ХАБАРИ ДОҒ


Усулан, ман ҳич намефаҳмидаму намефаҳмам, ки чаро мо-Тоҷикон пеши дом, подъезд ва пушти тирезаамонро ҳатман шиғ мегирем… Не, ман мефаҳмам, агар дар паси ин шиғ 1 ниҳолу гуле кишт кунем. Ан неъ! Мо, просто так, маҳкам мекунему бас. Аз ман!!! Дигар ягон кас ҳуқуқ надорад ки аз ин мавзеъ гузар кунад. Кӣ ба мо чунин ҳуқуқро додааст? Ин одати шиғбандиро аз қишлоқ кашида овардем, ки ун ҷо гову хару гусфанди ҳамсоя метавонад пеши хонаамонро чарад, пачақ кунад. О, дар пойтахт гову хар нест-ку? Пас, чаро шиғбандӣ идома дорад???
Ин шиғбандии мо дар ҳолест, ки ин замин моликияти истисноии Давлат аст ва онро маҳкам кардан, агар беодобӣ ҳам набошад, пас қонуншиканист! Фарзи мисол дар Аврупо замин моликияти истисноии давлат асту касе ҳаққу ҳуқ надорад, ки ҳатто ҳавлияшро шиғ кашаду маҳкам намояд! Хона аз туст, вале замин аз давлат, сокинон ва меҳмонони вай. Зимнан, дилхоҳ нафар метавонад ҳавлии шумо дарояду маишат карда шинад ва қандата хӯру пешаш кун. Шахсан ман чунин таҷрубаро дар Шветсия кардам ва соҳибони хона баромадаву саломам медоданду пайи кори хеш мешуданд… А, мо бошем, замини биноҳои баландошёнаро забт карда гирифтаем…
Чанде пеш дар Кӯлоб будам. Ин шаҳри бостонӣ, ки ҳаётан панҷарабандӣ намешуд, имрӯз 1 тюрма, зиндон, маҳбасро ба хотир меоварад. Дӯконҳое, ки дар маркази шаҳр, собиқ «Гастрономи 20» воқеанд, намедонам бо чӣ иллате панҷарабандӣ шудаанд. Комилан! Зеботарин меҳмонхонаро Бек Сабур сохтааст, дар маркази шаҳр, аммо рӯбаруи онро кадом горе-бизнесмен гирифтаву панҷарапеч кардааст. Аз меҳмонхона хориҷие сар кашад, фикр мекунад, ки паҳлӯву рӯбарӯи ӯ зиндонҳо қомат афрохтаанд. Умуман, тамомии ин шаҳрак чӣ дар кӯчаи марказӣ ва чӣ шафати он, собиқ кучаҳои Ленин ва Карл Маркс, ки ҳоло дақиқан намедонам номашон чист, яъне кӯчаҳои бару пеш панҷарапечанд. Ресторанҳо панҷарапеч, дӯконҳо панҷарапеч, кӯчаҳо панҷарапеч. Ба фикрам якумин коре, ки барои 30-солагии истиқлолият бояд пиёда кунанд, ин панҷараҳои шаҳрро бардоштан аст! Мо Метавонем!
Вале оё айни чунин манзара дар Хуҷанду Бохтар нест? Ҳаст! Ин панҷараҳоро низ бояд барчид. Ман медонам, ки замоне ҷанг буду мардум тарс доштанд, вале аз барои савоб, имрӯз Тоҷикистон аз амнтарин давлатҳои олам асту панҷараҳо барҷо. Бояд тарсро аз назарҳо, аз дилҳо, аз сарҳо низ барчид ва дар сурати аввал шиғу девораҳои оҳанинро бояд вардошт!
Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони мо воқеан ҳам пойтахтро замонавӣ ва зебо кардан дорад. Бинед, дигар истгоҳҳоро намешикананд, гулҳоро намечинанд, харакҳоро намекананд. Яъне чӣ? Яъне чашми мардум аз зебоӣ сер кард, одат кард, омӯхта шуд. Ҳамакнун бояд шиғу деворҳоро низ бардошт. Ва на танҳо дар пойтахт, ки дар кулли кӯчаҳои шаҳрҳои марказии мо. Маданияти шаҳрнишинӣ ҳаминро тақозо дорад. Зимнан, биё хонанда, бо шиори «Нест бод шиғ!» худамон аз пеши «дом»-амон сар кунем ва тамомии шиғу девору симхорҳоямонро канем. Тоҷикистон бидуни симхору шиғ… Тасаввур кунед, чӣ қадар зебо мешав(ем)ад…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter