ХАБАРИ ДОҒ

Салом ба кулли хонандагону қаламкашони газетаи мардумии СССР! Дар шумораи гузаштаи СССР андешаи 1 апаи гиромии мо-муаллима Зебо Муродоваро дар бораи сифати пасти барномаҳои ТВҳои Тоҷикистон хондам. Воқеан, рост мегӯяд. Ҳамаи 7 телеканали мо (ба ҷуз, ТВ Варзиш ва Футбол) ҷумлагӣ якрангу фарҳангиву рақсиву сурудӣ мебошанд. Дар ин каналҳо ба ҷуз об, гул, рақсу бозӣ дигар чизеро намебинем. Ҳатто ягон бозии шавқоваре (ғайр аз «Интеллект-шоу» дар ТВ Сафина) ё барномаи таърихӣ нест. Набояд фаромӯш кард, ки ҳувияти миллӣ аз Радиову ТВ сар мешавад. Аламовараш ин аст, ки дар қаламрави ноҳияи мо ҳамаи 20 телеканали Ҷумҳурии Ӯзбекистон танҳо бо 1 сими алюмин дастрас асту ҳамагӣ барномаву намоишҳои ҷолибу диданӣ доранд ва яке аз дигаре комилан фарқкунанда. Барномаҳои хуби таърихӣ низ намоиш медиҳанд. Ба қарибӣ да бораи Абурайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино филми ҳуҷҷатӣ-таърихӣ нишон доданд ва аҷиб ин аст, ки ровии барнома мегӯяд: «Берунӣ ва Сино бобову аҷдоди мост!» Ана, биёбу бигир!!! Охир, наход дар ТВҳои мо чунин барномае омода карда нашавад? Журналистони касбӣ дорем, аммо ҳайронам, ки ба мо чӣ намерасад?

Ҳомид Расулов (Афғон),

н.Мастчоҳ, тел: 92 729 32 90

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter