ХАБАРИ ДОҒ

Писари ман чӣ хел таваллуд шуд?

  • Чоршанбе, Окт 17 2018


Салом, СССР! Рӯзи 11 сентябр ба аёдати наздиконам ба н.Ҳамадонӣ рафтам. Соатҳои 14 буд, ки хоҳарарӯсам занг зада гуфт, «зудтар биё, аҳволи ҳамсарат бад аст ва ӯро ба зоишгоҳи н.Восеъ бурдем». Дарҳол ба зоишгоҳи н.Восеъ расидам ва табиб Бибинисо бо аҷала гуфт, зуд ҷарроҳиро шуруъ кардан даркор, ки ҳамсарат хунравии дарунӣ шудааст. Аз ӯ пурсидам, ки УЗИ кардед? Ҳаёти тифл чӣ мешавад? Гуфт, ки «УЗИ имрӯз кор намекунад ва ҳаёти тифлро фикр накун, модарашро наҷот додан даркор». Ман розӣ нашуда гуфтам, ки «ҳамсарамро ш.Кӯлоб мебарам». Табиб дар ғазаб шуда гуфт, ки «забонхат навис». Ман дигар чизе нагуфта, ҳамсарамро ба зоишгоҳи минтақавии ш.Кӯлоб бурдам. Хушбахтона ба ҳаёти тифлу модар хатаре набуда, бе ҷарроҳӣ, баъди 6 рӯз, соҳиби писарча шудем ва шукри онро мекунам, ки ҳамсарамро зоишгоҳи ш.Кӯлоб бурдам, вагарна кӣ медонист, ки ҳаёти кӯдаку модар бе ташхис чӣ мешуд? Дар охир ба табибони зоишгоҳи ш.Кӯлоб сипоси худро мерасонам, махсусан ба Сарахонова!

Давлат,
роҳбари хоҷагии боғпарварӣ, тел: 918 13 39 80

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter