ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар ниёз ба “подземка” дорад

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Сайфиддин Имомов аз шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд) ба СССР занг задаву гуфт, ки дар 15 соли охир теъдоди нақлиёт дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) зиёд шудааст. Роҳҳои шаҳр, ки 50-60 сол пеш сохта шуда буд, бо замони имрӯз мутобиқ нест. Дар баъзе роҳҳо аз зичии нақлиёт проблемаҳо зиёд мешавад. Аз тангии роҳу афзоиши нақлиёт шаҳрвандон танқисӣ мекашанд. Аз 2 тарафи бозор, аз бисёрии нақлиёт, ба дигар тарафи роҳ гузаштан хело душвор аст. Дар баъзе роҳҳои маркази шаҳр шояд роҳҳои зеризаминӣ сохтан лозим аст. Масалан, дар назди Универмаги марказии шаҳр роҳи зеризаминӣ-подземка ҳатман даркор. Зеро ин талаботи замон аст…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter