ХАБАРИ ДОҒ


Обрӯ ва нуфузи сохтаи касе дер намепояд. Солиёни Шӯравӣ ба хотири обрӯю эътибор ва худситоӣ бархе ҳамдеҳагони ман, зодагони Некнот улоғтӯй мекарданд. Улоғу он тӯйҳо бо соҳибонашон фаромӯш шуданд, лек номи Эшназару Саидмурод бо боғҳои бунёдкардаашон дар таърихи деҳа сабт шуд. Гузарҳои боғи Эшназару Саидмурод пойдоранд. Имрӯз зӯран кӯчаву хиёбонҳоро ба номи ину он ашхос мемонанд, лек мардум ин кӯчаҳоро бо номи пешинаашон зикр мекунанд. Чунончӣ мӯсафедон Душанберо-Исталинобод, Хуҷандро Лелинобод мегӯянд. Мавзеи Шӯрчаи ш.Панҷакентро замони Шӯравӣ Советобод ва баъди истиқлолият Рукнобод номиданд, лек то ҳол онро Шӯрча меноманд. Деҳаи Ғарибакро Озодагон номиданд, аммо мардум ҳамоно Ғарибакаш меноманд. Халқ ва ҷомеа обурӯи харидаро хуш надорад. Ҳар касе назаркардаи ҷомеа бошад-ҷомеа варо мепарварад. Пас, ба хотири обрӯ ва эътибори сохта номҳои таърихиро иваз накунем. Ҷомеа гуҳаршинос аст ва ҳар навгониро намепазирад. Дар ВАО бархе журналистони хомнавис мехоҳанд худро дар сафи Отахон Латифӣ, Ғоиб Қаландаров, Бӯринисо Бердиева… гузоранд, аммо бе фоида! Одамизода обрӯю эътиборро зарра-зарра ҷамъ мекунад. Дар Панҷакент ягон кӯчаро ба номи Низом Оқсақолу Қосим Бобохон нагузоштаанд, аммо некии онҳо дар солҳои «Ҷанги Гирмон»-ро ба мардум насл ба насл нақл мекунанд. Яке солиёни мудҳиш ғарибонро мегӯронду дигаре мехӯронд.

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter