ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб: корҳои созандагӣ бо 2 по меланганд!!!

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018


Ҳудудан баъди ним соли амри президенти ҶТ дар бораи бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ба корҳои ободониву созандагӣ даст задани мақомот, вазирону кабирон, сардори раёсати корхонаҳои давлативу инфиродӣ ва соҳибкорони муваффақ, ки барои зебову ободсозии тамомии шаҳру навоҳӣ ва деҳу қишлоқ равона гардидааст, дар Кӯлоб ба масале «хасеро рӯи хасе нагузоштаанд». Ин хулосаи ҷаласаи ҳукуматӣ бо иштироки тамомии вазоратхонаву кумитаҳои кишвар ва соҳибкорону фаолони ҷамъиятии ш.Кӯлоб аст, ки таҳти сарварии Қоҳир Расулзода-сарвазири ҶТ рӯзи 08.11.2018 баргузор гардид.

Сарвазир: Айб аст!!!
Мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар ин маҷлис гуфт, айб аст, ки дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар кор ҷӯш мезанаду дар Кӯлоб кореро ба анҷом нарасонидаанд. Ӯ муроҷеъ ба раиси ш.Кӯлоб гуфт, 3 моҳ пеш маҷлиси нахустини мо баргузор гардиду супоришҳои ҳукумат дода шуд, аммо Шумо то ин рӯз чӣ кор кардед? «Оё ягон иншооте ҳаст, ки маро баред? Ягон иншоот тайёр нест!». Ҳатто корро сар накардаед!!!
Суоли дигари сарвазири кишвар низ бе посух монд, ки сареҳатан пурсид:
-Чаро соҳибкорон бо шумо кор намекунанд???

Абдуҷаббор Раҳмонзода: 890 иншоот бояд сохта шавад!
Ёвари раисҷумҳур дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар баромади худ гуфт, ки то соли 2020, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кӯлоб 890 иншоот бояд сохта шаванд. Аз ин теъдод 831 иншоотро соҳибкорон ва шахсони воқеӣ месозанду 59 иншоот бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд мегарданд. Ёрдамчии президенти ҶТ афзуд, ки бояд дар Кӯлоб беш аз 2200 ҷои кории доимӣ таъсис ёбанд. Аммо, афзуд ӯ, мутаассифона, дар аксари иншоотҳо бо гузашти ин қадар вақт корҳо сар нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 39 қитъаи замин корҳои лоиҳакашӣ шуруъ шудаву 43 соҳибкор муваззаф гашта буданд, ки корҳои бунёдкориро сар кунанд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки тӯли 6 моҳи ахир, ҳар ҳафта аз Кӯлоб дидан кардаву бо вазъият аз наздик ошност, бо таассуф гуфт, «60 корхонаву иншооти давлатӣ, ки харидорӣ шудаанд, бе кор хобанд. Соҳибмулконашон 15-20 сол аст, дар Душанбе зиндагонӣ доранду, кореро сар карданӣ нестанд. Онҳо лоиҳаи қарорро гирифта бошанд ҳам, коре намекунанд».

Қоҳир Расулзода: Кор намекунед, вазифаро холӣ кунед!
Воқеан ҳам вазъият дар иншоотҳои Кӯлоб, ки ба иттилои сарвазир ва ёрдамчии Президенти ҶТ зери назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад, нигаронкунанда аст. Фарзи мисол, гуфт, Сарвазири кишвар, «дар Истаравшан худи дирӯз 10 иншооти замонавӣ сохтанд. Вале шумо чӣ сохтед дар ин ним сол? Ягон чиз!!!» Расулзода, ба иддаои раиси шаҳр, ки соҳибкорон бо ҳукумат ҳамкорӣ надоранд, эрод гирифта гуфт, худамон сар кунем, халқ атрофамон муттаҳид мешавад! Бояд назди халқ рафт, пеши соҳибкор рафт, на баракс.

Ҳушдор ба 41 мансабдори кӯлобӣ
Сарвазири кишвар дар зимн афзуд, ки чаро тибқи супориш шахсони мансабдор дар ҳама навоҳӣ, масалан, деҳаи Паркамчии н.Данғара хеле ободкорӣ кардаанду соҳибмансабони кӯлобӣ барои шаҳри Кӯлоб намекунанд? «41 нафар аз шаҳри Кӯлоб дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ ва раёсати бонку вазоратҳо кор мекунанд. О, худатон чаро корро сар намекунед? Ақаллан 500-метрӣ роҳро асфалт кунед, халқ бовар дорам, атрофатон ҷамъ мешаваду кор ранги дигар мегирад. Аммо шумо коре накардаед!» Дар зимн сарвазири кишвар афзуданд, ки 3 моҳи дигар вақт, агар супориши Сарвари давлат ва ҳукуматро иҷро намекунед, пас дар ин ҳукумат кор нахоҳед кард!

Замини поркҳои давлатро баргардонед!
Чизи дигаре, ки ҳайрат ва ҳатто ғазаби сарвазирро ба бор овард, ин заминҳои боғу поркҳои Вазорати Фарҳангро ба шахсони алоҳида фурӯхтани масъулини шаҳрдорӣ буд. Расулзода супориш дод, замини поркҳо ба давлат баргардонида шаванд. Ӯ афзуд:
-Дар тамоми дунё биноҳоро вайрон карда, боғи истироҳатӣ месозанд, то мардум, халқ омада дам гиранд. Шумо чӣ кор кардед? Замини боғу поркҳоро фурӯхтед. Мақомоти масъул масъаларо пайгирӣ кунед ва заминро ба давлат баргардонед.
Хотиррас мешавем, замини атрофи Боғи марказии Кӯлобро, ки яке аз поркҳои пешқадамтарини РСС Тоҷикистон буд, соҳибкор Бек Сабур гирифтаву ҷои он меҳмонхонаву баландошёна месозад. Дар ин бора газетаи «Пайк» ва журналист  Аҳмади Иброҳим борҳо навишта буд. Акнун шояд замини ин порк ба соҳиби аслӣ, яъне Давлат ва Халқ баргардонида шавад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Чаро Кӯлоб ОБ надорад?
Мавзуи дигаре, ки сарвазир ба он диққати ҷиддӣ додаву таҳти контрол қарор дод, беобии ш.Кӯлоб буд. Ӯ гуфт, «Проблемаи асосии шаҳр ин об аст. О, шумо фарқияти шаҳру қишлоқро медонед? Дар шаҳр ташноб бе об намешавад-ин деҳа нест, ки ташнобатон бе об монаду бок нест. Инро шаҳр мегӯянд!».
Ба гуфтаи сарвазири кишвар барои бо об таъмин кардани аҳолии шаҳр ҳамагӣ 71 млн, чизе баробар ба 7 млн доллари амрикоӣ лозим будааст. Ӯ бо ишора ба масъулин афзуд, наход 71 млн сомонӣ наёбед? Чаро то ин рӯз ин корро анҷом надодаед? Сипас сарвазир қатъан гуфт, ки «Соли 2019 шаҳри Кӯлоб бояд пурра бо об таъмин гардад!».
-Барои ин лозим шавад, ҳар моҳ омада дар Кӯлоб маҷлис мегузаронем. Аммо шаҳрро, ки воқеан ҳам ба рушди инфрасохтораш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи вежа дорад, обод месозем, бо обу кор таъмин мекунем, ба сатҳи нави рушд мебарорем-афзуд сарвазири Тоҷикистон.
Мо ба ин иддаои сарвазири кишвар Бовар дорем. Мо Метавонем!

С.Мизроб
Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter