ХАБАРИ ДОҒ

Маблағи барқу обу партов чанд аст?

  • Чоршанбе, Фев 06 2019

 

 

Ба редаксияи СССР мардуми зиёд занг зада, дар бораи нарху тарофаҳои пардохти хизматрасонии коммуналӣ мепурсанд. Хоса, ҳафтаи охир теъдоди чунин зангҳо афзуда, сокинон аз омадани квитансия-расидҳои пардохти пули истифодаи қувваи барқу обу гармӣ ва партову хизмати коммуналӣ, ки ба карат зиёд шудааст, изҳори нигаронӣ доранд. Тасмим гирифтем, бори дигар ин мавзӯро матраҳ карда, дар боби тарофаҳои хизмати коммуналӣ, ки бархе аз онҳо дар охири соли гузашта гарон шуданд, ба мардум гӯем, то ҳангоми пардохт ба нофаҳмӣ ё фиреб дода нашаванд. Инак, рафтем!

1 кВт/соат барқ 19,37 дирам!

Аз 1.11.2018 нархи истифодаи нерӯи барқ дар ҶТ боз боло рафта, нархи 1 кВт/соат барқ барои аҳолии кишвар 19,37 дирамро ташкил дод. Қаблан ин маблағ 16,85 дирамро ташкил карда, дар моҳи ноябр 15% боло рафт. Ҳоло сокинони кишвар аз рӯи 19,37 дирам барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ маблағ мепардозанд. Бояд гуфт, ки барои корхонаҳои истеҳсолии кишвар ин тарофа ба маротиб зиёд буда, барои 1 кВт/соат, ки пештар 40,99 дирамро ташкил медод, ҳоло 47,13 дирам муайян шудааст.

Об ҳам гарон шуд

Аз 15.10.2018 нархи истифодаи об ва обу коррезӣ низ дар ш.Душанбе гарон шуда, нархи истифодаи 1 кубометр об барои аҳолие, ки дар хонаашон ҳисобкунакҳои обӣ насб кардаанд, 2,34 сомониро ташкил мекунад. Онҳое, ки обро бе ҳисобкунакҳои обӣ истифода мебаранд, бояд барои ҳар 1 узви хонавода 8,42 сомонӣ бипардозанд. Барои сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатии пойтахт нархи истифодаи об 6 сомониву 73 дирам буда, барои корхонаву идораҳои буҷавӣ ин рақам 2 сомониву 66 дирамро ташкил мекунад. Масъулони КВД «Обу коррези Душанбе» дар ин робита гуфтанд, гароншавии тарофаҳои пардохти пули об чанд сабаб дошта, яке аз онҳо ин беҳтар кардани дастрасии мардум ба об ва тоза кардани хатҳои муҳандисӣ, таъмиру таҷдиди онҳост. Боз ҳам масъулин ба сокинони тавсия медиҳанд, ки ба хотири ғанӣ гардонидани буҷаи оилавии худ ва сарфакорона истифода кардани оби ошомиданӣ ҳисобкунакҳои обӣ насб намуда, пули обро аз рӯи он пардохт кунанд. Инчунин, сокинон бар онанд, ки нархи истифодаи об низ барои аҳолӣ, хосса онҳое, ки обро бе ҳисобкунакҳои обӣ истифода мебаранд, дар ноҳияҳои пойтахт аз якдигар фарқ мекунад. КВД «Обу коррези Душанбе» ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ муваззаф аст, ин ҳолатро ба мардум шарҳ диҳад. 

Фонди манзил

Нархномаҳои хизматрасонии фонди манзил, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудаанд.

№Намудҳои хизматрасонӣВоҳиди ченакҲаққи пардохт барои 1м2 аз масоҳати умуми ҳуҷраи истиқоматӣ дар 1 моҳ бо ҳисоби сомонӣ

1Нигоҳдории ҳолати санитарии хонаҳои истиқоматӣм2 0,067

2Хароҷот барои нигоҳдории коргарони идоравӣм20,0248

3Хизматрасонии техникии фонди манзилм20,02125

4Истифодаи шахтаи партовҷамъкунӣм20,0271

1. Хонаҳои истиқоматӣ бо таъмини шабакаҳои ахлотпартовҳо барои 1 м2 масоҳати умум - 0,140 сомонӣ (14,0 дирам);

2. Хонаҳои истиқоматӣ бе таъмини шабакаи сахти маишӣ ва бе истифодаи лифт барои 1 м2 масоҳати умум - 0,1129 сомонӣ (11,3 дирам);

3. Хонаҳои истиқоматӣ бе таъмини ободонӣ (баракшакл) барои 1 м2 масоҳати умум -  0,1129 сомонӣ (11,3 дирам).

 

Тарофаҳои пардохти пули партовҳои сахти маишӣ  барои 1 истиқоматкунанда дар 1 моҳ;

Барои сокинони н.Фирдавсӣ:

барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ – 2,50 сомонӣ;

барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ – 2,10 сомонӣ;

барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 2,80 сомонӣ;

барои ҳавлиҳо – 3,00 сомонӣ;

барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 27,00 сомонӣ;

барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 39,00 сомонӣ.

Барои сокинони н.Сино:

-барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ – 2,60 сомонӣ;

-барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ – 2,20 сомонӣ;

-барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 3,00 сомонӣ;

-барои ҳавлиҳо – 3,10 сомонӣ;

-барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 27,00 сомонӣ;

-барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 39,00 сомонӣ.

 Барои сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомонӣ:

-барои хонаҳои ободгардонидашуда бо шахтаи партовбарорӣ  – 2,40 сомонӣ;

-барои хонаҳои ободгардонидашуда бе шахтаи партовбарорӣ  – 2,00 сомонӣ;

-барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 2,70 сомонӣ;

-барои ҳавлиҳо – 2,90 сомонӣ;

-барои муассисаҳои буҷетӣ ба 1 м3 – 23,00 сомонӣ;

-барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ ба 1 м3 – 27,00 сомонӣ.

Интизори ҷавобем!

Ин маълумоти охирро дар бораи нархномаи фонди манзил ва пардохти маблағи партов мо аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе пайдо намудем. Сокинон мегӯянд, айни замон ин нархномаҳо иваз шудаанду гарон, лек ба ҷуз ин мо дигар аз ягон сомона ё идораи давлатии коммуналии пойтахту ҷумҳурӣ иттилои бештар ёфта натавонистем. Ҳоло масъулон маблағи партовро аз фонди манзилӣ ҷамъ меоранд ва аён аст, ки ин қиматҳо ба маротиб афзудаанд. Лек чаро иттилои дурусту саҳеҳ дар ин бора дар матбуот нест, ҳол он ки тарофаҳои хизматрасонӣ дар самти баровардани партовҳои сахти маишӣ дар пойтахт апрели с.2018 тағийр ёфта, нархи тамоми тарофаҳо 10% боло рафтаанд. Яъне, ман-сокини н.Фирдавсии пойтахт, ки қаблан аз рӯи тарофаи баровардани партов аз хонаҳои ободшудаи бе шахтаи партовбарорӣ барои 1 нафар 2,10 сомонӣ мепардохтам, имрӯз бояд 2,30 сомонӣ супорам. Мо аз Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ тақозо дорем, иттилои охиринро дар бораи пардохтҳои коммуналӣ дар шаҳру деҳоти кишвар ба мардум шарҳ диҳад, зеро ҳанӯз ҳам дар ин ҷода-ҷамъоварии маблағи хизматрасонии коммуналӣ ва тарофаҳои он дар байни сокинон нофаҳмиҳо хеле зиёд аст.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter