ХАБАРИ ДОҒ

Ҷалабию фасод аз чашмгуруснагист!

  • Чоршанбе, Авг 21 2019

Салом, СССР! Одамизодаро аз гурусначашмиӣ бояд наҷот дод. Чашм, ки сер шуд, одам ба ҷалабиву пораву фасод даст намезанад. Ҳама вақт нафрат дорам ба омӯзгоре, ки чашми тамаъ ба ҷайби хонанда дорад. Ана ҳамин васвасаи молу пул ва бекорӣ инсониятро ба сафи ДИИШ, Толибон, ҲНИТ, Гуруҳи 24… бурд. Воқеан, маорифи Шӯравӣ моро дар рӯҳияи чашмсерӣ тарбият мекард. Мо аз ҷомеаи умедворкунандаи сотсиализм ба ҷомеаи васвосии империализм афтодем, ки ин гузариш ба мо гарон афтод. Ҳоло ягон кас 1 мавқеъ-роҳи муайяну дуруст надорад ва мо намедонем, ба куҷо равонаем. Олами сармоя-капитализм моро фаро гирифтааст, аммо онро эътироф карданӣ нестем. Боварии инсонҳоро ба оянда баргардонидан ҳоло вазифаи идеология аст. Вақти он расида, ки одамонро ба дунёи реалӣ баргардонем.

Холмурод Сафарзода

узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

 

1 Паём

  • Шарҳр додан исмат Чоршанбе, 21 Август 2019 13:43 Паём аз исмат

    Бародари гироми Холмурод Сафарзода ин матлабе ки ба мардуми Точикистон пешниход кардед офарин лек як чанд камбуди хаст ки инро мардуми Точикистон намехохад 1) Колечи Ш.Панчакент сардораш Ансори хамаро ба дод овардааст

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter