ХАБАРИ ДОҒ

Мулло-ҷодугар-педофили навбатӣ боздошт шуд!!!

  • Чоршанбе, Авг 14 2019

 

 

Хуб медонем, ки хурофотпарастии Тоҷикӣ аз гаҳвора то гӯр идома дорад. Хурофот на ба дин такя мекунад, на ба илм. Он ҷомеаро ба гирдоби ғаму андӯҳ гирифтор ва барои рушди миллат монеа эҷод мекунад.

 

Тӯморсозӣ-шуғли аслии мулло

Осори нубуввату вилоят адаб аст, 

Не фаҳшу сабу, на кинаву не ғазаб аст.

Дин исмат дорад, эй харон, фоҳиша нест,

Дашном каромати кадомин ҷалаб аст?

 (Бедил)

Чанд рӯз пеш ТВ Тоҷикистон дар бораи боздошти Сулаймон Саидаҳмадович Саъдиев (соли тав.1975)-мулло-ҷодугари ҳулбукӣ хабар дод. Тибқи ахбори ТВТ, мавсуф чанд вақт боз дар ноҳияи Восеъ ҷинбарорӣ-тӯморсозиро шуғли доимии худ интихоб намуда, духтарони хурдсоли музофотро гӯё аз бемории ваҳмак (тарс) табобат мекард. Зимнан ӯ бо истифода аз ҳолати оҷизии духтаракони кӯчаки маҳаллӣ ба онҳо чанд сомоние дода, дар «кабинет»-и кории хонааш ба номуси онҳо дастдарозӣ кардааст. Тавре аз баёнот-изҳороти 2 модар бармеояд, мулло ба гуноҳи кардааш иқрор шудааст. Дар баёноти хеш худи Саъдиев низ ба гуноҳаш иқрор шуд, ки нисбати ноболиғон рафтору амалиёти ношоиста анҷом додааст. Воқеан, Саъдиеви соҳир-тарсбарор-маняк-таҷовузкор бо истифода аз содалавҳӣ ва хурофотзадагии духтаракон зиндагии худро пеш мебурд.

Ҷодугари ҳулбукӣ дар ин гузориши ТВТ иттиҳоми бар зиддаш эълоншударо «ҷавонмардона» эътироф намуда, тафсилот медиҳад, ки «Ман бори якум дар рӯзи моҳи шарифи Рамазони с.2019 ноболиғонро бо баҳонаи ид ба хонаам бурда, ба онҳо маблағи пулӣ дода, дарро аз дарун пӯшида, нисбати онҳо корҳои ношоиста кардам. Инчунин 2 маротибаи дигар кӯдаконро ба хона бурда, чунин амалҳои ғайриахлоқиро нисбати онҳо содир кардам…». 

 

Маняк-муллои ҷинбарор

Дар гузориш барои факт чанд лаҳзае аз рафтори ғайриинсонии Саъдиеви ҷинбарор бо кӯдакон нишон дода мешавад. Модарони ҳулбукӣ ахир тавассути шикваи духтаронашон ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳанд. Айни замон нисбати Сулаймони «ваҳмакбарор» бар асоси банди «Г»-и қисми дуюми моддаи 142-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми амалҳои бадахлоқона нисбат ба ашхосе, ки бармало ба синни 14 нарасидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бар асоси ин банди қонун ӯ аз 2 то 5 сол суд хоҳад шуд. 

Бояд гуфт, ки сар аз моҳи октябри 2015 ба Кодекси ҷиноии ҶТ илова ворид шуда, ҷодугарон, ки то ин дам танҳо «штраф» мешуданд, акнун барои 7 сол равонаи зиндон мегарданд.

 

Мардуми аблаҳ ва ҷодугарони таҷовузгар

Маврид ба зикр аст, ки боздошти муллоҳои ҷинбарору ҷодугар бори нахуст нест, аммо ҳич не, ки гузоришоту ахбори ВАОи Тоҷикистон ба волидайну фарзандони хурофотпарасти онҳо дарс шавад. Қаблан масъули Шӯрои уламои дини вил.Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода дар боби хурофоту фолу ҷоду гуфта буд, ки “Сеҳр, фол, ҷодугарӣ, аз нигоҳи Ислом манъ аст. Соҳирӣ, фолбинӣ гуноҳи азим ба ҳисоб меравад. Дар Қуръони азимушшаън гуфта мешавад, ки илми ғайбро ягона Парвардигор медонаду халос. Оре, ба ҷуз он Зоти пок, каси дигар наметавонад барои бартараф намудани мушкилоти мо, пеши роҳи онро гирифтан ва ё ғами моро сабук кардан мусоидат намояд...”.

Ҳанӯз соле пештар Маркази матбуоти ВКД ҶД аз боздошти "Мулло Нусрат" (Нусратулло Давронов)-сокини 46-солаи ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) бо иттиҳоми мардумфиребӣ ва фосиқиву амалҳои шаҳвонӣ хабар дода буд. Давронов (с.тав.1972) худро дар чашми мардуми содаву хурофотӣ муллои дуохону ҷинбарор муаррифӣ карда, аз “клиентҳо” пул меситонд. 

"Мулло Нусрат" қаблан 4 маротиба бо ин моддаҳо суд шудааст: 138-таҷовуз ба номус, 244-дуздӣ, 147-вайрон намудани дахлнопазирии манзил, ки низ ҳамон дуздист. ВКД мегуфт, ҳатто 4 ҳукми суд ҳам натавонист ин мардро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад ва ӯ ба ҷои сабақ гирифтан, баракс боз ба мардумфиребӣ идома дод. 

"Мулло Нусрат" ошкор ва мардона мегуфт, ки ягон бор на намоз хондаву на боре саҷда ба Худованд кардааст... 

 

Муллоҳое, ки ба даст афтодаанд

Дар зер феҳристи муллоҳои зинокорро меорем, ки дар чанд соли охир бо кӯшиши мақомоти қудратӣ фош ва боздошт шудаанд:

1.Ризоев Маҳмадраҷаб Назрихӯҷаевич, сокини кӯчаи Борбади ш.Турсунзода;

2.Холов Иброҳим Исмоилович, зодаи н.А.Ҷомии вил.Хатлон, собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеъи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи н.Рӯдакӣ;

3.Ҳусайнов Сироҷ, зодаи н.Вахши вил.Хатлон, воизи 1 масҷиди ҳамин ноҳия;

4. Каримов Асадулло Тӯйчиевич, имомхатиб ва муаззини масҷиди 5-вақтаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи н.Панҷакент.

5. Саркоров Асомиддин Бобоҷонович -зода ва истиқоматкунандаи рустои Лолазори н.Фархор. 

6. Гиёев Собир -ноҳияи Восеъ.

Ин ҳама ба ном «мулло»-ҳо бо зинову дастдарозӣ ба занон мушкили онҳоро «мекушодаанд». Дар асл, инҳо ҳамон «харони бедилиянд», ки ба таъбири Ҳофиз, «чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд!». Вале ин ва дигар наворҳои интернетӣ ягона фошкунандаи фосиқоне нест, ки пушти номи Исломи Ноб пинҳон гардидаву аъмоли зиддиахлоқӣ бо Модарони мо мекунанд!

 

Вақте Қуръон хондаву зино мекунанд…

Аз ҳама ролики даҳшатофару сенсатсионӣ 17.09.2013 дар интерет пайдо шуда буд, ки «муллои ҷодугар» Асадулло Иброҳимов бо зинокорӣ ба даст афтид. Ин навори «мулло» тайи чанд ҳафта аз телефон ба телефон мекӯчид. Дар он саҳнаи “табобат”-и ӯ ва фарзанди яке аз муллоҳои номии ҷануби шарқии кишвар сабт шуда буд. Ин ҳама фосиқон фарзандони алломаву шайху домуллоҳои пурнуфузанд, на одамони тасодуфӣ!!! Дар он навор мулло бо қироати сураҳои Қуръон занро гӯё муолиҷа мекард. Вале ин табобат бештар хислати секс дошт, на табобат. 

Баъди пахши навор ВКД аз боздошти мулло А.Иброҳимов хабар дод. 2 моҳ баъд, 24.10.2014 суди н.Сино ӯро зери моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" (“Амалҳои зӯроварии характери шаҳвонӣ дошта”) ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" (“Қаллобӣ”) ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум ва ба маблағи 14.600 сомонӣ ҷарима баст.

 

Дар ҳамин маврид:

Шавҳари аблаҳ…

Вақте мақола омодаи чоп мешуд, 1 дӯсти редаксияи мо қиссае кард:

-1 марди шиносам худро баақл гирифта, барои пешгирӣ аз таҷовузи муллоҳо, занашро пеши «ҷинбароре» мебарад. Мулло ба дасти ин мард доирае медиҳад, ки гирдо-гирди хона даф зада гард, то ҷинҳо тарсида тӯр гиранд. Баъди 30-40 дақиқаи доиранавозӣ мард мегӯяд, канӣ 1 бинам чӣ, шояд ҷинҳои занам гурехтаанд? Аз тиреза калла кашида манзараеро мебинад, ки кош ҳаргиз намедид. Мулло ҷои оби талхи табобатӣ ба занаш коняку доруи беҳушӣ додаву бо кайфийяти том болояш баромада «ҷин меронд». Тарбуз, дақиқтараш, ДОИРА аз кафи ин хурофотӣ меафтад, вале акнун дери дер шуда буд…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter