ХАБАРИ ДОҒ

(Ё худ чаро синни нафақаи журналисти телевизионро аз 41-солагӣ муайян кардаанд???)

Ба навиштани ин матлаб маро 1 эълони 1 телевизиони навтаъсиси Панҷакент водор кард. Эълон сареҳатан менавишт:

Телевизиони навтаъсиси "Ориёнур" барои ҷалби рӯзноманигорон, наворбардорону танзимгарони касбӣ барои кори доимӣ дар шаҳри Панҷакент, озмун эълон менамояд. Дар озмун метавонанд нафарони синнашон аз 18 то 40 сола, (ки) дорои симои зебои телевизионӣ, нутқи бурро ва ҳунари наттоқиву танзимгарӣ ва наворбардории хуб ҳастанд, ширкат варзанд. 

Расидемммм! Яъне мабодо, ба ин ТВ-и навтаъсис Хуршеди Атовулло, Сафват Бурҳонов, Абдувоҳид Маликов, Маҳмадалӣ Мақсадулло, зодагони ҳамин шаҳр, ки аз журналистони ҳирфаӣ дар кишвар ҳастанд, ба кор омаданӣ шаванд «от ворот-поворот» мегиранд? Зеро инҳо аллакай пиранд!!! Синнашон аз 40 андаке болост. Хандидед? Хуб кардед. Ва аммо мутаассуф, факту далелҳое дорем, ки сари онҳо бубояд гирист…

Айб дар ош не, дар мош аст. Ин ТВ аз пеши худ чунин эълон нахоҳад дод. Мутаассуф, аксарияти ТВ-ҳои кишвар ба ҳамин шева коргар қабул мекунанд. Зеро чанд сол шуд, ки нео-реформаторҳо дар сартосари кишвар ТВро ҷавон карданиянд!!! Ба вежа ТВ-ҳои марказиро. Масъулини ҷавонсозии ТВ-ҳо, махсус қайд мекунам, маҳз телевизионҳо (!) бо реформаи булаҷаби хеш сабабгори маргу мири чанд журналисти забардасти Тоҷик ҳам шуданд: Маъруфи Бобораҷаб, Бахтиёр Сафаров, Темур Султон, Аброр Зоҳир… аз ангуштшумор журналистони профессионал ва номдори ТВ буданд, ки баъди «реформаи ҷавонсозӣ»-и ТВ-ҳои кишвар ба касалӣ печидаву ин оламро падруд гуфтанд. Мо, ки аз дӯстони ишон будем, медонем, ин реформа ва ба кӯча бароварда партофтани онҳо сабаби маргашон гардид! Онҳоро, табиист, накуштанд, вале муҳите, ки акнофашон эҷод шуд, сабабгори маргу мири ишон гардид: Зеро сахт аст, ба афроде, ки тӯли 20-30 сол дар ин соҳа кор мекарданду дар они воҳид «ПИР» ва ба кӯча партофта шуданд. 

Нафақа! Ин амалкарди масъулин чизе шабеҳи нафақа буд, лек нафақа низ набуд охир! «Солхӯрдаҳо»-ро бароварданду пеш карданд. Ман боре роҷеъ ба синни бознишастагии ҳунармандон, санъаткорон, бастакорон, сарояндагон баҳсе кардам. Масалан, ҳич бовари кас намеояд, ки Файзалӣ Ҳасан, Ҷӯрабек Муродов, Убайдулло Раҷабов, Шералӣ Абулқайсов барин МЭТР-ҳои санъат нафақа раванд. О, касбияте, ки ишон доранд, ҳаргиз бознишаста намешавад, садое доранд, хаста намегардад, ҳунаре, ки доранд, сайқал ёфта, зам мешаваду кам не. Аммо ба кӣ мегӯӣ?

Ва аммо дар журналистикаи электронӣ ба таъбири раҳматии Одина Ҳошим реформаторҳо воқеан ҳам «гузаронданд!». Мегӯед синни солхӯрдагӣ аз 63 болост? Мо низ медонем, вале горе-реформаторҳо не! Онҳо фикр доранд бо ҷалби симоҳои ҷавону зебо метавон ТВ-ҳои марказиро диданиву шуниданӣ кард?! «Хоки думушта»-ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ. Шумо дар тӯли 3 соли баъди сари Бахтиёри Сафар ақаллан 1 гузориш, репорт, очерки телевизионии касбӣ дар соҳаи кишварзӣ дидаед? Ва намебинед!

Абдуғаффори Камол яке аз таҳлилгарони билоивази ТВ буд. Ҳоло куҷост? Пир шудааст! Акнун ҷои ӯ барномаҳои сиёсии ТВро чанд наврас, ҷавоне мебаранд, ки худашон шояд ба омӯзгори сиёсӣ ниёзи бештаре доранд, ки тамошобин дошта бошад. 

«Беғараз панд»-и Нуруллоҳи Абдулло куҷо шуд? «Пир» шуд, пири кор! Ҳамакнун чанд кӯдаке, ки ҳанӯзам аз лабонашон бӯи шир меояду ҳоло «шаттаи гови мурдаро нахӯрдаанд», шаборӯзӣ Миллатеро, ки маҳди вуҷудаш Фарҳанги Табордорист, насиҳат мекунанд, ки оиларо бояд чигуна ҳифз кард. Парадокс? Оре, аммо факт!

Натоиҷи насиҳати ана ҳамин «ҷавонони оилашинос» аст, ки танҳо дар соли пор 10.100 оила расман фурӯ рехт. 20.200 нафар бадбахт шуд. 20.200 кӯдак (ба ҳисоби миёнаи сари 1 оила 2 тифл) сағераву ятим монд. Беш аз 40.400 нафар сиёҳбахт гардид!

Танҳо дар семоҳаи аввали с.2019 3058 оила ҷудо, 6116 тан сияҳбахт ва ҳамин миқдор тифл ятим шуд!!! Мутаассуф, «Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!»…

Дар бораи барномаи хубу дидании «Лаҳзаҳои гуворо» низ сухан ҳаст. Намедонам бо кадом сабаб (шояд «пирӣ»-и ҳунармандон-ш бошад) ин ягона барномае, ки андаке ҳам бошад, мардумро таскину ором мебахшид (ханда ҳам доруст!), аз миён бардошта шуд! Аловиддини номӣ низ шояд «пир» шуд, ки дигар аҳён-аҳён менамояд. «Ғарибшо-компания» кайҳо «антиПИРтийний» гаштааст. Шоу-барномаи дидании ҳаҷвнигорони суғдиро низ дигар намебинем-ё пир шуданд ва ё «антиПИРтийний». Вале ба пиндори ғолиб, масъулини реформа фикр доранд, ки танз бар дилхоҳ паҳлӯи зиндагонӣ (дар ягон аср ва ягон давлату империяву мамлакати пешрафтатарин низ зиндагонӣ бе камбуд нест!) касеро меранҷонад. Зимнан тамомии барномаҳоро сирф ҷиддӣ ва моломол аз консерт кардаанд. Ва ин аст, ки ТВҳои мо дилбазан, ғамбор, зиқ, қимобсоз ва теладиҳандаи тамошобин ба шабакаҳои русӣ шудаанд: Бинанда воқеан ҳам сӯи телевизионе майл мекунад, ки дар он КАСе ҳаст, ки Сухан гӯяд ва он ТВ Шахсият дорад (мисли Познер, Михалков, Соловев) ва реформаторҳояш онҳоро баъди 41-солагӣ ПИР ҳукм карда, аз эфир нарондаанд…

Ба гуфтаи пири чукчаҳои ҷаҳон:

-Реформа, однако!!!

PS: Бо ин ҳама, шахсан ман намедонам, ки чаро иттиҳодияҳои бо… ва бе… нуфузи журналистӣ ба ин проблема сару кор намегиранду аз поймолшавии ҳаққу ҳуққи журналистони профессионал дар ТВ-ҳо пуштибонӣ намекунанд? Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter