ХАБАРИ ДОҒ

Ҷаври устод беҳ аз меҳри падар???!!!!

  • Чоршанбе, Окт 17 2018


(Ба ифтихори Рӯзи Омӯзгор, ки то ҳанӯз рӯзашро наёфтааст)

Дар давроне, ки аз муаллимин танҳо бо бӯрпуливу ришватситонӣ ёд мекунанду ин ниҳодро фасодзадатарин, баъди соҳаи тандурустӣ ва ГАИ, барои халқ муаррифӣ менамоянду бо ин обрӯи Омӯзгорро мерезонанд, роҷеъ ба мударрисини асили даврони советӣ ҳарф задан, шояд беҷо бошад. Аммо ман мегӯям. Зеро дӯсти виртуолие аз Фейсбук, баъди оне, ки роҷеъ ба муаллимаи нахустинам дар Интернет навиштам, аз ман қотеъона дархост намуд, ки мавзуъро дар газета низ пайгир бошам. Ва ҳушдор ҳам дод, ки дар сурати акс риштаи дӯстии виртуолиро бо ман меканад!!!
Дӯст ёфтан мушкил аст, ҳатто рафиқи шафиқи виртуолӣ низ. Зимнан, маънии он нигоштаро бо андаке таҳрир ба рӯзнома мекашам. Мо Метавонем!

Очаҷони дуввуми ман…
Ин далелро касе радд карда наметавонад, ки дар донишандӯзии мардуми Бухорои Шарқӣ, имрӯза Душанбеву водии Ҳисору Кӯлобу Хатлон муаллимони «Шимолӣ» дасти тамом доштанд. Хоса, баъди пирӯзии инқилоби болшевикӣ муаллимон дар солҳои 20-30 ва ҳатто 40 ба ҷануби РСС Тоҷикистон омадаву дар ЛикБез (Маҳви Бесаводӣ) саҳми беандоза бузург гузоштанд. Муаллимоне, ки ба Кӯлоби бостонӣ он солҳо меомаданд, бештар аз Конибодом буданд ва дар ин водӣ то ҳанӯз аз эшон ва таборашон, ки кайҳо кӯлобӣ шудаанд, бо муҳаббат ва эҳтиром ёд мекунанд…
Муаллимаи нахустини ман хонум Бойматоваи конибодомӣ буд. Рӯҳаш шод, дар мактаби миёнаи №6, ба номи А.Рӯдакии ш.Кӯлоб онгуна сиёсаташро шинонида буд, ки хулиганҳои кӯчаи Куйбеш, ки аксарияти кулли бошандагонро таъсис медоданд, аз муаллима чун аз аҷал метарсиданд.
Сахтгир буд! Мо, ки кӯдак будем, овозаи сиёсаташро аз хонандагон мешунидем, ки мегуфтанд "бо каблуки туфлӣ ба сари «нодонхӯҷаҳо» мезанад!!!". «Шопа (химчаи пурхор)-и дароз дорад!», «лозим шавад аз гӯши кӯдаки бедониш гирифта, дар тахтаи синф мехкӯбаш мекунад!!!» ва ғ. ва ҳ. Ва акнун тасаавур кунед, баъди ин ҳама воҳимаҳо, маро бародарбузургам Аслиддин Достиев 31.08.1973 бурда, даст ба дасти Бойматова қаппонду гуфт:
-Хеле баччаи боҳуш асту Алифбову Хонишро кайҳо хатм кардааст ва Математикаи синфи 3-4-ро беҳтар аз дигарон медонад...-ва каме андеша карда, сипас афзуд: -Гӯшту пӯсташ аз Шумову устухонаш аз мо!
Муаллима маро оғӯш гирифта, бӯсид ва гуфт:
-Аз ин рӯз пас ту баччаи манӣ!!!
Пештоз мегӯям, ки то ба охир ӯ маро БАЧЧАҷон гуфта нидо мекард ва ҳамеша, ҳар субҳ пеш аз дарс ва ҳар чошт баъди дарс, намоишкорона дар байни ҳамсинфон, мебӯсиду мебӯйид ва меҳрабоние мекард, ки шояд модарам эч накарда буд… Акнун дарк мекунам барои чӣ: Ӯ бо ин рафтор маро не, донишандӯзӣ ва талоши маро сӯи илм байни атфол реклама мекард!!!
Аммо он «рӯзи наҳс»-и 31 августи соли 1973, ки маро бародарам ба дасти ин «ситамкор» дод, дар роҳ чунон гиристам, ки ҳисобаш гум. Аз бародарам, ки дар синфи 10 мехонд, гила мекардам, ки Бозоруфу муаллимаи Нина буд, магар шарт, ки маро ба ситами Бойматова гирифтор кунӣ???
Хандида мегуфт:
-Ба ту устоди беҳтарин ёфтаам! Дониш хоҳӣ, бояд шогирди Бойматоваи сахтгир бошӣ!!!
...Муаллима воқеан ҳам сахтгир буд, аммо сахтгирии модарона дошт. "Каблуки туфлияш"-ро баъзан нишон медод, шопа-химчаи тару дарозе ҳам дошт, боре ҳатто болғаву мех оварду таҳдиди аз гӯш овезон кардани нодонҳоро кард, аммо 1 нафарро, ҳатто Рустами Девонаву Сайҷаъфари хардузду Хайдуки зӯри синфро низ…намезад (воқеан ҳам ҳатто хулиганҳои синфи мо донишмандтар аз дигар авбошон буданду ҳастанд! Бовар накунед инро аз Алии Беҳудуд пурсед!)... Имрӯз тамомии ҳамсолони ман, аз мактаби №6, бо шумули Алӣ Беспредел, ба дониш ва саводи мо рашк бурдаву мегӯянд, ки: "Худо ба шумо дод, ки дар синфи Бойматова хондед, дар умри мо Нинаву Бозоруфу Идимо...".
Рӯҳаш шод бод муаллима Бойматова-ОЧАҷони маро. Ҳар чизе дорам-агар дошта бошам-аз Ӯ дорам. Аз Модари дуввум, Очаҷони сониям...
Рӯзи омӯзгорон (ин сол ба 6 октябр рост омад) бар ҳама муаллимини арзанда ва сахтгире чун Бойматоваи ман муборак бод!!!
Мо Метавонем!
PS: Имрӯз, чу мебинаму мешунавам, кадом падару модари сакалтуе, ки ҳатто намедонанд, фарзандашон дар кадом синф мехонад, барои 1 силлӣ ё гапи сахт муаллимонро ба суд мекашанд, дилам реш мешавад. Сатҳи дониши насли наврас дар сатҳи поинтарин қарор дорад ва пагоҳ ҳамаашон дарди сари волидайни «қонунгаро» ва ин ҷамъияти камдониш хоҳанд шуд... Шояд соате расида, ки ҳамон сиёсати шопаву каблуку мехҳои Бойматоваҳоро ба мактаб баргардонем??? Суоли матраҳ аст, албатта…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter