намегӯям равон накунед. Кунед! Барои ҳамин рафтаед. Аммо дар 1 сол ақаллан 400 доллар барои либоси худ ҷудо кунед, охир!
Дар бораи атриёт. Воқеан ҳам чаро мо атр намезанем? Ҳамаро дар назар надорам. Аксариятро мегӯям!!! Риш гиреду атр занед, шиму костюм пӯшед, моҳе 1 бор ҳатман ресторан равед, театр равед, кино равед. Бовар кунед, агар ин корҳоро кунед, дигар барои 1 прописка бо кампиракони дақюнусӣ ЗАГС намекунед. Зеро дилхоҳ гулдухтари урус ба шумо ошиқ шудаву ақд хоҳад баст. Чунки мо зеботарин миллатем, агар на дар олам, пас дар қораи Осиё!!!
Марзи номуси миллатро убур кардае(м)д мардум. Аз мост, ки бар мост. Ислоҳ шавед, то оламиён иззатамон гузоранд…
Сахт гуфтам? Хуб кардам, зеро «Чирки пероҳани пӯлод ба собун наравад!!!»
PS: Тоҷикони тамаддунофар акнун ин рӯсиёҳиро ба Аврупову Амрико низ кашида, бо ҳам занозаниву дашному сақат мекунанд ва рӯзе дур нест, ки дар ин қораҳо низ мо ROWSHAN & JUMSHUT шавем. Намешавем? Агар ҳамин кабирипарастакҳо бошанд, ҳатман мешавем…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter