ХАБАРИ ДОҒ

Дар газетаи СССР посухи Мирзовалӣ Ёровро бо номи «Кенҷаев Катанӣ набуд!»-ро хондам, ки гуфтааст: «Ӯ ғоратгар буд!» Дар бораи кушта шудани Рустами Абдураҳим низ ҳақиқатро бояд гуфт. Аз диди ин рафиқ маълум мешаад, ки аз воқеаҳои солҳои 19 бехабар аст, ё синну солаш ҷавон, зеро бе далел гап задааст. Ин ки Кенҷаев капитан Катании тоҷик аст, ин гапи ман нест, ин ҳарфҳоро мардуми шарифи Кӯлоб, ки дар майдони «Озодӣ» гирд омада буданд, болои шиору овезаҳои худ навишта, дар нутқу баромадҳояшон низ мегуфтанд. Кенҷаев он вақт ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ зидди қаллобон, муфтхӯрон, ришвахӯрон мубориза мебурд, бисёри онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекард. Аз ин сабаб дар «Озодӣ» ӯро «Капитан Катанӣ» мегуфтанд. Акнун дар бораи он, ки чаро Кенҷаев вазири корҳои дохилӣ-Мамадаёз Навҷувоновро аз вазифааш озод кард, аз бойгониҳо ёфта хонед. Дар бораи чӣ тавр қатл шудани Рустами Абдураҳим низ газетаи СССР борҳо навиштааст. Аз нарасидани озуқа ва дигар хӯроквориҳо мардуми н.Фархор тухми ҷорӯби хонарӯбиро орд карда хӯрда, ба бемориҳои меъда гирифтор шуда буданд. Мо-омӯзгорон ва мардуми н.Ҳисор маблағ ҷамъ карда, ба халқи ба беморӣ гирифторшудаи Фархор фиристода будем. Ин ёрии ҳисориҳоро мо то ҳол нагуфтаем. Ин ҳамту ёрии башардӯстона буд.

Хайрулло Олимов,

омӯзгор, н.Ҳисор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter