ХАБАРИ ДОҒ

Шахшавии марказ аз бепулист

  • Чоршанбе, Нояб 07 2018


Андешаи Зикриёи Дилшод зери унвони “Чаро марказ шах шуд?” (СССР, №32(517), 9.08.2018) бо ширкати масъулини ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сохтмони бинои “маркази ҷавонон” ба уҳдаи ҶДММ “Ситоиш” (сардораш Файзуллоев Халифа) вогузор карда шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Пудратчии сохтмон Вазорати фарҳанг буда, дар с.2017 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 230.000 сомонӣ ва дар семоҳаи сеюми с.2018, ҳамагӣ 180.000 сомонӣ ҷудо шудаасту халос. Ҳоло дар доираи маблағҳои ҷудошуда корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд. Сабаби боздошта шудани корҳо ин ҷудо кардани маблағ барои сохтмон аст, ки ҳангоми ворид шудани маблағ ба суратҳисоби корхона корҳо аз нав оғоз карда мешаванд.


Ш.Солеҳиён, муовини раиси ноҳия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter